Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли сиюм
андар ташреҳи панҷаи пой

Панҷаи пой ҳамчун афзори устувор истодан офарида шудааст ва шаклаш дарозрӯя ба сӯи пеш гардонда шудааст, то ки аз роҳи такя кардан ба он рост истодан шавад.
Барои панҷаи пой аз дарун хамидагие офарида шудааст, [28] ки то майли он ҳангоми бархостан ва хусусан ҳангоми роҳ рафтан ба сӯе бошад, ки муқобили ҷиҳати пои бардошташуда бошад ва то бо такя кардан ба ҷиҳати кандашавӣ пои барои қадам задан бардошташуда рост карда шавад ва қивом муътадил бигардад. Инчунин [хамидагӣ] барои он аст, ки ба чизҳои ноҳамвор пой мондан аз ғайри озори сахт сурат гирад ва панҷаи пой чизи зинамонанд ва теғаҳои теппачаҳоро хубтар фаро гирифтан тавонад.
Панҷаи пой аз барои [якчанд] манфиат аз устухонҳои бисёре таълиф ёфтааст: [яке] аз ин манфиатҳо ин ҳангоми эҳтиёҷ хуб доштан ва фаро гирифтани он ҷойгоҳе аз замин аст, ки бар он пой биниҳанд. Ба ростӣ, панҷаи пой гоҳе ҷои зеркардаро чунон бидорад, ки панҷаи даст чизи гирифтаро бидорад. Агар чизи доранда бо бахшҳои худ омодаи бар ҳайъате даромадан бошад, ки боиси хуб нигоҳ доштан гардад, ин беҳтар аз он аст, ки аз як пора иборат буда, худро ба шаклҳои гуногун даровардан натавонад. [Дигар] аз манфиатҳои он ҳамон манфиатест, ки барои тамоми андомҳои устухонҳояшон бисёрбуда муштарак аст.
Устухонҳои панҷаи пой бисту шаш устухон аст: шитоланг, ки бо он пайвандгоҳи [қадам] бо соқ пурра бигардад; пошна, ки устувор истодан бештар ба он вобастааст; устухони заврақӣ, ки фурӯрафтагии панҷаи пой ба воситаи он аст; чаҳор устухони хурдаи пой, ки бо ёрии онҳо пайвастагӣ бо панҷа ҳосил бигардад ва яке аз онҳо устухони нардии шашпаҳлумонанд буда, андар бари берунӣ ҷойгир аст ва бо ёрии вай он бар ба замин хуб устувор бигардад; ва панҷ устухони пушти панҷаи пой.
Аммо бужулак (шитоланг) бошад, чунон аст, ки бужулаки инсонӣ (39) назар ба бужулакҳои дигар ҳайвонот бештар шашпаҳлу аст ва гӯё он шарифтарини устухонҳои андар ҳаракат судманди панҷаи пой аст, чунонки пошнаи пой шарифтарини устухонҳои андар истодан судманди пой бувад. Шитоланг андар миёни ду сари баромадаи ҳар ду най, ки онро аз ҳама ҷиҳат, яъне аз забар, пас ва ду бари берунӣ ва дарунӣ иҳота кардаанд, ҷойгир аст. Ду сари он андар пошна андар ду мағок чун фона бидароянд.
Шитоланг андар миёни соқ ва пошна воситаест, ки бо ёрии он ҳар ду хуб пайванданд, пайвандгоҳи миёни ҳар ду

устувор гардад ва [ҳангоми ҳаракат] аз изтироб эмин бошанд. Вай ба ҳақиқат андар миён ҷой дода шудааст, ҳарчанд ба иллати барҷастагӣ гумон биравад, ки он ба берун майл дорад.
Устухони заврақӣ аз пеш ба шитоланг ба таври бандкушоӣ баста шудааст. Ин устухони заврақӣ аз пушт ва аз пеш ба тавассути се устухони хурдаи пой (русғ) ба шитоланг бипайвандад ва аз бари берунӣ ба тавассути устухони нардие [бо он пайвастааст], ки агар бихоҳӣ, онро устухони алоҳида ҳисоб кун ва агар нахоҳӣ, устухони чаҳоруми хурдаи пой.
Пошнаи по андар зери шитоланг ҷойгир буда, сахт ва ба сӯи пушт гирдшавандааст, то ки ба зарбаву осебҳо муқовимат кардан битавонад ва зери он ҳамвораст, то ки ҳангоми бархостан пой хуб ҳамвор зер карда шавад ва бар қароргоҳ хуб мутобиқ гардад. Бузургияш ба андозае офарида шудааст, ки танро озодона бардоштан битавонад.
[Пошна] мисли секунҷаи дарозшаванда офарида шудааст, ки кам-кам борик шуда, ба наздики фурӯхамидагии рӯ ба берун буда тамом шуда, нест гардад, то ки мағокии фурӯхамидагӣ тадриҷан аз пушт ба тарафи миён бошад. Хурдаи пой аз хурдаи даст бо он фарқ кунад, ки вай аз як рада [устухон] иборат аст ва [хурдаи даст] бошад, аз ду рада ва устухонҳояш хеле каманд. Манфиати он ин аст, ки ҳоҷати кафи [даст] ба ҳаракат ва фарогирӣ бештар аз ҳоҷати панҷаи пой бувад, зеро аксари манфиати панҷаи пой устувор истодан аст. [Инчунин] барои он аст, ки фузунии ҷузъҳо ва пайвандгоҳҳо андар доштан ва фарогирии чизе, ки бар фарози он истода шавад, ба сабаби ковокию парешонии аз ҳад зиёд зиён дорад, чунончи, тамоман кушодаю ковок набудан ба сабаби аз миён бархостани кушодии муътадил зиёнвар бувад. Пайдост, ки ҳовӣ шудан бо фаро гирифтан бо ёрии он чизе, ки ҳар чи бештар шуморааш зиёд бошаду андозааш хурд, ҳамон андоза созгортар аст.
Пушти панҷаи пой аз панҷ устухон офарида шудааст, то ки ба ҳар яке аз онҳо як ангушт бипайвандад, чунки ангуштон панҷтоанд. Ин [устухонҳо] андар як рада чида шудаанд, зеро ҳоҷати онҳо ба устуворӣ беш аз ҳоҷат доштан ба қабзу фарогириест, ки аз ангуштони даст мурод бошад. Ҳар як ангушт ба ҷуз нарангушт аз се устухон иборат аст. Аммо нарангушт аз ду устухон ташкил ёфтааст.
Ин буд он чи ки ба андозаи кифоят андар баёни устухонҳо гуфтем. Ҳамаи ин устухонҳоро агар бишмарӣ, ба ғайр аз устухонҳои кунҷидӣ ва устухоне, ки ба ломи юнониён (λ) шабеҳ аст, дувисту ҳаштоду чаҳор устухон бувад. Гуфтор андар баёни устухонҳо ба поён расид.

Ҷумлаи дуввум
АНДАР БАЁНИ МУШАКҲО,
ки он бисту нуҳ фасл аст

Фасли якум
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни
мушакҳо, асабҳо, ватарҳо ва пайвандҳо

Азбаски ҳаракати иродии андомҳо бо ёрии нерӯе падид
ояд, ки ба миёнҷии асаб аз мағз ба [андомҳо] фоиз шавад ва
[азбаски] пайвастани асаб бо устухонҳо, ки асоси ҳаракати
андомҳои ҳаракаткунанда ба ҳақиқат онҳост, ба қасди якум
хуб намебарояд, зеро устухонҳо сахт буда, асабҳо латифанд,
бинобар ин, Офаридгор меҳрубонӣ карда, аз устухонҳо чизе

рӯёнид, ки шабеҳ ба асаб буда, «ақаб» ва «пайванд» (рибот)
ном дорад. Сипас онро бо асаб якҷоя карда, ба ҳам бибофт ва
онҳоро як чизи ягонае гардонид. Азбаски ҷирми аз асабу
пайванд фароҳамомада ба ҳар ҳол борик аст (чунки асаб бо
ҳаҷми хеле кам аз миқдори андар мабдаъ доштааш ба андомҳо омада расидааст), фузунии ҳаҷму ситабрии он ба андозае намерасад, ки қобили эътибор бошад, [азбаски] ҳаҷми
он андар назди баромадгоҳаш ба қадрест, ки ҷирми мағз, ҳароммағз, ҳаҷми сар ва баромадгоҳҳои асаб қобили таҳамму-
Пайдост, ки [шумораи] мушакҳои рӯй бар ҳасби шумораи андомҳои ҳаракаткунандаи рӯй аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ