Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои ҳаракаткунандаи рӯй пешонӣ, ду ғӯзаи чашм, [29] ду пилки болоӣ, ду рухсора ба мушорикати ҳар ду лаб, ҳар ду лаб ба алоҳидагӣ, ду бари сари бинӣ ва зерманаҳ буванд.
Пешонӣ бо мушаки тунуки паҳни пардагие ҳаракат кунад, ки андар зери пӯсти пешонӣ густариш ёфта, бо вай чунон сахт омехта аст, ки гӯӣ як бахше аз қивоми пӯст бошад ва пӯст аз вай ҷудо натавон кард. Ин [мушак] андоми бо ёрии худ ҷунбандаро бе ватар мулоқот кунад, чунки чизи аз он ба ҷунбиш оянда пӯсти паҳни сабук буда, ҷунбондани мисли он бо ёрии ватар хуб наояд. Бо ҳаракати ин мушак абрӯвон бардошта шаванд ва гоҳе бо суст шудан ва густариш ёфтани худ чашмро андар пӯшидан ёрӣ диҳад.

худи пилки барсӯвин ба амал омада, чашм пӯшидан ва хира нигаристан пурра бигарданд. Ғамхории Худой таоло ба ҳар чи камтар [офаридани] афзорҳо равона шудааст, ба шарте ки ба мақсад халале ворид нагардад, чунки андар афзудан зиёнҳое ҷой доранд, ки маъруфанд. Ҳарчанд мумкин буд, ки пилки барсӯвин орому фурӯсӯвин ҷунбанда бошанд, вале ғамхории Офаридгор рӯ бад-он аст, ки бар муътадилтарин тариқу боқивомтарин равиш феълҳо ба мабдаъҳои хеш наздик ва сабабҳо ба сӯи ғояташон равона бошанд. Пилки барсӯвин ба баромадгоҳи асабҳо наздик аст ва агар асаб ба сӯи он равад, ба печу хам хӯрдан ниёзманд нест. Азбаски пилки барсӯвин ба ду ҳаракат – бар шудан ҳангоми кушодани чашм ва фурӯ хобидан ҳангоми пӯшидани он ниёзманд аст ва азбаски пӯшидан муҳтоҷ ба мушаки ба зер кашанда аст, ночор бояд асаб ба тариқи ба поён хамидану ба боло баромадан бад-он ҷой омада бирасад. Бинобар ин агар [мушак] якто мебуд, ё ба як гӯшаи пилк пайваст мегашт ва ё ба миёнҷои он. Агар ба миёнаи пилк пайваст мешуд, ҳадақаро ҳангоми ба барсӯ шудан мепӯшонд. Агар ба гӯшаи пилк пайваст мешуд, фақат ба як гӯшаи он пайваст мегашт, ки дар ин ҳол (41) фурӯ хобидани пилк ба таври муътадил баробар намеомад, балки вуреб шуда, бастани чашм андар гӯшае, ки бо ватар мулоқот дорад, сахт шуда, андар гӯшаи дигар суст мешуд ва пӯшидан баробар намеомад, балки мисли пӯшиши пилкҳои беморони ба лақва гирифтор гуногуншакл мешуд. Бинобар ин, [Худой таоло] на як мушак, балки ду мушаке офарид, ки онҳо аз ду гӯша баромада, пилкро ба таври яксон фурӯ хобонанд. Аммо барои кушодани пилк як мушаке, ки аз миёнаи пилк меояд, кифоят аст. Як тарафи ватари он бар доманаи пилк густурда шудааст ва чун кашида шавад, пилк кушода бигардад.
Бинобар он, якто офарида шуд. Ва он аз миёни ду парда рост фурояд ва густариш ёфта, ба ҷирме пайваст бигардад, ки шабеҳи куркурак буда, андар зери баромадгоҳи мижаҳо паҳн шудааст.

Фасли севвум
андар ташреҳи мушакҳои ғӯзаи чашм

Фасли панҷум
андар ташреҳи мушакҳои рухсора

ли он бошанд, [азбаски] ба ҳаракат овардани андомҳо бар асаб ба сурате вогузошта мешуд, ки он бар ҳаҷми мумкинбудаи худ бошад, хусусан ҳангоме ки андар андомҳо паҳн, тақсим ва ба шохаҳо ҷудо шуда, як ҳиссаи он барои як андом (40) аз асл дида хеле борик бигардад ва [азбаски] вақте ки аз мабдаъ ва баромадгоҳи худ дур бигардад, андар он фасод зоҳир аст, бинобар он, Офаридгор бо ҳикмати Хеш чора андешида, ҷирми аз асабу пайванд иборатро ғоз-ғоз карда, ковокиҳои онро гӯшт оганда намуд, онро бо парда пӯшонид ва андар миёни он аз гавҳари асаб амудеро чун меҳвар устувор сохта, ба асаб ситабрӣ бахшид. Маҷмӯи ин андомеро ташкил диҳад, ки аз асаб, пай ва торҳои ҳар ду, гӯшти андар миёни онҳо оганда ва пардаи печидашуда иборат аст. Ин андом мушак бувад. Ин андомест, ки агар дар худ кашида шавад, ватари аз пайванд ва асабҳо иборат ва аз худ ба бари андом гузарандаро бикашад ва саранҷом андом битурунҷад ва кашида гардад. Агар [мушак] кушода шавад, ватар суст гардад ва андом аз ҳам дур шавад.
Фасли дуввум андар ташреҳи мушакҳои пешонӣ

Мушакҳои ҷунбонандаи ғӯзаи чашм шаштоанд. Чаҳортои онҳо аз чаҳор сӯ – боло, поин ва ду гӯшаи чашм. Ҳар яке аз ин мушакҳо ба сӯи худ ҳаракат диҳанд. Ду мушаки [дигар] ба вуреб ҷойгир буда, ҳаракати даврӣ диҳанд. Андар паси ғӯзаи чашм як мушак буда, асаби дарунтиҳиеро, ки ҳоли онро баъд ёд хоҳем кард, ёрӣ диҳад, то вай ба [ғӯзаи чашм] ва чизҳои бо он буда сахт пайваст бошад. [Низ] онро сахт нигоҳ дорад ва аз сустшавие боз дорад, ки боиси берун баромадани ғӯзаи чашм бигардад ва чашмро ҳангоми ба чизе чашм дӯхтан рост нигоҳ дорад. Пардаҳои пайвандии ин мушакро чунон ба шохаҳо тақсимшавист, ки андар амри он шубҳа ворид шудааст. Вай, ба ақидаи бархе аз худовандони ташреҳ як, ба фикри бархе ду ва назди бархеи дигар се мушак бувад. Ҳар гунае набошад, сарбанди онҳо як аст.
Фасли чаҳорум андар ташреҳи мушакҳои пилки чашм

Аммо андар баёни пилк бошад, чунин аст, ки пилки фурӯсӯвинро ба ҳаракат ниёз нест, зеро ғараз бо ҳаракати як

Рухсораро ду ҳаракат хос аст: якеи он вобаста ба ҳаракати зерманаҳ аст ва дуввумӣ ба анбозии лаб ба анҷом бирасад. Сабаби он ҳаракате, ки тобеъ ба андоми дигар аст, мушакҳои он андом бувад ва сабаби ҳаракате, ки ба анбозии андоми дигар аст, як мушакест, ки барои ҳам ин ва ҳам он андом муштарак бошад. Ин мушак ҳар як рухсораро яктоӣ ва паҳн аст ва бо ҳамин ном маъруф аст. Ҳар як аз ин ду аз чаҳор бахш таркиб ёфтааст, чунки лифе, ки бад-он омада бирасад, аз чаҳор маҳал ояд. Саргаҳи якеи онҳо аз охурак буда, охирҳои он ба фурӯсӯи ду гӯшаи лабҳо бипайванданд ва даҳонро ба вуреб ба фурӯсӯ бикашанд. Саргаҳи дуввуми онҳо аз ду бар аз сари сина ва охурак буда, лифҳои вай ба вуребанд ва лифи аз тарафи рост баромада лифи аз тарафи чап барояндаро бурида гузарад. [Лифи] аз тарафи рост бароянда ба гӯшаи чапи лаби фурӯсӯвин васл гардад ва лифи аз тарафи чап бароянда бар хилофи он бипайвандад. Агар ин лиф кашида шавад, чун банди харита даҳонро танг намуда, онро ба пеш барорад. Саргаҳи севвуми онҳо ба наздики ахрами шона буда, бар забари пайвастгоҳи ин мушак пайваст бигардад ва лабро ба таври яксон ба ду гӯша моил кунонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ