Қонуни тиб

Фасли бисту чаҳорум
андар баёни манфиати нохунҳо
Нохунҳо барои чаҳор манфиат офарида шудаанд: [якум] барои он ки такягоҳи сарангуштон бошанд ва ҳангоми сахт фишор додани чизе беқувватӣ накунанд; дуввум барои он ки бо ёрии онҳо ангуштон чизҳои хурдро баргирифтан битавонанд; севвум барои он ки бо ёрии онҳо бофтану кушодан мумкин бигардад; ва чаҳорум барои он ки андар баъзе ҳолатҳо ҳамчун силоҳ хидмат кунанд. Сеи аввала ба навъи инсон ва чаҳорум ба [анвои] дигари ҳайвонот сазовор аст.
Сари нохунҳо ба иллате ҳалқашакл офарида шудааст, ки онро медонӣ ва аз устухонҳои нарме офарида шудаанд, то ки агар андар зери чизе андар монанд, осуда бошанд ва нашикананд. Онҳо ҳамеша сабзанда офарида шудаанд, зеро андар маърази суда шудану рехтан қарор гирифтаанд.
Фасли бисту панҷум андар ташреҳи устухони зиҳор
Ба наздики устухони миёни сурин аз росту чап ду устухонеанд, ки андар миёнҷо бо пайвандгоҳи устуворе бо ҳам пайваста буванд. Ин ду андар нисбати тамоми устухонҳои барсӯвин ҳамчун пойгоҳ буда, бардорандаву барандаи устухонҳои фурӯсӯвин мебошанд. Ҳар кадом аз ин ду бар чаҳор бахш шудааст. Бахше, ки аз бари берун аст, «ҳарқафа» ва «устухони хосира» ном дорад; бахше, ки аз пеш аст, «устухони зиҳор» ном дорад; бахше, ки аз пас аст, «устухони сурин» ном дорад; ва бахшеро, ки аз зер аст, «ҳуққаи рон» гӯянд, зеро андар он мағокиест, ки сари кӯзранги рон андар вай бидарояд.
Бар забари ин устухон андомҳои шариф, аз қабили обгаҳ, заҳдон, мӯриҳои мании мардон, мақъад ва рӯдаи рост ҷойгиранд.
Фасли бисту шашум гуфтори мухтасар андар манфиати пой
Хулосаи калом, пой дорои ду манфиат аст: якум субот ва истодан, ки он ба панҷаи пой вобастааст; дуввум рост рафтан, боло баромадан ва фуруд омадан, ки ба рон ва соқ вобастагӣ доранд.
Агар панҷаи пойро осебе бирасад, истодану субот ва роҳгардӣ душвор бигарданд, вале [роҳгардӣ] ба миқдори даркорӣ ба фазилати суботи яке аз пойҳо [мумкин аст]. Агар мушакҳои рону соқро офате расад, истодан осон буда, роҳ гаштан душвор бигардад.
Фасли бисту ҳафтум андар ташреҳи устухони рон
Нахустин устухони пой рон аст ва он бузургтарин устухони тан бувад, зеро он чизҳои бар фарози хеш бударо бардорад ва чизҳои аз худ поинро аз ҷое ба ҷое бибарад. Сари
барсӯвини он гунбадшакл аст, то ки андар ҳуққаи сурин бидарояд. Рон ба сӯи берун ва пеш кӯзӣ дошта, ба сӯи дарун
ва ақиб хамидааст. Бинобар ин агар он рост ва баробар ба
ҳуққа гузошта шавад, навъе аз ҳаракати каҷ ба амал ояд, ки
мардумони андар сиришт чунин бударо ориз бигардад,
муҳофизати мушакҳои бузург ва асабҳову рагҳо хуб нашавад, аз маҷмӯъ чизи мустақиме барнаояд ва ҳайъати нишаст
хуб нагардад. Баъд, агар дубора ба ҷиҳати дохил баргардонда нашавад, он гоҳ навъи дигаре аз каҷроҳравӣ пайдо хоҳад шуд, истоданро воситае нахоҳад буд, ки то майл аз он сӯ ва [ё] бад-он сӯ бошад ва бинобар он эътидол ба амал нахоҳад омад. Андар сари фурӯсӯвини он ду фузуниеанд, ки аз барои пайвандгоҳи зонуҳо буванд. Мо нахуст андар хусуси соқ гуфтугӯ кунем, сипас андар хусуси пайвандгоҳ.
Фасли бисту ҳаштум андар ташреҳи устухонҳои соқ
(38) Соқ мисли соид аз ду устухон иборат аст: якеи онҳо бузургтару дарозтар ва устухони дарунист ва «наи бузург» ном дорад; дуввумӣ хурдтару кӯтоҳтар буда, ба рон нарасад, балки кӯтоҳӣ кунад, вале аз сӯи сари поин ба ҷое бирасад, ки наи бузург бад-он ҷой бирасад. Ин [устухон] «наи хурд» ном дорад.
Соқ низ ба сӯи берун кӯзӣ дорад, баъд ба назди сари фурӯсӯвин кӯзии дигаре ба сӯи андарун аст, то ки бо ёрии он рост истодан беҳ ва муътадил бошад.
Наи бузург, ки ба ҳақиқат соқ ӯст, хурдтар аз рон офарида шудааст, зеро чун онро эҷобкунандаи афзоиши бузургӣ, ки он субот ва бардоштани ҳар чизи аз болояш буда мебошад ва эҷобкунандаи афзоиши хурдӣ, ки он сабукии барои ҳаракат аст, ба ҳам гирд омадаанд, эҷобкунандаи дуввумӣ ба ғарази андар соқ қасдшуда аз ҳама мувофиқтар омада, он хурдтар офарида шуд ва эҷобкунандаи якум ба ғарази андар рон қасдшуда бештар мувофиқ буда, бинобар он, рон бузургтар офарида шуд. Ба соқ миқдори муътадиле бахшида шудааст, ки агар бузургии он бештар гардад, чунон ба душворӣ ҳаракат кардан онро ориз бигардад, ки каси ба бемории фил ва даволӣ гирифторро чунин бошад. Агар [аз ин миқдор] коста гардад, аз нотавонӣ, гаронҳаракатӣ ва чизҳои болоиро бардошта натавонистан чизе ориз бигардад, ки касони андар офариниш бориксоқро рӯй диҳад. Бо вуҷуди ҳамаи ин вай бо наи хурд таҳкиму тақвият дода шудааст. Наи хурдро аз қабили пӯшонидани асабҳову рагҳои андар миёни ҳар ду буда ва барои таҳкиму тақвияти пайвандгоҳи хаму ростшавӣ шуда андар пайвандгоҳи қадам бо наи бузург ширкат кардан, манфиатҳои дигаре ҳастанд.
Фасли бисту нуҳум андар ташреҳи пайвандгоҳи зону
Пайвандгоҳи зону бо ҷой гирифтани ду фузунии андар сари рон буда андар ду мағокии устухони соқ падид ояд.
Онҳо бо як пайванди печида, як пайванди андарун кашанда ва бо ду пайванди қавии аз ду бар буда устувор баста шудаанд. Низ андар пешгоҳи зону кулча, яъне чашмаи зону, ҷойгир шудааст. Вай устухони моил ба гирдшаклист ва манфиаташ ин аст, ки бо ҳар гуна кандашавӣ ва баромадане муқовимат кунад, ки ҳангоми ба зону задан ва сари зону нишастан мумкин аст рӯй диҳад ва пайвандгоҳеро, ки ба иллати ҳаракати тан мавриди ҳамл ва санҷиши вазнинии он қарор гирифтааст, ёрӣ расонад. Ҷои кулчаи зону аз пеш аст, зеро ҳар гардиши сахте, ки ба он бирасад, ба сӯи пеш аст, чунки он ба сӯи пушт сахт хам нашавад.
Аммо ба ду тараф хам шудан бошад, ночиз аст, балки аксарияти хамшавияш ба сӯи пеш буда, аз ин ҷост, ки ҳангоми бархостан, ба зону задан ва ҳар чизи бад-инҳо монанд ба сахтӣ гирифтор ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё