Қонуни тиб

Аз истеъмоли доруҳои ниҳоят сарде, ки аз мисли хашхош, афюн ва дигар чизҳо сохта шудаанд, ҷуз ба ҳангоми эҳтиёҷи шадид ва дарди сахт бипарҳез. Бобуна гоҳе қувваи доруҳои карахткунандаи андар таркиби пухтаковҳо бударо бишиканад. Қай овардан аз қабили чизҳоест, ки андар муолаҷаи бемориҳои сар суде надоранд, магар ҳангоме ки ин [бемориҳо] ба анбозии моддаи андар меъдабуда падид омада бошанд ва беҳтарин роҳи бартараф кардани он қай бувад.
Ҷолинус гуфтааст, ки ҳолати сардард ҳангоми ба амал омадани ниёзмандии сахт ба доруҳои карахткунанда на чун ҳолати қулинҷ бувад, зеро дарди қулинҷ ба андозаи ҳалок кардан бирасад, вале сардард андар аксари ҳол чунин нест. Агар моддаҳо сахт тез бошанд, оби меваҳои ёдшударо истеъмол кун, сипас доруҳои пазонандаеро ба кор бар, ки аз барои моддаҳои тез ёд шудаанд ва баъд чизҳои дорои камтарин ҳалкунандагӣ, масалан, обҳоеро, ки андар онҳо кашк ва бехи мӯрд ҷӯшонидаанд ва аз равғанҳо равғани тозаи бобунаро ба танҳоӣ ва ё омехта бо равғани гул ба ҳасби сахтии беморӣ, қивоми модда ва наздик будани [беморӣ] ба марҳалаи ахир ба кор бибар. Баъд аз он инчунин обҳоеро, ки андар онҳо бехи карафсу розиёна ва тухми ҳар ду, сабӯс, шанбалит, хитмӣ, шоҳафсар ва кофурбӯйи сафед ва аз равғанҳо равғани шибит ва монанди инҳоро истеъмол кун, то ки [омос] ба марҳалаи поён расида ҳал шавад. Инчунин зимодҳои ин [доруҳои ёдшударо] ба кор бибар.
Истифроғҳои лозимаро ба ҳасби модда пеш гир ва андар ғизои худованди омоси сафровӣ ба таври махсус ғизоҳои сабуки тар ворид соз. Ҳангоми омосҳои сард мисли дигар омосҳо муолаҷаро нахуст бо истифроғ оғоз кунанд ва аз миёни намудҳои шаробҳои бо номи «обҳои бехҳо» маъруф он намудҳоеро ба кор баранд, ки андар таркиби онҳо равғани беданҷир, равғани бодоми талх, фиқро ва монанди он ҷой доранд. Андар оғози омос аз доруҳои пасгардонанда танҳо бар равғани гул кифоят кунанд ва бо он доруҳои нармкунанда – мисли ҳошо, пудина ва хусусан гунди бедастар биомезанд. Сипас агар имконият бошад, пиёзи унсул ва сиркои онро ба шакли зимод ва ғарғара ба кор бибар. Гоҳе хусусан ба худовандони лисарғус ба андозаи аз се ду ҳиссаи як мисқол гунди бедастар бидиҳанд. Баъд аз доруҳои пазонандае, ки ёд кардем, онҳоеро ба кор бибар, ки ковоккунанда ва андаке ҳалсозандаанд. Баъд аз ҳамаи ин ва ҳангоми (23) ба анҷом расидани [омос] андар ҳамаи омосҳои чи сард ва чи гарм доруҳои ковоккунандаро ба кор бибаранд ва [хусусан] барои омосҳои сард доруҳои пурра ковоккунанда ва аз миёни обҳо, зимодҳо ва равғанҳо доруҳои ҳалкунандаи қавиро истеъмол кунанд. Бидон, ки ҳамаи онҳое, ки шикоят аз иллати моддии сар доранд, [ошомидани] хамр ва муддати дароз андар гармоба мондан барои эшон зиён дорад ва ҳамаи онҳое, ки пардаҳои мағзашон гирифтори беморист, оби сард эшонро сахт зиён дорад.
Бадмизоҷии танҳо гармро бо доруҳои сардиоварандае аз қабили тараҳо ва бо равғанҳои сарди сардибахшандае ҷун равғани гул, бед, нилуфар ва бунафша муолаҷа
кунанд. Беҳтарини ҳамаи инҳо равғани гул, равғани донаи каду, равғани каду, равғани тухми коҳу ва равғани донаи хашхош аст ва гоҳе ба ҳангоми шиддат ёфтани дард равғани бангро ба кор баранд. Аз миёни ин равғанҳо беҳтараш он аст, ки асли вайро равғани зайтуни аз зайтуни каме норасида ва намакнохӯрда кашидашуда ташкил диҳад ва барги чизи андар он афканда бештар ва тоза бошад.
Аммо тараҳои сард ва чизҳои ба равиши онҳобуда бошад, ҳамаи онҳоро худ ҳамедонӣ ва онҳо, масалан, аз ин қабиланд: коҳу, хурфа, пӯсти каду ва он чи ки бад-инҳо монад. Инчунин барги бед, барги нилуфар, рӯбоҳразак, садпайванд, ҳамешабаҳор, оби хиёру каду, писти ҷав бо сиркову оби гул, кофур, сандал, ақоқиё ва лахлаха бо равғани гулу сирко [аз ин қабиланд]. Вале муолаҷаро ҷуз барои зарурати сахте набояд то ба ҳадди истеъмоли чизҳое расонд, ки дорои хосияти рӯҳро карахту ях кунондан буванд. Гуфтаанд, ки сирко набояд сахт тез ва ё сахт масткунанда бошад, зеро ин гуна сирко зиён дорад. Дигар аз ҷумлаи [доруҳои сардиоваранда] луоби тухми аспғул бо сирко, оби кашниз ва барги он ба шумор биравад. Бояд ин зимодҳо ва андуданиҳоро аз бахши пасини мағз, ки саргаҳи асабҳост, дур дошт. Ин чизҳои [ёдшуда] ба мағз аз тариқи дарзе, ки андар тораки сар аст ва аз тариқи дарзи иклилӣ суд хоҳанд расонд. Аммо аз тариқи паси сар то ба андаруни мағз расидан наметавонанд ва сарбандҳои асабҳоро табаҳ хоҳанд кард.
Низ яке аз роҳҳои дигари муолаҷа ин аст, ки хушбӯиҳои сард бибӯянд, ҳамин гуна равғанҳову фишурдаҳоро андар бинӣ афкананд, аз наск, маҷҷ, яъне мош, кашк, исфонох, сармаҷ, тафшила ва монанди инҳо ғизо созанд ва тараҳову баргҳои ёдшударо бар маскани бемор паҳн кунанд, то ӯ андар хонаи сарди аз шохаҳои сардибахшанда фарш шуда [хобида] бошад. Андар ин кор оби шоҳисфарам ва шукуфаи ҳино фармудаанд. Ба гумонам дурусташ ин аст, ки ба наздикии [бемор] шоҳисфарами оби хунук пошида биниҳанд. Инчунин истеъмоли меваҳои сард, ях ва оби зиёд судманд аст. Агар ҳамроҳи гармӣ ва хушкӣ, балки рутубати бе модда дарёфта шавад, ки ин гуна ҳол ҳангоми бемориҳои мағз ниҳоят кам падид меояд, хусусан андар ибтидои омосҳои гарм, чунонки ёд кардем, аз обҳои меваҳое тило кун, ки дорои гирандагиянд. Ҳамаи ин гуна беморонро набояд гузошт, ки ҳаракатҳои нафсонии ботинӣ кунанд ва андар чизҳои тобанда бингаранд ва бояд назари худро аз дурахшҳову тобишҳо дур бидоранд. Ҳамчунин бояд гӯшҳои эшонро ором нигоҳ дошт.
Агар бадмизоҷӣ сард бошад, зимодҳо ва обҳоеро, ки аз доруҳои гарм ва равғанҳои ёдшуда гирифтаанд ва хусусан равғани судоби тафсонандаро ба кор бар ва агар ба тақвият додани бештар эҳтиёҷ афтад, бо он фурбиюн биомез. Равғани даҳмаст, марзангӯш ва монанди инҳоро низ [истеъмол кунанд]. Агар [мизоҷ], ба изофаи он савдовӣ ва савдо табиӣ ва ё балғамӣ бошад, онро баробари гармӣ афзудан тарӣ биафзой. Аммо агар савдо савдои сӯхта бошад, аз доруҳои хушкифизо ва ё тафсонанда дурӣ ҷӯй ва аз миёни ширҳо, равғанҳо, пухтаковҳо, зимодҳо ва ғизоҳо танҳо ба истеъмоли чизҳои тарифизоянда кифоят кун. Агар ҳамроҳи сардӣ хушкӣ ҷой дош та бошад, низ гармифизоиро бо тарифизоӣ якҷоя хоҳӣ кард ва агар ҳамроҳи сардӣ рутубат бошад, доруҳои истифроғоварандаи ёдшуда ва он доруҳоеро ба кор хоҳӣ бурд, ки баробари гармӣ хусусияти чидани рутубат доранд ва андар зимни ҷадвалҳо бароят ёд шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор