Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо лоҷувард ва санги арманиро аз барои савдо бидуни хавфу эҳтиёт [метавон ба кор бурд]. Бояд аз нотавонтари онҳо оғоз карда, тадриҷан ба нерӯмандтари онҳо гузашт ва ин корро то даме давом дод, ки аз ҳоли иллат қатъ шудани иллат маълум нагардад.
Доруҳои шикаморандаи тунуке, ки барои пок сохтани сар ба кор бибаранд, шабёрҳоест, ки аз онҳо ҳаббҳои бузург бисозанд, то ки миқдори андаке аз онҳо ба сабаби дер истодан таъсири кофӣ бахшад ва такроран ба кор бурдани онҳо ба иллати камии миқдор зиён наоварад.
Вале баъди [ошомидани онҳо] бихобанд, то ки ҷунбишу бедорӣ таъсири онҳоро суст накунад. Асос ва пояи онҳо сабр ва ёра буда, сипас барои тақвияти меъда бо онҳо мастако ҳамроҳ кунанд ва [инчунин] андар таркиби онҳо ҳалила бидарояд, то ки он бухори гарми50 ба иллати онҳо андар меъда падидомадаро аз сӯи сар бигардонад.
Агар хилтҳои заҳравиро берун кардан бихоҳанд, барои ин кор ба маҳмуда ва монанди он муроҷаат кунанд.
Гоҳе агар бемории мағз бо анбозии меъда бошад, маҳмударо якҷоя бо доруҳое истеъмол кунанд, ки аз сабр сохта шуда ва барои пок кардани худи мағз ва ё меъда ба кор бурда шаванд, зеро [маҳмуда андар ин ҳол] гармиоварии беандозаи ин [доруҳоро], ки ба сабаби дер истодани онҳо [андар меъда] ба амал ояд, бигардонад ва ба тавассути поксозӣ афзудани худ хилтангезии ин [доруҳоро], ки боиси нотамомии поксозӣ хоҳад шуд, боз дорад. Агар барои берун овардани хилтҳои балғамӣ ёварӣ бихоҳанд, дилаи ҳанзалро бо занҷабил, турбид ва устухудус ба кор баранд ва агар хилтҳои савдовиро берун овардан бихоҳанд, андаке харбақ, афитимун, баспоя ва монанди инҳоро ба кор баранд. Инҳо иборат аз ҳаббҳои бисёреанд, ки ба гунаҳои мухталиф андар Қарободин метавон ёфт ва суду ихтиёри онҳоро аз он ҷой хоҳӣ донист.
Яке аз василаҳои хосси пок кардани сар доруҳои ғарғарашаванда аст ва андар ҳамаи онҳо обкома ба кор баранд. Агар хилтҳо заҳравии холис бошанд, барои пок сохтани онҳо ғарғара ба кор нахоҳанд бурд, зеро бими он аст [хилтҳо] ба ҳоле ба сӯи сина фуруд оянд, ки аз доруҳои поккунандаи тез тезии бештар касб карда бошанд. Доруҳое, ки ба оҳистагӣ, латифӣ ва муътадилии мизоҷи худ сафроро нарм ҳамесозанд, ҳангоми ғарғара кардан таъсири чандон зиёде нахоҳанд овард. Агар чизе аз миёни онҳо судманд бошад, пас, ин сикангубини тухмӣ бо оби танҳо коснӣ гирифташуда, сикангубини унсулӣ, сикангубини бо маҳмуда сохташуда, оби печак, оби олу, шароби бунафша, тамри ҳиндӣ бо андаке аз маҳмуда ва дигар чизҳоест, ки аз ҳамин қабиланд.
Агар хилтҳо заҳравии ситабр бошанд, бо обкомаву сабр, ё бо ёра, ё сикангубини тухмӣ ва сикангубини унсулии бо ёра буда ғарғара кунанд. Туро боистӣ, ки инҳоро бо маҳмуда ва андаке турбид тақвият диҳӣ, вале чизе бар ин наафзо. Аммо агар хилтҳои ситабр балғамӣ буванд, дилаи ҳанзал, занҷабил, устухудус, турбид, ёраи Аркоғонис ва Бавастусро бар инҳо биафзой. Гоҳе чунин зарурат биафтад, ки ҳамроҳи инҳо хардал, оқирқарҳо ва мурч бо мастако ба кор бибарӣ, ки бад-ин восита таъсири доруро

қавӣ хоҳӣ кард ва [ин зарурат] вақте пеш ояд, ки қувваи хилтҳо қавист. Ҳамчунин, гоҳе оқирқарҳо, мурч, занҷабил, ваҷ ва ҳатто мавизак ва монанди инҳоро бихоянд ва гоҳе бо онҳо доруҳои нармкунандае аз қабили зуфо, дорчинӣ, салиха, саътар, пӯсти бехи кабар, пудина ва монанди онҳоро биомезанд.
Аммо доруҳои атсаоваранда чунинанд: Аз барои хилтҳои заҳравӣ, масалан, бухори сиркоеро ба кор баранд, ки андар он андаке маҳмуда гудохта бошанд ва фуққоъи туруши тез бибӯянд. Аз барои [хилтҳои] балғамӣ кундуша, мурч, пиёз, сир, сипандон, хардал, тухмиҳои тез ва монанди инҳоро [ба кор бибаранд]. Аз ин доруҳо гоҳе зимодҳо ва гоҳе андуданиҳо сохта, бар гижгоҳиҳо биниҳанд.
Ҳоли доруҳои андар бинӣ афканданӣ чунин аст: Мурод аз истеъмоли баъзеи онҳо сардию тарӣ овардан, аз баъзеяшон ҳалсозӣ ва аз баъзеи дигар тақвият бувад. Ҳар гоҳ доруҳои андар бинӣ афкандашавандаи ҳалкунандаю тақвиятдиҳандаро ба кор бибарӣ, батадриҷ ба кор бибар: бори нахуст онҳоро бо равғани гул, ё шир ва ё монанди он, бори дуввум бо фишурдаи чугундар ва монанди он ва бори севвум бо оби марзангӯш ва монанди он истеъмол бикун.
Агар саргаҳи [12] модда ва бухорҳо аз меъда бувад, ба гавҳари хилти андар меъда падидомада (22) нек бингар, онро бо ёрии он чи ки аз боби бемориҳои меъда хоҳӣ донист, бишинос ва сипас истифроғаш кун. Аммо агар моддаи андар сар буда бухорҳо ва бодҳои бандгардида буванд, боистӣ онҳо бо обе ҳал карда шаванд, ки андар он дермана, афитимун, ҳошо ва дигар доруҳои ба ҷои худ ёдшударо ҷӯшонида бошанд. Инчунин бояд андар гӯш равғани ёсамин, даҳмаст ва марзангӯш бичаконд. Агар бихоҳӣ, ки ҷирми мағзро қавӣ созӣ ва хилтҳои заҳравии меъдаю дигар андомҳои бад-он пайвастаро аз баромадан ба сӯи мағз боз дорӣ, бояд ба [чунин бемор] хусусан баъд аз таом меваҳои туруш ва алалхусус анори туруш, себ, амруд ва ғӯра бидиҳӣ.
Аммо суддаҳоро ҳамеша бо пухтаковҳои кушоянда муолаҷа хоҳӣ кард. Ин доруҳоро мисли ҳар як пухтакове, ки барои ҳар як ғараз ба кор бурда мешавад, бояд аз маҳалли баланд рехт, то ки таъсири дору ҳар чи амиқтар биравад ва сарро рост бидоранд, то ки дору бар тораки сар, болотар аз бахши пасини он ва бар устухони сахт бирезад. [Суддаҳоро] инчунин бо доруҳои хоиданӣ, ҳаббҳои шабёр ва равғанҳои ҳалкунанда муолаҷа кунанд.
Агар сабаби дард бодҳои меъда бошад, нахуст ҷӯшонидаи онро пок кунанд ва сипас равғани бодоми ширин ва талхро бо оби бехҳо, ҳулба, қардамоно ва монанди инҳо ва равғани беданҷирро бо оби таркардаи сабр бидиҳанд.
Аммо муолаҷаи омосҳои гармро бояд нахуст бо доруҳои сардиоварандаи ёдшудаи гардонандаи [омос] ва омехта бо сирко ва оби гул оғоз кунӣ, вале агар дарди сахт ҷой дошта бошад, аз истеъмоли сирко бипарҳез. Ба қадри даркорӣ, на беш аз андоза, бар пешонию сар молидани равғани гул, ки онро сард карда ва бо сирко андаке омехта бошанд, судманд аст. Оби рӯбоҳразак, мехак, заъфарон, сандал, шиёфи момисо, гили арманӣ, наски муқашшар ва монанди инҳо [низ суд доранд]. Обҳое, ки андар онҳо чизҳои гирандаи сард ҷӯшонида бошанд, [низ чунин аст] ва аз доруҳои гарми гирандаи қавӣ он чизе хуб аст, ки мисли шӯргаз андар мизоҷи хеш бо сардӣ таркиб ёфта бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ