Қонуни тиб

Дар ин сурат нахуст боистӣ мо миқдоре аз онҳоро истифроғ кунем ва сипас ба пазонидани боқимондаи он бипардозем. Ба ҳангоми пазонидани хилтҳои хоми норасида беҳтар он аст, ки бо доруҳои ба қадри муътадил гармиоваранда муолаҷа ва зимод кунанд ва [тадбири] ором нигоҳ доштани [бемор] ва бастани сар ба кор бибаранд, то ки пазиш ба тадриҷ ба амал ояд. Агар [моддаҳо] миқдоран кам ва ё сифатан заиф бошанд, аз миёни доруҳои начандон гармкунанда бар доруҳои латифи андар дараҷаи якум буда кифоят кунем, вале агар [моддаҳо миқдорану сифатан] миёна бошанд, бар [доруҳои дараҷаи] миёна иктифо хоҳем кард.
Агар модда савдовӣ ва хусусан савдо ғайри табиӣ, балки натиҷаи сӯзиш бошад, танҳо бо ин доруҳо кифоят нахоҳем кард, то ки хушкӣ афзоиш наёбад, балки барои пазонидани моддаи савдовӣ ночор ба нармсозию тарифизоӣ эҳтиёҷ бувад. Сипас, баъди он доруҳои пазонандаи ба таври латиф ҳалкунандаи андар дараҷаи дуввум ва севвум бударо ба кор бибаранд. Беҳтар он аст, ки доруҳои нармкунандаю тариоварандаро бо доруҳои гарми буррандаву ҳалкунанда якҷоя ба кор бурд.
Аммо моддаи гармро бо чизе бипазонанд, ки қивоми онро ҷамъ дорад ва ба изофаи он кушоянда ва буранда бошад. Ин гуна васила доруҳои сардиоварандаи тарифизояндаеанд, ки мисли оби ҷав ва шири навдӯшидаи буз хосияти зудудану шӯяндагӣ доранд. (20) Ҳар киро нотавонии қувват якҷоя бо сардард ҷой дошта бошад, бояд аз шир ва аз он доруҳои пазонандае, ки бад-ин шартанд, парҳез кунад [11] ва обҳоеро истеъмол кунад, ки андар онҳо барги бед, бунафша, нилуфар, садпайванд ва ҳамаи тараҳои сарди андар ҷадвалҳои доруҳои сода ёдшуда ҷӯшонида шудаанд. Онҳоро андаке бо сирко биомезанд, то ки [сирко] онҳоро дарунтар бибарад ва таъсири онҳоро бигузаронад. Агар андар онҳо андаке ситабрӣ бошад, бобуна ва хитмӣ биафзоянд. Агар худованди иллатро бехобӣ бошад ва агар бихоҳанд, ки бехобиро бибаранд, андар ин доруҳо пӯсти хашхош биафкананд.
Ман бигӯям: Сирко барои ҳамаи моддаҳо муштарак аст, зеро сардиоварандагии ӯ мумкин аст бо камтарин чиз шикаста шаваду доруҳоро ба андарун бурдан ва бурандагии он боқӣ бимонад. Ин ҳангомест, ки агар барои моддаҳои сард ба кор бурда шавад, аммо барои пазонидани моддаҳои гарм онро ҳеҷ афзалияте нест. Ҳамаи равғанҳои гарми андар Қарободин ёдшуда, ки аз райҳонҳо, шукуфаҳо ва растаниҳо бигиранд, зимни пазонидани моддаи сард бидароянд. Агар моддаҳо сахт сард, ё миқдоран зиёд ва ё ба душворӣ ҳалшаванда бошанд, он гоҳ равғанҳои бо ёрии самғҳои гарм сохташуда, дегафзорҳои қавӣ, равғани бон, занбақ, наргис, савсан, арғавон,46 даҳмаст, марзангӯш ва нордин ва ё равғани зайтуне, ки андар он судоби тар, ё пудинаи тар, [ё шибити тар]47 ва ё бобунаи тар ҷӯшонида бошанд ва ё чизҳои бад-инҳо монанде, ки андар Қарободин ёд хоҳем кард ва [инчунин] нафтро ба кор бибаранд. Аммо равғани баласон ба сабаби латиф будани худ зуд ба таҳлил рафта, андар зимни андуданиҳо ва чарбҳо [ба кор бурдани] он чандон суде намебахшад, ки муносиби қувваи он бошад.
Мо ба муқобили модда истифроғ, ё ба сӯи мухолиф кашидан ва ё ҳар ду тадбирро якҷоя ба кор бибарем. Ба сӯи мухолиф кашидан кашидани [модда] ба сӯи дасту пой аст. Бо намак ва ба ҳасби мизоҷ бо равғани бунафша ва ё равғани бобуна молиш додани онҳо барои ин кор ёрӣ бирасонад. Яке аз чизҳое, ки барои ҳолатҳои мо ёдмекарда ба кор бибаранд, варзишест, ки ба ҳангоми он сарро нигоҳ доранд, то ҳамроҳи тан наҷунбад ва танҳо бахшҳои фурӯсӯи онро биҷунбонанд. Ин чунин варзишест, ки одам аз банд ва ё аз сари деворе овезон шуда, бо бахши барсӯвини тан худро нигоҳ бидорад ва пойҳояшро то монда шудан беист биҷунбонад. Ин корро баъд аз истифроғ кунанд. Молиш додани дасту пой ва аз барсӯ то фурӯсӯ онҳоро сахт бастан, хусусан пеш аз ғизо хӯрдан низ аз ҳамин қабил [тадбирҳост]. Гоҳе аз тариқи варзиши сабуке чун молиш додану фишурдан ва ҳатто шона кардан сарро ба танҳоӣ пок кунад. Ба кор бурдани ғановаҳо яке аз роҳҳои хосси поккунӣ ба шумор биравад, чунончи андар марҳалаи вопасини лисарғус48 чунин кунанд.
Василае, ки ҳар ду49 тадбирро дарбар бигирад, хуқнаҳо, доруҳои ба зер баргирифтанӣ, доруҳои пешобу хуни ҳайз тозонанда ва доруҳои арақкушоянда аст, ки ба ҳасби модда ва қувват ба кор бибаранд ва ҳамаи инҳо андар Қарободин як-як ёд шудаанд. Аммо доруҳои шикаморандае, ки сарро бо якҷоягии тан истифроғ кунанд, ҳабби ёра, ҳабби қуқиё ва ҳабби устухудус буванд. Инҳо беш аз ҳама барои хилтҳои сӯхтае мувофиқанд, ки талха бар онҳо ғолиб буда, изофа ба ин ситабранд ва гузашта аз ин гӯӣ бо [моддаҳои] сафровию балғамӣ анбозӣ доранд.
Қавитар аз ҳамаи ин оби сабри таркардаест, ки бо оби коснӣ бигиранд ва хусусан он навъе беҳтар аст, ки қавитар аз ҳама буда, андар Қарободин навишта шудааст; ё оби ёраи таркарда бувад; ва ё бо сикангубин ва тухми исфонохи румӣ қай овардан бувад. Аммо ҷӯшонидаи ҳалила, олу, шоҳтара, шароби меваҳо, шароби бунафша, ҷӯшонидаи хиёршанбар ва чизҳои бад-инҳо монанд, ки ба ҳасби ҳолати тан, бе таб ва ё табнок будани он ва ё ба ҳасби син, қувват ва амсоли он бо маҳмуда қавӣ гардонида ва ё ғайри қавӣ гардонидаанд, ҳама аз барои хилтҳои сафровии тунук мувофиқанд. Ёраи Аркоғонис, ёраи Руфус, ёраи луғозиё, ёраи Ҷолинус ва ҳаббе, ки аз санги лоҷувард ва харбақ омода созанд, чунонки баъд ёд хоҳем кард, барои хилтҳои ситабр ва савдовӣ созгоранд.
Низ ҳар чи ки андар он устухудус биафтад, чунин бувад.
Аз барои ин ғараз аз тариқи ошомидани сикангубин, тухми турб ва дилаи ҳанзал қай овардан, ҳамаи доруҳои беруноварандаи хилтҳои ситабру часпаке, ки мо онҳоро баршумурда, ёд кардем ва дигар доруҳои мураккаби андар Қарободин ба тафсил ёдшуда корояманд. Вале [доруҳои мураккаб] бар чанд табақаанд: (21) якум доруҳое, ки аз ёра, турбид, афитимун, ғориқун, гунди бедастар ва монанди инҳо сохта шаванд; баъд ҳаббҳои бузург, сипас ёраҳо, баъд аз он ҳар ду навъи харбақ оянд, ки сиёҳи он барои савдо ва сафеди он барои балғам буда, боистӣ ба оҳистагӣ ва эҳтиёт ба кор бурда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор