Қонуни тиб

Агар модда танҳо хун бошад, [як] раг задани пурра кифоят аст ва агар дигар хилтҳо [низ] бошанд, он гоҳ бингарем, ки агар [беморӣ] ба анбозии тамоми тан аст, нахуст ҳамаи танро истифроғ кунем, сипас танҳо сарро раг бизанем ва он истифроғҳоеро ба кор бибарем, ки хосси ӯст. Агар андар тан хилте бошад, мо, албатта, бад-ин кор танҳо баъд аз истифроғи тамоми тан ва ҳангоме иқдом кунем, ки бидонем модда андар он пухтааст ва инро аз тариқи начандон тунук ва начандон ситабр дарёфтани чизи аз [сар] беруноянда хоҳем донист.
Агар беморӣ ба марҳалаи ниҳоӣ расида бошад ва бо ёрии доруҳои чарбӣ, пухтаковҳо ва зимодҳои пазонанда пеш аз вақт пазишро ба амал оварда бошем, сарро хусусан аз тариқи ғарғара кардан истифроғ хоҳем кард, вале ба шарте ки агар бими будани газанде андар шуш набошад, назлаҳои аз тариқи ғарғара кардан фурудоянда аз ҷинси хилти тези газанда набошанд ва имконияти аз фуруд омадани чизи баде ба сӯи шуш эҳтиёт кардан дошта бошад ва ё ҳоли сари ӯ беш аз ҳоли шушаш эҳтиёҷ ба ғамхорӣ дошта бошад. Мо низ доруҳои бӯидании кушояндаю атсаовар, доруҳои ба бинӣ кашанда ва пухтаковҳоро ба кор барем, то ки онҳо моддаҳоро аз сар бикашанд.
Гоҳе сарро баъд аз тарошидан бо доруҳое зимод кунем, ки берун омадани хилти андар он бударо осон созанд, ба шарте ки аз он зимодҳо бими табоҳ гардидани мизоҷро надошта бошем ва бовар дошта бошем, ки модда пухта ва истифроғаш осон аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин ҳангоми истифроғи хилтҳои сард бояд эҳтиёт шуд, ки бахши тунуки онҳо берун наояду бахши ситабрашон боқӣ бимонад. Роҳи расидан бад-ин ғараз ин аст, ки мо баъд аз нармсозӣ бо доруҳои нармсозандаи пазонанда истифроғи [модда] кунем ва ҳар боре, ки истифроғ ба кор бибарем, баъди он нармсозӣ ба кор хоҳем бурд. Ҳангоми истифроғи хилтҳои тез, ки ночор андар баъзе вақтҳо ба истеъмоли доруҳои гарме аз қабили ёра, маҳмуда ва турбиду устухудус эҳтиёҷ биафтад, бояд эҳтиёт шуд, ки баъди онҳо бадмизоҷии гарм боқӣ намонад, балки боистӣ кӯшид, ки баъди [истеъмоли] онҳо чунин [бадмизоҷӣ] набошад. Яъне мо исҳоли аз [доруҳои гарм] баамалоянда, истифроғи аз тариқи ғарғара кардан суратгирифта ва дигар ҳолатҳоро бо ёрии зимодҳои сардкунанда безиён бигардонем. Мо бояд ба истеъмоли [доруҳои гарм] танҳо ҳангоме иқдом кунем, ки дар асоси одати бемор боварӣ ҳосил карда бошем, ки чизи медодагиамон боиси исҳол ва истифроғи ӯ мегардад, то чунин нашавад, ки он чи ки ба ӯ медиҳем, сабаби ҳалок ва ё фасод бигардад.
Агар хилтҳо нопухта бошанд, нахуст ҳар якро ба андозаи муносиби он, чунонки баъд ёд хоҳем кард, бипазонем.
Агар хилтҳо аз ҷонибе ва ё аз тамоми тан ба сӯи [сар] бароянд, мо онҳоро ба сӯи мухолиф бикашем. Масалан, агар аз бахшҳои фурӯсӯвин ва ё аз тамоми тан меомада бошанд, мо ҳуқнаҳо ва доруҳои ба зер баргирифтанӣ ба кор бибарем ва [андомҳои] атроф ва хусусан пойҳоро бибандем. Ё андомро истифроғ кунем, масалан, агар меъда бошад, бо ёраи фиқро, агар испурч бошад, бо доруи хосси он ва ҳамин тариқ ҳар як андомро [истифроғ] намуда,
ҳар кадомро ба ҳасби тадбири хосси он чора созем. Инҳо қонунҳои ҳамагонии ҳолати моддаҳост. Агар ягон моддае истифроғ карда шавад (19) ва ба сабаби он бадмизоҷӣ падид ояд, мо инро бо чизи зидди он муолаҷа хоҳем кард. Яке аз усули барои моддаҳои гуногуни рутубатии сар муштарак ба ақидаи худовандони доғниҳӣ ин доғ мондани он ҷоест, ки агар бо ангуштони шаҳодат ва хурд аз сари бинӣ андоза гирем, бад-он ҷой бирасад ва ё [доғ ниҳодани] он ҷоест, ки ними риштаи дарозияш аз як гӯш то гӯши дигар бад-он ҷой бирасад. [Барои ин кор] нахуст боистӣ сарро тарошид. Ҳоло мо ба сари тафсил бармегардем.
Аммо хун агар андар тамоми тан [фаровон] бошад ва сарро моддаи зиёд ҳосил шуда бошад, бояд раги қифолро бизинӣ, агар ҳанӯз ҳосил нашуда бошаду рӯ ба ҳосил шудан дошта бошад, бояд раги акҳалро бизанӣ ва агар пеш аз он, ки ҳосил шавад, бими ҳосил шудани онро дошта бошӣ ва масалан, сабабе аз қабили гармии беруна, ё зарда ва ё ғайри он андар миён афтида бошад, ки хилтҳоро андар гирди сар ҷамъ созад, бояд босалиқро бизанӣ. Агар бихоҳӣ, ки миқдори бештаре [аз моддаро] ҷазб кунӣ, бояд софинро бизанӣ, соқро як ваҷаб боло аз шитоланг ҳиҷомат кунӣ ва рагҳои пойро бизанӣ. Агар ба анбозии [мағз] ва ягон андоме ба амал омада бошад ва агар бихоҳӣ, ки аз ҳар ду андоми баҳам анбоз якҷоя хун бигирӣ ва модда хуни оромгирифта бошад, бояд раги барои ҳар ду муштаракро бизанӣ. Агар бихоҳӣ [моддаро] ба дигар сӯй бикашӣ ва низ андоми анбозро истифроғ созӣ, бояд рагеро бизанӣ, ки бо андоми ба иллат [бар мағз] пешӣ дошта муштарак ва бар хилофи ҷиҳати сар ҷойгир аст.
Сипас, агар танҳо оҳанги истифроғи сар дошта бошӣ, ё хун аз оғози кор танҳо андар он ҷой дошта, андар пардаҳои берунаи косаи сар, чунонки баъд ҳангоми баёни бемориҳои ҷузъӣ ёд хоҳем кард, набошад, ё дард аз наздикии дарзҳо ҳис карда шавад ва бихоҳӣ, ки илоҷи сабуке созӣ, бояд аз назди мағокӣ ҳиҷомат намуд. Агар хун ниҳоят амиқ ҷойгир бошад ва умеди ба беруни косаи сар кашидани он набошад ва хусусан агар дард аз паси сар бошад, раги пешониро бизан. Баъд аз хун гирифтан агар ҳоло ҳам ҳоҷат ба ҷой бошад, [бемор] бояд доруҳои истифроғкунандаеро тановул кунад, ки аз ҳалилаву фишурдаҳои меваҳо сохта шудаанд ва ҳуқнаҳо ба кор бибарад.
Агар иллат мисли сактаи хунӣ иллати душвор бошад, раги гарданро хоҳӣ зад.
Доруҳои пазонанда: Агар модда балғамӣ ва ё савдовӣ бошад, доруҳои асосие, ки барои пазонидани онҳо ба кор бибаранд, ҳамон доруҳоест, ки дорои хусусиятҳои латифибахшӣ, бурандагӣ ва ҳалкунандагиянд, масалан: марзангӯш, барги даҳмаст, дермана, қайсум, гӯргиё, бобуна, шоҳафсар, шибит, баспоя, афитимун (ду навъи ахир хосси моддаи савдовист), ҳошо, зуфо, пудина, судоб, баранҷосф ва ҳамаи он доруҳои гарме, ки андар ҷадвалҳои доруҳои ҳалкунандаву пазонанда навиштаем, вале иҷрои муолаҷа бад-он сабаб, ки баъд ёд хоҳем кард, андар моддаи балғамӣ ва савдовӣ гуногун аст. Дараҷаи доруҳо бояд45 ба андозаи миқдори моддаҳо зиёд карда шавад. Агар модда миқдоран зиёду сифатан қавӣ бошад, мо доруҳои гармро то ба дараҷаи чаҳорум қавӣ сохта, масалан, оқирқар ҳо, уфурбиюн ва ғайра [ба кор бибарем], вале бад-ин шарт, ки бими ба ҷӯш омадани моддаҳо ҷой надошта бошад ва ин ҳангоме чунин будӣ, ки моддаҳо ниҳоят бисёр бошанд ва моро бими он бошад, ки агар онҳо гармтар гардонида шаванд, ҳаҷмашон афзуда, боиси азҳамкашидагии дарднок ва омос бигарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор