Қонуни тиб

Аммо агар [мизоҷ аз ҳолати муътадилӣ] дур бошад, мағз иллатӣ буда, гавҳари он осебҳои аз гармӣ, сардӣ ва бемориҳои уфунатӣ расидаро зуд пазирад, ҳоссаҳои худованди он гарони тира буванд, чашмонаш заиф буда, аз хоб канда набошанд ва хобҳои парешон бибинад.
Далелҳои мизоҷи сарди хушк чунин аст: бояд сар ба ҳангоми ламс сард, рангаш дигаргун, рагҳо андар вай ва андар чашмон пинҳон ва мӯяш деррӯяндаи хингу борик буванд ва хусусан агар хушкияш ғолибтар аз сардияш набошад, бояд дер бемӯй бигардад. [Ин гуна шахс] ба шарти ёдшуда аз давоҳои сардиоваранда зиён бинад, ҳоссаҳояш (17) ҳангоми барноӣ равшан буда, чун синаш биравад, зуд заиф бигардад ва худ фартут шавад ва андар [пӯсти] ноҳияҳои сараш ташаннуҷу тарангӣ падид ояд. Ӯ зуд пир шавад, тандурустияш ноҳамвор буда, гоҳе сабуксару кушодамаҷро ва гоҳе бар хилофи ин бувад.
Мизоҷи сарди тар чунин аст: инсон бо ин гуна мизоҷ серхоби сахт хоббаранда, бадҳавос ва танбалу кунд буда, аз сараш фазлаҳо ба фаровонӣ берун оянд. Дер рафтани мӯй ва зуд ба вуқӯъ пайвастани назлаҳо низ бад ин [мизоҷ] далолат кунанд.
Аммо далелҳои омосҳо ва дигар чизҳоро сипас ба тафсил баён хоҳем кард.
Фасли нуздаҳум:
андар баёни ёд кардани нишонаҳои ҳар як аз бемориҳои сар
Мо бигӯем: Ин боб ва боби пеш аз он омада гӯӣ натиҷаи он аслҳоест, ки мо андар баёни чи гуна далел гирифтан бар ҳолатҳои сар овардем. Ин далелҳо бояд аз бар бошанд ва ҳоҷат нест ба ҳар бобе аз бобҳо, ки оид ба бемориҳои ноҳияҳои сар гуфта меояд, такрор ёбанд. Агар мо онҳоро андар ягон бобе ба такрор оварем, ин ҳам барои он аст, ки то бар донистани чигунагии муроҷаат ба ин қонунҳо андар бобҳои дигар кумак бирасонад ва мо танҳо бар овардани чизе иктифо кунем, ки зимни ҳамин як боб овардаем. Ҳамин гуна ту бояд хештанро аз муроҷаат намудан ба қонунҳои ҳамагонии муолаҷаҳои ҷузъии сар бениёз созӣ, вале на аз он қонунҳое, ки андар зимни куллиёт ёд нашудаанд ва ба таври махсус андар бахши ҷузъиёт ёд кардани онҳо зарур аст.
Нишонаҳои бадмизоҷии гарми бе модда: афрӯхтани бо адами гаронӣ, бехобӣ, бенизомии ҳаракатҳо, парешонхаёлӣ, зуд хашмгин шудан, сурхии чашм, аз чизҳои сардмизоҷ суд ва аз гарммизоҷ зиён дидан ҳама бад-ингуна мизоҷ далолат кунанд.
Нишонаҳои бадмизоҷии сарди бе модда: сардии ҳисшаванда бо адами гаронӣ; танбалӣ; сустӣ; сафедии ранги рӯю чашм; нуқсон андар тахайюлот; майли тарсончакӣ; суд бурдан аз чизҳои гарм ва зиён дидан аз чизҳои сард.
Нишонаҳои бадмизоҷии хушки бе модда: сабукӣ; истифроғҳои пеш сурат гирифта; хушкии бинӣ; ва ғалабаи бехобӣ.
Нишонаҳои мизоҷи тари бе модда: танбалӣ; сустӣ бо камии гаронӣ; кам ва ё ба эътидол сайлон кардани он чи ки бояд сайлон кунад; фаромӯшхотирии беш аз андоза; ғалабаи хоб.
Нишонаи мизоҷҳои мураккабе, ки бе моддаанд, омехта гардидани нишонаҳои ду мизоҷ бувад. Бар ғалабаи гармии ҳамроҳи хушкӣ буда бехобӣ ва парешонии ақл огоҳӣ диҳанд ва бар ғалабаи сардии ҳамроҳи инҳо буда ҳолате далолат кунад, ки бемории бо номи «ҷумуд»43 маъруфро монад ва гоҳе боиси ин [беморӣ] бигардад. Бар ғалабаи тарии бо гармӣ буда аз тариқи ғалабаи хобе огоҳӣ пайдо кунанд, ки сахт суботӣ набошад ва бар ғалабаи сардии бо рутубат аз тариқи хоби суботӣ огоҳӣ ёбанд.
Бад-он чи ки овардем, дигар далелҳоеро биафзой, ки аз далелҳои сода таркиб ёфтаанд.
Нишонаҳои ғалабаи моддаҳо: [Нишонаҳои моддаи] сафровӣ гаронии на берун аз андоза, газандагӣ, афрӯхтагӣ, сӯзиши сахт, хушкии бинӣ, ташнагӣ, бехобӣ ва зардии ранги рӯю чашм буванд. Бар [ғалабаи моддаи] хунӣ гаронии зиёд гувоҳӣ диҳад, ки гоҳе дил задан ёри он бувад ва ҳамроҳи он дамидагии рӯю чашм, сурхии ранг, пурии рагҳо ва субот ҷой дошта бошанд.
Нишонаҳои моддаҳои сарди балғамӣ инҳост: сардии эҳсосшаванда; ранҷи дарозу дерина; камтар сурх будани ранги рӯю чашм; камии зардии рӯй бо вуҷуди гаронии ҳисшаванда (лекин андар моддаи балғамӣ ин гаронӣ бештар бувад); танбалӣ; кундӣ; хоболудӣ; фаромӯшхотирӣ; арзизиранг будани рӯй; забон ва чашм. Аммо андар [моддаҳои] савдовӣ гаронӣ камтару бехобӣ бештаранд ва васваса, андешаи фосид, тирагии ранги рӯй, чашм ва ҳамаи андомҳо ҷой доранд.
Нишонаҳои омосҳои гарм инҳоянд: таби доимӣ; гаронӣ; тапидан; дарде, ки то ба буни чашм бирасад ва гоҳе баробари он чашмон берун биҷаҳанд; парешонии ақл; тезии набз ва гармӣ. Агар [омос] андар худи мағз ҷой дошта бошад, набз ба мавҷӣ бигарояд ва агар андар ҳиҷоб ҷой дошта бошад, дард сахттар буда, набз ба аррагӣ хоҳад гароид. Нишонаҳои омосҳои балғамӣ (18) фаромӯшхотирӣ, хоболудӣ, гаронии зиёд, набзи мавҷӣ, фурӯҳиштагӣ ва бодгирифтагист.
Аммо нишонаҳои омосҳои савдовӣ инҳост: бехобӣ; васваса ҳамроҳ бо гаронии ҳисшаванда; ва салобати набз.
[10] Аз чизҳое, ки андар ин ҷой боистӣ ёд намуд, мо далелҳои сустию тавоноии мағз, нишонаи хилти андар он ғолибомада ва далелҳои бемориҳои хос ва ба анбозӣ будаи мағзро бад-ин асос бар андохтем, ки онҳоро андар боби сардард хоҳем овард. Бинобар он бояд инҳоро аз он ҷой чунон тааммул намуд, ки гӯё андар ин ҷой оварда шуда бошанд ва аз он ҷой гирифта, ба дигар бобҳо татбиқашон бинамой.
Фасли бистум андар баёни қонунҳои муолаҷа
Агар моддаеро истифроғ кардан бихоҳем ва далелҳо бад-он гувоҳӣ диҳанд, ки ҳамроҳи он хун фаровон аст ва хунро норасоӣ нест, чи гуна моддае набошад, мо ба раг задан аз қифол ва аз он рагҳои сар оғоз кунем, ки аз қабили рагҳои пешонию бинӣ ва рагҳои ноҳияи гӯш андар боби раг задан ёд шудаанд44 ва бояд онҳоро аз ҷонибе кушод, ки бар хилофи ҷониби дард бувад. Агар кори муҳимме бошаду хун ғолиб, раги гарданро боз кунем.
Ҳангоми ғолиб будани дигар хилтҳо низ мо майл ба раг задан дорем ва аз он оғоз намоем, зеро раг задан истифроғест, ки барои [ҳамаи] хилтҳо муштарак бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор