Қонуни тиб

Гоҳе бо заҳдон анбоз буда, [дард] ҳамроҳи бемориҳои заҳдон, ки далелҳои онҳо андар боби заҳдон ёд шудаанд, падид ояд ва андар ин ҳол дард ба миёнҷои тораки сар биистад. Бештари анбозиҳои мағз бо андомҳо ба сабаби бухорҳое биафтад, ки бад-он бизананд. Роҳи баромадани ин бухорҳо ё аз ҷойгоҳи ба пешгоҳи сари паҳлуҳо алоқаманд бигузарад, ки он гоҳ нахуст ба сӯи забар кашида шудани сари паҳлуҳо ва падид омадани шиддату дилзанӣ андар рагҳои бад-онҳо алоқаманд ҳис карда шуда, оғоз ёфтани дард аз сӯи пешгоҳ дарёфт хоҳад шуд ва ё аз ҷойгоҳи ба ноҳияи паси [сари паҳлуҳо] алоқаманд хоҳад гузашт, ки он гоҳ оғоз ёфтани дард аз сӯи пас ҳис шуда, рагҳову шараёнҳои аз пас ҷойгирифта шиддат ёбанд ва андар он ҷойгоҳ тапиш ҳис карда шавад.
Ҳар гоҳ агар аразҳои андомҳои ба ҳам анбозро ба эътибор бигирӣ, бояд араз арази худи он андом набошад, балки ба сабаби анбозии он андом бо мағз, на анбозии мағз бо ӯ падид омада бошад. Зеро чун аз маниши гаштан бар иллати мағзии ба анбозии меъда буда далел гирӣ, аз эҳтимол дур нест, ки ба ғалат роҳ диҳӣ. Чунки [мумкин аст] иллат нахуст андар мағз падид омада пинҳон бошад ва маниши гаштани меъда ба сабаби анбозии меъда бо мағз андар иллати пинҳонӣ онро зоҳир созад. Бинобар он, бояд ба аслҳое муроҷаат кард, ки мо андар Китоби нахустин бароят овардем ва ба ёрии онҳо бемориҳои аслиро аз бемориҳои муштарак ҷудо созанд42.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни далелҳои мизоҷи мУътадили мағз
Мағзи мизоҷан муътадил мағзест, ки андар феълҳои ҳиссӣ, идоракунӣ ва ҳаракатӣ қавӣ бошад, андар рондани он чи ки аз он ронда шавад ва нигоҳ доштани [он чи ки бояд нигоҳ дошта шавад], муътадил бошад ва бар муқовамати аразҳои хоридиҳанда тавоно бувад. Мӯи [каси мағзаш муътадил] ҳангоми кӯдакӣ малларанг, ҳангоми наврасӣ оташгуни сурх ва ҳангоми ба камол расидани офаринишу болиш моил ба сиёҳӣ буда, аз ҷиҳати гесугунагию ҳамворӣ миёна бувад, рӯидану муддати боқӣ монданаш ҳар кадом ба ҳангоми хеш бошад, зуд сафед нагардад ва на низ аз вақти табиӣ дер сафед шавад (16) ва на зуд бирезад.
Фасли ҳаждаҳум:
андар баёни далелҳои мизоҷҳои баде, ки андар сиришт чунин буванд
Раъйи Ҷолинус бар он аст, ки гармӣ боиси парешонақлӣ ва ҳазён бигардад ва бад-инҳо боистӣ сабукфикрӣ,
зуд падид омадани мақсадҳо ва ҳардамхаёлиро изофа
намуд; сардӣ боиси [9] кундӣ ва сустҳаракатӣ бигардад
ва бад-инҳо дерандешӣ, душворандешӣ ва танбалӣ низ
бояд изофа карда шавад; хушкӣ бехобӣ оварад ва бехобӣ бад-он далолат кунад, вале ба шарти он ки ин [бехобӣ] ба сабаби рутубатҳои бурагӣ набошад ва бо гаронии мағз, давомнокии истифроғи фазлаҳо ва ё бо дигар
далелҳои рутубат якҷо наафтад, чаро ки рутубати бурагӣ ва шӯр ба шаҳодати худи Ҷолинус бехобӣ оварад, чунонки андар пирон чунин бувад. Аммо рутубати [мутлақ] хоби сахт оварад, вале [изофа ба он] шарти ёдшударо бояд дар назар дошт. Ҷолинус ақида дорад, ки далели мизоҷи ғолиби бе модда изофа ба далели бадмизоҷӣ адами фуруд омадани фазлаҳо ва далели бо модда ғолиб будани он фуруд омадани онҳост. Мо бигӯем: ба шарте, ки суддаҳо ва ё нотавонии қувваи ронанда андар миён набошад.
Нишонаи ин он чизест, ки мо ёд кардем ва аз овардани он фориғ шудем.
Далелҳои гармии мизоҷи мағз инҳост: зуд рӯидани мӯй ё ба оғози зода шудан ва ё ҳангоми андар шиками модар будан; сиёҳ будани мӯй аз оғоз ва ё баъд аз маллагӣ зуд сиёҳ гардидани он; гесугуна будани мӯй; зуд рехтани он; зуд пур [модда] ва гарон гардидани сар аз сабабҳое, ки аз бӯйҳо ва монанди онҳо ба миён оянд; озурда шудан аз бӯйҳои тез; хоби кам ва сабук рафтан; зоҳир будани рагҳои чашм; як андоза тезҳушӣ; ва ба сони кӯдакон зуд дигар шудани раъйҳову қасдҳо. Ламс, сурхии ранг, пухтагии фазлаҳои резандаву рондашуда ва мӯътадил будани қивоми онҳо нисбат ба чизҳои дигар [низ] бар [мизоҷи гарм] далолат кунанд.
Далелҳои мизоҷи сард инҳост: фаровон рехта шудани фазлаҳо ба ҳамон шарте, ки ёд шуд; ҳамвории мӯй; камии сиёҳии он; зуд сафед шудани [мӯй]; зуд мутаассир шудан аз осебҳо; фаровонии назлаҳо; бо андак сабабе падид омадани зуком; пинҳон будани рагҳои чашм; хоби зиёд; монандии сурати [одам] ба сурати каси хоболуд; суст ҷунбидани пилкҳо; ва мисли пирон бар азмҳои худ устувор мондан.
Далелҳои мизоҷи хушк инҳоянд: покии маҷроҳои беруноии фазлаҳо; равшании ҳоссаҳо; бар бедор истодан тавоно будан; қавӣ будани мӯй; ба иллати дудӣ будани мизоҷ андар синни нахустин зуд рӯидани мӯй; зуд бемӯй гардидани сар; ва гесугуна будани мӯй.
Далелҳои мизоҷи тар инҳоянд: ҳамвории мӯй; дер рӯидани он; дер бемӯй шудан; тирагии ҳоссаҳо; бисёрии фазлаҳо ва назлаҳо; хоби сахт бурдан.
Далелҳои мизоҷи гарми хушк инҳоянд: набудани фазлаҳо; равшании ҳоссаҳо; бар бедор истодан тавоно будан; қавӣ будани мӯй; ба иллати дудӣ будани мизоҷ андар синни нахустин зуд рӯидани мӯй; зуд бемӯй гардидани сар; ва гесугуна будани мӯй.
Далелҳои мизоҷи тар инҳоянд: ҳамвории мӯй; дер рӯидани он; дер бемӯй шудан; тирагии ҳоссаҳо; бисёрии фазлаҳо ва назлаҳо; хоби сахт бурдан.
Далелҳои мизоҷи гарми хушк инҳоянд: набудани фазлаҳо; равшании ҳоссаҳо; бехобии сахт; кам хоб рафтан; ба оғоз зуд рӯидани мӯй; қавӣ будани мӯй; сиёҳ будани он; гесугуна будани он; сахт зуд бемӯй шудан; ҳисси гармӣ додани сар; хушкии [пӯсти] сар ба изофаи будани сурхии ба назар намоёне андар сару чашм; устувор набудан андар азмҳо; шитоб кардан андар иҷрои онҳо; тавоноии фаҳм ва ёд; ва зудии феълҳои нафсонӣ.
Далелҳои мизоҷи гарми тар инҳост: ин мизоҷ агар аз ҳолати муътадилӣ сахт дур набошад, ранг хуб, рагҳо намоён, [сар] ба ҳис гарми нарм, фазлаҳо бештару пухтатар, мӯй ҳамвортари моил ба малларангӣ буда, бемӯӣ зуд падид наояд ва сар зуд битафсад ва тар шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор