Қонуни тиб

Инчунин [барҷастагии чашм] гоҳе бар сурхбоди мағз ва парюни он гувоҳӣ диҳад.
Аммо далелҳое, ки аз ҳолати забон бигиранд, [ба таври зерин аст]: Масалан, забон бисёр бошад, ки ба ёрии ранги хеш бар ҳолати мағз далолат кунад, чунончи сафедии он бар лисарғус ва нахуст зарду сипас сиёҳ шудани он бар фаронитус гувоҳӣ диҳанд. Забонро фаро гирифтани зардӣ ва сабз шудани рагҳои зери он далели ба саръ гирифтор шудани худованди он бувад. Далел гирифтан аз ранги забон мисли далел гирифтан аз ранги чашм нест, зеро [ранги чашм] пурра махсуси мағз аст, аммо аз ранги забон гоҳе бар ҳолатҳои меъда [низ] огоҳӣ пайдо кунанд. Лекин агар бидонанд, ки андар мағз газандест, мумкин аст аз тариқи он далел гирифт.
Аммо далелҳое, ки аз ҳолати рӯй бигиранд, ё аз тариқи ранги он бигиранд, ки ту далолати рангҳоро бар мизоҷҳо ҳамедонӣ ва ё аз фарбеҳию лоғарии он. Рӯи фарбеҳу сурх аз ғалабаи хун гувоҳӣ диҳад. Рӯи лоғари зард далели ғалабаи сафрост ва лоғари тираранг бар ғалабаи хушкии савдовӣ гувоҳӣ диҳад. Рӯи бодгирифта бар ғалабаи бахши обии хун далолат кунад. [Ҳамаи ин ба шартест], ки агар ин ҳолатҳо аразӣ бошанд на аслӣ ва яқин дошта бошӣ, ки андар тамоми тан ба ҷуз ноҳияи мағз ягон иллате нест, ки намуди зоҳириро бигардонад.
Далелҳои аз ҳоли гардан гирифташуда чунинанд: Агар гардан нерӯманди ситабр бошад, бар зиёдии қувваи мағз ва фаровонии он ва агар кӯтоҳи борик бошад, бар хилофи он далолат кунад. Агар барои пазируфтани ханозиру омосҳо омода бошад, сабаби ин нотавонии гардан нест ва на низ агар аз ин ҳолат озод бошад, сабабаш қавӣ будани ӯст, балки сабаби ин ҳолат нотавонии қувваи гуворандаи мағз, ки ба иллати яке аз намудҳои бадмизоҷӣ (мо онро баъд ёд хоҳем кард) нотавон гардидааст ва қавӣ будани қувваи ронанда бувад, чунки ноҳияҳои гардан қобили онанд, ки ба ёрии гӯшти нарми ғуддаии худ чизҳои мағз рондаро бипазиранд.
Аҳволи далелҳое, ки аз ҳолати забонча, бодомакҳо ва дандонҳо бигиранд, низ чунин аст.
Далелҳое, ки аз ҳолати андомҳои серасаби дарунӣ бигиранд, аз тариқи ҳукмҳои анбозӣ буванд, зеро воҷиб аст, ки онҳо бо мағз ва ҳароммағз анбозӣ дошта бошанд, чунон ки агар осебҳои онҳо дер бикашанд боиси андар мағз падид омадани ҳамон навъ беморие хоҳанд шуд, ки он андомҳорост ва ё мумкин аст онҳоро аз [сӯи] мағз чунин [беморӣ] бирасад. Бинобар ин, агар асабҳо нерӯманду ситабр ва гузаргоҳҳои гирди онҳоро печида қавӣ бошанд, далолат бар қувваи мағз кунанд ва зидди он бар акси ин гувоҳӣ диҳад.
Фасли понздаҳум андар баёни огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи анбозии андомҳое, ки бо мағз анбозанд ва бад-он наздикӣ доранд
Агар андомҳои анбози мағз қавӣ бошанд, пас, мағз ҳам
қавист ва агар онҳо на ба воситаи сабабҳои аз берун бадонҳо расида серосеб бошанд, пас, мағз нотавон ва ё осебрасида бувад. Бисёр вақт ин гуна осебҳо андар андомҳои дигар аз тариқи анбозии осеби мағз рӯй диҳанд. Масалан, чунин иттифоқ афтад, ки бемор ба ҳангоми ҳоҷати пешоб ва ё бироз кардан барнахезад. Ин ё ба сабаби адами ҳис бошад, чунонки ҳангоми лисарғус, суботи саҳарӣ (хоббедорӣ) ва ғайра иттифоқ афтад ва ё ба сабаби душвории ҳаракат бошад, чунонки ҳангоми ду бемории мазкур ва фаронитус низ чунин буда, мисолаш ин аст, ки (15) ҳангоми ин бемориҳо фурӯ бурдан натавонистан, андар гулӯ дармондани луқма ва гирифтани об рӯй диҳанд. Далелҳои нафасгирӣ [низ] чунин буда, бисёр бошад ба сабаби осеби мағз, ки ба ҳиҷоб ва андомҳои нафасгирӣ гузаштааст, нафас бурида шавад ва боз истад.
Чунончи фарохию бузургии нафас бештар ба суборо ва тангию хурдии он ба суботи саҳарӣ ва лисарғус далолат кунанд.
Гоҳо аз тариқи мушоракатҳои дардҳо низ бар ҳоли мағз ва бар наҳви ёдшуда огоҳӣ пайдо кунанд ва гоҳе аз чигунагии анбозӣ далел бигиранд. Масалан, агар дард ба ҳангоми сардард то ба буни чашмҳо бирасад, далели он аст, ки сабаб андар мағз ва пардаҳои андарунӣ ҷой дорад ва агар [то ба буни чашмон] нарасад, далели он бошад, ки сабаб аз беруни косаи сар бувад. Гоҳе аз пурию тиҳӣ будани рагҳо, аз ранги пӯст ва дигар чизҳое далел бигиранд, ки зикри бархе аз онҳо зимни баёни бобҳои дигар оварда шуд.
Фасли шонздаҳум:
андар баёни огоҳӣ пайдо кардан бар андоме, ки бо анбозии хеш мағзро дардманд созад
Андоме, ки беш аз ҳама бо анбозии худ мағзро газанд бирасонад, меъда бувад. Бинобар он боистӣ аз тариқи ҳолати иштиҳо ва гувориш, ҳоли оруғу қароқур, ҳоли ҳукаку маниши гаштан ва ҳоли хафақони меъдавӣ бар [ҳоли мағз] далел ҷуста шавад. Оид ба чигунагии аз ин [ҳолатҳо] бар ҳоли меъда огоҳӣ пайдо кардан бояд ба мавзее муроҷаат намуд, ки мо андар он ҷой роҷеъ ба меъда сухан рондаем. Инчунин аз ҳоли тиҳигию пурии [меъда] далел бигиранд, зеро осебҳои бо меъда муштараки мағз, ки бар асари пурӣ ва ё дамиши он ба амал оянд, андар ҳоли пурии меъда зоҳир бигарданд. Аммо он осебҳои муштараки ба сабаби гармӣ, талхаи сафровӣ ва дардҳое падид омадаанд, ки аз мисли ин гуна [талха] ва аз шиддати гармӣ бархоста бошанд, ҳангоми тиҳӣ будани меъда зоҳир бигарданд. Бисёр бошад, ки пурӣ сабаби муътадил гардидани мизоҷ ва садде андар миёни бухори тезу миёни мағз хоҳад шуд. Хусусан он чи ки бад-он огоҳӣ пайдо кунанд, ҷойгоҳи дард ба ҳангоми оғоз ёфтану ҷойгир шудани он аст. Ба ростӣ, агар дард аз тораки сар оғоз ёфта, сипас ба миёнҷои ду шона бигзарад ва ҳангоми гуворида шудани [таом] шиддат ёбад, ин бар бемориҳои мағз, ки ба анбозии меъдаанд, гувоҳӣ диҳад.
Гоҳе сар ба анбозии ҷигар бемор бигардад ва андар ин ҳол майли дардҳо ба сӯи рост бувад, чунонки агар [бемориҳо] ба анбозии испурч бошанд, майли дардҳо ба сӯи чап хоҳад буд. Бисёр бошад, ки мағз бо мароқ ва он чи ки аз паси сарҳои паҳлуҳо оянд, анбозӣ кунад ва андар ин ҳол дард сахт ба сӯи пеш бигарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор