Қонуни тиб

Агар бо фаровонии модда нерӯмандии қувваи суратбахшанда ёр бошад, сар бад-ин ҳайат бидарояд. Яке аз чизҳои инро тасдиқкунанда он аст, ки миёни [шакли сар] ва дигар андомҳо таносуб аст. Агар нотавонии қувваи суратбахшанда қарини он бошад, сар бадшакл, гардан борик ва сутунмуҳра хурд бишаванд ва ё он чи ки гирди сарро бигирад ва аз он бирӯяд, пурра нахоҳад шуд. Зеро сар гоҳе ба андозае бузург гардад, ки ғайри табиӣ бошад. Масалан, бачагонро чунин дамидагӣ ва бузургии сар рӯй диҳад, ки на табиӣ, балки ба тариқи (13) беморӣ бошад ва сабаби ин фаровонии модда аст, ки ҷӯшидаву дамида аст. Калонсолонро низ ба ҳангоми дардҳои сахт чунин рӯй диҳад. Гоҳе чунин ориз шавад, ки ҳангоми рӯи мағзро гирифтани сурхбод36 тораки сар хурд ва гижгоҳиҳо фурӯрафта бигарданд. Ҳамин тариқ, далелҳои хурдии сар ва бузургии онро донистӣ. Яке аз нишонаҳои хубии мағз ин аст, ки бояд аз бухорҳои шароб ва он чи ки баъд тавсифаш хоҳем кард, мутаассир нагардад ва аз латифибахшию гармии шароб мутаассир гардида, зеҳн ва хотираи он биафзояд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни далелгирӣ аз шакли сар
Оид ба далелҳои шакли сар андар боби устухони оҳиёна бароят нишон додем, ки шакли табиии сар кадом асту бадаш кадом37. [Мо гуфтем], ки агар бадшаклӣ андар бахше аз бахшҳои сар биафтад, феълҳои хосси он бахши мағзро ночор зиён оварад. Ҷолинус гуфтааст, ки сари ҷомадоншакли чорпаҳлу ҳамеша накӯҳида аст ва сари ду тарафаш барҷаста, агар ба сабаби нерӯмандии қувваи суратбахшанда, яъне ба ифрот феъл кардани он набошад, низ накӯҳида бувад. Ба нерӯмандии ин қувва шаклу андозаи гардан ва сина гувоҳӣ диҳанд.
Фасли сездаҳум андар баёни далел гирифтан аз он гаронию сабукӣ, гармию сардӣ ва дардҳое, ки мағз ба ҳис андарёбад
Далелҳое, ки аз гаронию сабукии сар бигиранд: Гаронии сар ҳамеша бар моддае гувоҳӣ диҳад, ки андар он ҷой дорад, лекин моддаи сафровӣ гаронии андак ва сӯзиши сахт оварад. Моддаи савдовӣ камтар аз он гаронӣ ва бештар васваса38 оварад. Моддаи хунӣ беш аз ҳар ду гаронӣ ва ба сабаби фуруд омадани кимуси гарм андар буни чашм тапишу дард падид оварад ва сурхӣ оварда, рагҳоро сахт бидамонад. Моддаи балғамӣ беш аз ҳама гаронӣ, камтар аз хуниву сафровӣ дард ва беш аз савдовӣ хоб биоварад. Вай боиси кундии фикр, танбалӣ ва камнишотӣ бигардад.
Далелҳое, ки аз гармию сардӣ бигиранд, яъне аз он гармию сардие, ки сар андар хештан ҳис кунад ва оне, ки каси дигар аз берун ба ламс дарёбад, бароят пӯшида нестанд: Аммо [сари] гарм далели гармӣ буда, агар ин доимӣ бошад, гармии мизоҷист ва агар падид омада озор бидиҳад, аразист. Ҳукми [сари] сард низ бар ҳамин қиёс аст ва ҳукми [сари] шухбаровардаи хушк, агар сардӣ аз берун андаромада, боиси дуруштию шухбаровардагӣ нашуда бошад, низ ба ҳамин қиёс бувад. Ҳукми та
рӣ, агар аз андарун гармии арақоваранда набошад, низ чунин бувад.
Дардҳои хӯрандае, ки ҳангоми онҳо одам гумон кунад сарашро мӯрчаҳо хӯрда истодаанд ва дардҳои сӯзишнок бар моддаи гарм гувоҳӣ диҳанд. Дардҳои дилзананда бар омоси гарм гувоҳӣ бидиҳанд ва далолати онҳо лузумияти табҳоро тасдиқ бикунад. Дардҳои гарони фишороваранда гувоҳӣ бар моддаи гарони сард доранд. Дардҳои аз ҳам кашанда бар моддаи бодӣ далолат карда, интиқолёбӣ инро тасдиқ хоҳад кард. Дарде, ки мисли кӯбидани путк бувад, аз бемории «хӯд» ва дарди нимсараи дерина гувоҳӣ диҳад. Дард бо ҷиҳати хеш низ далолат кунад. Масалан, дарде, ки ба анбозии меъда аст, бар рӯй падид ояд ва дарде, ки ба анбозии ҷигар бошад, бар ҳайати дигаре падид ояд, ки мо баъд ёд хоҳем кард.
Дард изофа ба ин бо давомнокии худ ҳам далолат кунад. [Масалан], дард агар андар пешгоҳ ва паси сар дер бикашад, аз фаронитус39 огоҳӣ диҳад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни далелҳое, ки аз ҳолатҳои андомҳои чун шохаҳои мағз буда аз қабили чашм, забон, рӯй, гузаргоҳҳои забонча, бодомакҳо, гардан ва асабҳо гирифта шаванд
Аз ҷумлаи далеле, ки аз чашм бигиранд, аз тариқи ҳолати рагҳои он, аз ҳолати гаронию сабукии он, аз ҳолати
зардӣ, ё тирагӣ, ё арзизӣ ва ё сурхии ранги он ва аз ҳолати басовандагии он далел бигиранд. Ҳамаи ин [ҳолатҳо]
аз ҷиҳати далолат ба он [ҳолатҳое] сахт қаробат доранд,
ки андар худи мағз падид оянд. Гоҳе аз тариқи ашку хилдаки аз чашм ҷоришаванда, ғамза кардану чашм дӯхтан,
чигунагии мижа задани чашм ва аз тариқи фурӯрафтагиву барҷастагӣ, бузургию хурдӣ ва дардҳову сӯзишҳои
[чашм] далел бигиранд. Дар ҳақиқат, хушкидани чашм
бар хушкии мағз ва ҷорӣ шудани ашку хилдак, агар ба
сабаби иллати худи чашм набошад, (14) бар тарии бахши пешини гавҳари мағз гувоҳӣ диҳанд. Бузургии рагҳои чашм бар гармии (сухунат) гавҳари мағз далолат
кунад. Бидуни сабаби зоҳирӣ рехтани ашк ба ҳангоми
бемориҳои тез,40 хусусан агар аз як чашм ояд, бар афрӯхтагии мағз ва омосҳои он далолат кунад. Агар хилдак
чун ошёни тортанак рӯи мардумаки чашмро пӯшидан
бигирад ва сипас гирд ояд, ин [далели] фаро расидани
ҳангоми марг бувад. Чашме, ки боз монда, мижа назанад, чунонки ҳангоми фаронитус [8] ва гоҳе ба ҳангоми
лисарғус чунин бошад ва чашме, ки пӯшида шуда, ба сахтӣ кушода шавад, чунон ки гоҳе ба ҳангоми лисорғус чунин рӯй диҳад ва ҳангоми фаронитус баъди суст шудани нерӯ низ чунин бошад, аз газанди бузурге андар мағз
гувоҳӣ диҳад. Чашми бисёр мижазананда бар афрӯхтагӣ,
гармӣ ва ҷунун далолат кунад. Чашме, ки мижа назада,
ба як нуқта нигарад ва омосида бошад,41 бар васвос ва
молихулиё гувоҳӣ диҳад. Гоҳе аз тариқи ҳаракатҳои чашм
пиндорҳои эътиқодии мағз аз қабили хашм, андӯҳ, бим
ва ишқ дониста шаванд. Барҷастагии чашм бар омосҳо
ва ё пурии рагҳои мағз далолат кунад. Хурдӣ ва фурӯрафтагии он аз бисёр ҳал шудани гавҳари мағз гувоҳӣ диҳад, чунон ки ҳангоми бехобӣ кашидан, қутруб ва ишқ чунин ориз бигардад, вале ҳайатҳои чашм андар ин ҳангом ҳар гуна хоҳад буд, ки мо инро ба ҷои худ тавсиф хоҳем кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор