Қонуни тиб

Аммо ҳангоми берун шудани ӯ аз ҳоли тандурустӣ ва дигаргун гардидани мизоҷаш ҳукм бар хилофи ин бувад.
Мо андар зимни гуфторҳои ҳамагонии пешгузашта баён намудем, ки тандурустии ҳамаи танҳо бар як мизоҷ нест ва мумкин аст дурустии як тан аз мизоҷе бошад, ки мисли он андар тани дигар, агар ин танро он мизоҷ бошад, боиси беморӣ бигардад, вале он чиро, ки андар тарафи дигар мухолифи ӯст, низ бояд ба таври муқояса бо чизе ба эътибор гирифт, ки андар ин тараф ӯро мухолафат кунад, чунонки худи ҳамин андар ин тараф мухолифи ӯст, то ки ба ҳадс он миқдоре аз мизоҷ дониста шавад, ки ӯрост.
Чунки ду ҳадди ифротӣ ночор мухолифи [тандурустӣ] ва озороварандаанд. Ба тандурустии [одам] бахше аз мизоҷи аз иътидол беруномада аз он ҷиҳат мувофақат кунад, ки ниҳоят ба ифрот берун нарафтааст. Мағзе, ки ба бадмизоҷии гарм гирифтор аст, аз насими сард, андуданиҳои сард ва аз бӯйҳои чи хуш аз қабили бӯи кофур, сандал, нилуфар ва ғайра ва чи бадбӯйи нохуш аз қабили бӯи гил ва обсабз суд бибарад. Он низ аз соишу оромӣ фоида ёбад. Мағзе, ки ба бадмизоҷии сард гирифтор аст, аз чизе суд бигирад, ки мисли ҳавои гарм, бӯйҳои гарми хуш ва инчунин бӯйҳои бади ҳалкунандаю гармибахшанда зидди ваянд. Ин гуна [мағзро] инчунин варзишҳову ҳаракатҳо суд доранд. Мағзе, ки бадмизоҷи хушк аст, аз ҳар чизи ба истифроғ аз худаш беруноянда ва тарованда озурда бигардад ва мағзе, ки бадмизоҷи тар аст, аз истифроғу таровиш суд бинад.
Аммо далел гирифтан аз тариқи зуд мунфаил гардидани мағз, масалан, зуд гарм шудан ва зуд сард шудан бошад, чунин аст: мағзе, ки зуд гарм бигардад, ин ба шарти андар Китоби умури ҳамагонӣ ёдшуда далели гармии мизоҷ бувад. Мағзе, ки зуд сард бигардад ва оне, ки зуд бихушкад, низ чунин бошанд. Ин гоҳе ба сабаби камии рутубат, гоҳе ба сабаби тунукии рутубат ва ё ба сабаби гармии мизоҷи хеш чунин бувад. Лекин фарқ миёни ин ду мағз он аст, ки ҳамроҳи якумӣ дигар нишонаҳои хушкии он аз қабили бедорхобӣ ва ғайра, ки мо онҳоро андар боби нишонаҳои мизоҷи мағз ёд хоҳем кард, ҷой доранд ва аммо мағзи дуввумиро хушкӣ гоҳ-гоҳе ба ҳангоми ҳаракати сахт, ё гармии сахт ва ё ба ёрии он сабабҳои ёдшудаи хушкии ба ҳамин равиш буда рӯй диҳад, вале сипас андар дигар ҳангомҳо вайро далели хушкие вуҷуд надорад, ки ба гармии бар мизоҷаш ғолиббуда вобаста бошад. Пас, ҳамроҳи он ҳамаи дигар нишонаҳои гармии мизоҷ вуҷуд доранд. Мағзе, ки зуд тар бигардад, (12) ин гоҳе ба сабаби гармии гавҳари он ва гоҳе ба сабаби сардии гавҳари он, гоҳе ба сабаби он, ки мизоҷи аслии гавҳари он тар аст ва гоҳе аз баҳри он, ки мизоҷи аслии гавҳараш хушк аст, чунин бувад. Агар аз сабаби гармӣ бошад, андар он ҷой [7] нишонаҳои гармӣ ҷой хоҳанд дошт. Баъд, ин гуна тарӣ аз қабили чизҳое нест, ки ҳамеша бошанд, балки баъд аз гармии беандозае ба амал ояд, ки андар мағз воқеъ шуда, рутубатҳоро ба сӯи мағз бикашад ва онро пур кунад. Сипас, агар мизоҷи гарм ғолиб бимонад, аз паси он хушкӣ бо табларза падид хоҳад омад32 ва агар рутубатҳо ғолиб оянд, мағз дубора сарди тар бигардад.
Агар ҳар ду [гармию сардӣ] баробар шаванд, андар бештари ҳол гандидан, бемориҳои ганда ва омосҳо падид оянд, зеро ин тарӣ тарии модарзодӣ нест, то гармии модарзодӣ андар он [ба гунаи табиӣ] тасарруф кунад, балки тасарруфи ғарибе кунад, ки он гандидан бувад.
Аммо агар [тар гардидани мағз] ба сабаби сардии мизоҷ бошад, пайдоиши тарӣ на якбора, балки ба гузашти рӯзгор буда, баъд таршавӣ суръат бигирад ва нишонаҳои сардии мизоҷи мағз мавҷуд хоҳад буд.
Агар ин ба сабаби тарии худи мағз бошад, он гоҳ суръати он ба яке аз ду чиз вобаста аст: 1) Ё тарӣ сардиро ба амал оварда, сардӣ қувваи гуворанда ва дигаргунсозандаи ғизои ба мағз мерасидагиро табаҳ созад ва таршавӣ ба амал ояд. Агар ин сардӣ якбора падид ояд, таршавии баъди он якбора хоҳад буд ва агар ҳамроҳи он андар гузаргоҳҳо суддаҳо падид оянд, дармондани фазлаҳо [низ] рӯй диҳад. Сипас, ин ҳол ба таври ҳамешагӣ ва лозимӣ буда, на аз қабили чизҳоест, ки ба нудрат рӯй диҳанд; 2) Ё ба иллати хушкии мағз буда, сабабаш чида шудани тариест, ки баробари якбора ба амал омадани хушкии [мағз] якбора ба амал ояд. Ин бо нишонаҳои хушкии пешомада якҷоя буда ва шабеҳ ба [тар гардидане] бошад, ки аз гармӣ ба амал ояд, вале бо нишонаҳои гармӣ ва хушкӣ аз ҳам фарқ кунанд.
Ин буд далелҳое, ки аз зуд мунфаил шудан бигиранд ва зуд мунфаил шудан хусусан дар амри таршавӣ набояд ба ҳасби сустии қувваҳои табиӣ ба эътибор гирифта шавад, чаро ки сустии қувваҳои табиӣ вобаста ба яке аз ин сабабҳост. На ҳамаи мувофақат ва мухолафатҳоро аз ҷиҳати кайфиятҳо бигиранд, балки бисёр бошад, ки аз ҷиҳати ҳайъатҳо низ бигиранд, чунончи худованди бемории бо номи «хӯд»33 маъруфро дида шавад, ки бар пушт хобиданро бар соири намудҳои хобравӣ ихтиёр кунад34.
Фасли ёздаҳум андар далелгирие, ки аз тариқи андозаҳои сар бувад
Аммо донистане,35 ки ба ҳасби бузургию хурдии сар ҷой дорад, [чунин аст]: Бояд донист, ки сабаби хурдии сар ба ҳангоми офариниш кам будани модда аст, чунонки сабаби бузургии он зиёд будани модда бувад. Муроди ман моддаи нутфагиест, ки ҳангоми тақсими табиӣ насиби сар бигардад. Баъд, агар камии модда якҷоя бо нерӯмандии қувваи нахустини суратбахшанда ҷой дошта бошад, шакл хуб шуда, сар камтар аз оне баднамуд хоҳад шуд, ки андар офариниш ба изофаи хурдӣ низ бадшакл буда, гувоҳӣ бар нотавонии қувват кунад, зеро [чунин сар] аз бадии ҳайъати мағз, сустии қувва ва тангии майдони қувваҳои нафсонӣ, идоракунанда ва табиӣ холӣ нахоҳад буд.
Бинобар он, худовандони илми фаросат гуфтаанд, ки ин гуна одам пӯк, тарсончак, зуд ба хашм оянда ва андар [ҳалли] корҳо дар ҳайрат монанда бувад. Ҷолинус гуфтааст, ки хурдии сар, албатта, аз гувоҳӣ додан бар бадии ҳайъати мағз холӣ нест, агарчи бузургии сар то ба хубии шакл, ситабрии гардан ва фарохии сина қарин набошад, на ҳамеша гувоҳӣ бар хубии ҳолати мағз кунад, зеро [сифатҳои мазкур] ба бузургии сутунмуҳра ва паҳлуҳо вобастаанд, ки инҳо ба бузургӣ ва қавӣ будани ҳароммағз вобаста буда [бузургию қавигии ҳароммағз дар навбати худ] ба нерӯмандии мағз тобеъ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор