Қонуни тиб

Он чи ки муносиби ин боб аст, огоҳӣ ҷустан аз тариқи ҳолати хобу бедорист. Бидон, ки хоб ҳамеша ҳангоме ояд, ки бадмизоҷии тар сустӣ оварад ва [бадмизоҷии] сард ҳаракати қувваҳои ҳиссиро карахт созад, ё ба сабаби ҳаракати беандоза рӯҳи нафсонӣ сахт ҳал шавад ва ё қувваҳо аз барои гуворидани модда ба андарун равона шаванд ва рӯҳи нафсонӣ ҳам ҳамроҳи онҳо ба тариқи мутобаат бад-он сӯй бигардад, чунонки пас аз таом хӯрдан ҳамеша чунин бошад. Сабаби он хобе, ки ба равиши табиӣ нест ва на низ аз паси мондагию ҳаракат омада бошад, рутубат ва ё карахт шудани [ҳаракати қувваҳои ҳиссист]. Вале агар сабабҳои карахткунанда андар миён воқеъ набошанд [ва] далелҳо бар беандоза будани сардӣ аз чизе, ки онро баъд ёд хоҳем кард, гувоҳӣ надиҳанд, пас, сабаби хоб тарӣ бувад. Баъд, на ҳар тарие муҷиби хоб бигардад, чаро ки пирон бо вуҷуди тарии мизоҷи хеш ба муддати дароз бедорхобӣ бикашанд. Ҷолинус сабаби инро андар кайфияти рутубатҳои бурагии эшон донистааст, зеро ин [рутубатҳо] ба иллати мағзро озор додани худ бехобӣ оваранд. Вале хушкӣ ночор ба ҳар ҳол бехобиоваранда бувад.
Фасли нӯҳум андар баёни далелҳое, ки аз феълҳои табиии аз қабили таровидани [моддаҳо], рӯидани мӯй ва зоҳир шудани омосҳову решҳо гирифта шаванд
Аммо он далелҳое, ки аз ҷинси феълҳои табиӣ гирифта шаванд, аз камияту кайфияти майли баромадан кардан ва ё накардани фазлаҳое, ки аз тариқи ком, бинӣ ва гӯш берун оянд, аз решҳо, табишҳо ва омосҳое, ки бар сар падид оянд ва аз мӯе, ки бирӯяд, зоҳир бигарданд, зеро мӯй аз фазлаҳои мағз бирӯяд. Аз тариқи мӯй ба тавассути зуд ва ё дер рӯидани он ва аз дигар ҳолатҳои он, ки шумурда шудаанд, далел бигиранд.
Мо акнун тариқи далелгириро ба воситаи берун омадани фазлаҳо аз роҳҳои ёдшуда баён кунем. Агар ин фазлаҳо фаровон оянд, чунонки донистӣ, бар фаровонии модда ва бар сабабе далолат бикунанд, ки ба иллати чунин сабаб фазлаҳо андар андом биафзоянд ва [низ] гувоҳӣ аз он дорад, ки қувваи ронанда нотавон нест. Аммо агар фазлаҳо берун наоянд ва ё кам оянд ва ба изофаи он ё гаронӣ, ё сих задан, ё сӯзиш, ё аз ҳам кашидагӣ, ё дил задан ва ё гижаву бонг задани [гӯшҳо] ҷой дошта бошад, ин бар судда, нотавонии қувваи ронанда ва пурии [рагҳо] гувоҳӣ диҳад. Барои [муайян кардани] ҷинси [фазла] бад-ин гуна далел бигиранд, ки агар он сӯзанда, сихзананда, тез, андаке гарон ва зардкунандаи ранги рӯю чашм бошад, гувоҳӣ аз он дорад, ки ин модда сафровист. Агар [фазла] тапишовари гарон буда, ранги рӯю чашмро сурх бикунад ва рагҳоро бидамонад, далолат бад-он дорад, ки модда хунист. Агар ланҷкунанда ва кундсозандаи [ҳоссаҳо] буда, ба изофаи он рангро арзизигун бигардонад ва хобу даҳонфожа биоварад, гувоҳӣ бад-он дорад, ки ин модда балғамист. Вале агар ба изофаи ин гуна ҳол ранг тира ва андеша табаҳ бигардад, гаронии сар камтару хоб бад-он гуна ғолибият набошад ва дигар нишонаҳо вуҷуд надошта бошанд, ин гувоҳӣ аз он дорад, ки модда савдовист. Агар ба изофаи як қисм аз ин [нишонаҳо] бонг задани [гӯшҳо], гижа ва ҳаракати [модда] ҷой дошта бошанд, далели он бошад, ки модда бод, дамиш ва бухор ба амал оварда истодааст ва сар дорои гармиест, ки андар модда коракунанда бувад. Агар банд гардидани фазлаҳо якҷоя бо сабукии сар ҷой дошта бошад, ин ба таври мутлақ далели хушкист.
Ин боб, ки мо овардем, ба камияти берун омадан ва наомадани [фазлаҳо] хос буд. Аммо аз ҷиҳати кайфияти он бошад, чунин аст: Масалан, агар [фазла] ба зардию кабудӣ,30 ба талхию гармӣ ва ба сӯзандагӣ бигарояд, далели он бошад, ки модда сафровист. Агар ба сурхию ширинӣ гароида, изофа ба он рӯю чашмҳо сурх, рагҳо дамида ва гармӣ ҷой дошта бошад, далолат бар он дорад, ки модда хунист. Агар [фазла] шӯр ва ё ширин буда, баробари он дигар нишонаҳо ҷой надошта бошанд ва ё бурагӣ буда, ба ҳангоми совидан эҳсоси сардӣ ва ё гармӣ бидиҳад, гувоҳӣ бар балғаме дорад, (11) ки андар он гармӣ кора карда бошад. [Фазлаи] бемазаи ситабр ва ба ҳангоми совидан эҳсоси сардидиҳанда далолат бар балғами хом кунад. Ин далелгириҳо аз чигунагии рангу маза ва ламсу қивоми фазлаи беруноянда буд. Аммо аз тариқи бӯй чунин аст, ки бӯи занандаву тез далели гармист ва бебӯӣ гоҳе бар сардӣ гувоҳӣ диҳад, вале на бад-он андоза, ки якумӣ бар гармӣ гувоҳӣ диҳад.
Аммо вобаста ба чизҳое аз қабили решҳо, табишҳо ва омосҳо, ки бар пӯсти сар ва андомҳои бад-он пайваста падид оянд, бояд гуфт, ки онҳо андар бештари ҳолатҳо бар моддаҳое далолат кунанд, ки будаанду берун омадаанд, вале бар ҳолати ҳозираи мағз ба таври равшан танҳо ҳангоме гувоҳӣ хоҳанд дод, ки агар андар афзоиш бошанд. Азбаски ту аз сабабҳои омосҳои гарм, сард, сахт ва саратонӣ ва решҳои хазанда, ором ва ғайра бохабарӣ, аз тариқи онҳо бар ҳоли сар огоҳӣ пайдо кардан бароят душвор нест. Мӯй ҳам чунин бувад. Азбаски андар Китоби нахустин сабабҳои пайдоиши он, сабаби гесугунӣ, ҳамворӣ, борикию ситабрӣ, бисёрию камӣ, тез ва ё дер сафед шудани онро донистӣ31 ва сабаби тор-тор будан, афтидан ва пароканда гардидани онро андар бобҳои хосси [мӯй] хоҳӣ донист, ту чӣ гуна аз тариқи мӯй далел гирифтанро низ бидонӣ. Мо ба мақсади дурӣ ҷустан аз дарозгӯию такрор ин мавзӯъро бад-он ҷой ҳавола мекунем.
Фасли даҳум андар баёни далелҳое, ки аз тариқи мувофақату мухолафат ва суръату сустии инфиолот бигиранд
Вобаста ба нишонаҳое, ки аз ҷинси мувофақату мухолафат ва суръату сустии инфиол бигиранд, бояд гуфт,
ки мувофақату мухолафат аз эҳтимол холӣ нест, ё андар ҳоле ба эътибор гирифта шавад, ки худованди он аз
тандурустии муносиби хеш буда, ягон шикояте надорад
ва ё андар ҳоле ба эътибор гирифта шавад, ки худованди он аз тандурустӣ ҷудо шуда ва мизоҷи ӯ аз табиат
бигашта бошад. Пас, чизи созгори ӯ андар ҳоли тандурустие, ки муносиби ӯст, чизи шабеҳи мизоҷаш буда, аз
ин тариқ мизоҷи ӯ дониста гардад ва чизи мухолифи ӯ андар ин ҳол чизи зидди мизоҷаш бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор