Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

номанд. Сарчашмаи ин ду ҳол сардӣ, ё хушкӣ ва ё тарии бахши миёнгини мағз25 аст ва ин андар бештари ҳолатҳо ба таврест, ки гуфта омад. Ё ин ки [фасоди қувваи андешаву тахайюл] ба шакли тағйир ёфтану парешонҳолӣ зуҳур карда, кас андар чизи набуда биандешад ва носавобро савоб бишмарад. Ин ҳолро «парешонии ақл»
хонанд: он ё бар омос далолат кунад; ё бар моддаи сафровии гарми хушк далолат кунад ва ин гунаи он ҷунуни ваҳшиёна буда, чунин парешонақлӣ якҷоя бо бадхоҳӣ ҷой дошта бошад; ва ё ин ки бар моддаи савдовӣ далолат кунад ва ин гунаи он молихулиё буда, парешонӣ бо бадгумонӣ ва андешаи беҳосил кардан якҷоя бувад. Аз ин рафторҳо ҳар чи ки майл ба тарс дорад, бештар ба сардӣ ва ҳар чи ки ба ҷуръату хашм бигарояд, бештар бар гармӣ гувоҳӣ диҳанд.26 Гоҳе сар ба анбозии ҷигар бемор шавад, ки андар ин ҳол майли дардҳо ба сӯи чап бувад. Бисёр вақт мағз бо мароқ ва он чи ки аз паси сарҳои устухони паҳлуҳо ояд, анбозӣ кунад ва андар ин ҳол дардҳо ба сӯи пешгоҳи [мағз] сахт бигароянд. Гоҳе бо заҳдон анбозӣ кунад ва андар ин ҳол [бемории мағз] бо бемориҳои заҳдон, ки нишонаҳои онҳо ба ҷои хеш ёд шудаанд, якҷоя ба амал ояд ва дард андар миёни нармаи сар ҷой бигирад. Аксари анбозиҳои мағз бо андомҳо ба миёнчии бухорҳое биафтад, ки ба сӯи сар бароянд. Роҳи баромадани бухорҳо ё аз он ҷоест, ки наздики пешгоҳи сари паҳлуҳост ва нахуст аз ҳам кашида шудани онҳо ҳис карда шавад ва [ё] ба ҳасби рагҳоест, ки миёни онҳо ҷой доранд ва мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард.27 Гоҳе мумкин аст, ки ин ба анбозии андоми дигаре ба амал ояд ва донистани он ба далелҳои ҷузъие вобаста аст, ки баъд тавсифашон хоҳем кард. Умуман, ҳар гоҳ фикрҳо ҳаракатҳои зиёде кунанд, парешон бошанд ва [бад-ин ҳол] боқӣ бимонанд, пас, андар он ҷой гармӣ вуҷуд дорад. Парешонии фикр, ба шарте ки агар аз гармӣ набошад, низ гоҳе ҳангоми бемориҳои сардмодда ба амал ояд. Масалан, парешонии ақл ба ҳангоми лисарғус чунин бувад.
Гунае аз газандҳо газанди қувваи зокира аст, бад-ин тариқ, ки ё нотавон бигардад ва ё бекор. Чунонки Ҷолинус ҳикоят кунад, боре андар ноҳияи Ҳабашистон ба сабаби мурдаҳои зиёди баъд аз куштори сахт боқимонда вабо падид омадааст. Он вабо ба Юнон гузашта, мардумони он ҷойро фаро гирифтааст ва ба сабаби он чунон фаромӯшхотирие падид омадааст, ки баъзеҳо ҳатто номи худ ва номи падари худро фаромӯш кардаанд. Аксар вақт он нотавоние, ки андар зокира падид ояд, ба иллати ё аз сардӣ, ё аз рутубат ва ё аз хушкӣ табаҳ шудани бахши пасини мағз падид ояд. Ё мумкин аст [осеби қувваи зокира] бад-ин гуна бошад, ки парешонӣ рӯй диҳад ва бад-ин сабаб онро чунин осеб биафтад, ки чизи пеш барояш рӯй надодаро ба ёд оварад. Ин аз мизоҷи гарми бо модда ва ё бе модда гувоҳӣ диҳад ва моддаи ҳушк бадин кор бартарӣ дорад. Ҳамаи ин ҳангоме бувад, ки [гармии] мизоҷ ба ифрот нарасида ва қувват наафтида бошад.
Агар иҷмолан бигӯем, бекор шудани ин корҳо гоҳе ба сабаби он бошад, ки сардӣ ё бар гавҳари мағз ғолиб ояд, ки дар ин сурат он аз қабили чизҳое хоҳад буд, ки ба мурури замон ғолибият пайдо кунад ва ё бар тиҳигоҳҳои он; гоҳе мумкин аст ба сабаби сардӣ ва якҷоя бо рутубат бошад; ва гоҳе хушкӣ боиси падид омадани он бигардад.
Нотавонии [феълҳо] низ чунин бувад. Аммо аз [равиши табиӣ] берун омадани онҳо ё ба сабаби омос, ё мизоҷи сафровӣ ва ё савдовӣ ва ё [ба сабаби] ҷисми муҷаррад бувад.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи ҳолатҳои хобҳо аз ҷумлаи чизҳоест, ки сазовори бад-ин ҷой изофа кардан аст. Воқеан, бисёр хоб дидани чизҳои зард ва гарм далели ғалабаи сафрост. Ҳамчунин чизҳои муносиби ҳар як мизоҷро ба хоб бисёр дидан низ чунин бувад ва моро лозим нест, ки ҳар якро баршумурем. Хобҳои парешон далели гармӣ ва хушкиянд ва бинобар он аз бемориҳои гарми мағзӣ огоҳӣ диҳанд. Инчунин хобҳои батарс ва хобҳое, ки андар ёд боқӣ намонанд, аксар вақт бар сардӣ ва рутубат далолат кунанд28.
Фасли ҳаштум андар баёни натиҷагириҳо аз тариқи феълҳои ҳаракатдиҳанда ва он чи аз қабили хобу бедорӣ, ки бад-онҳо монад

Далелҳое, ки аз ҷинси феълҳои ҳаракатдиҳанда гирифта шаванд, чунинанд, ки бекор шудан ва ё нотавон гардидани онҳо бар рутубати зиёдатии тунуки бисёри андар афзорҳои онҳо вуҷуддошта гувоҳӣ диҳад. Ин андар кадом андоме, ки бошад, бар осеби мағз далолат кунад, вале осеби беш аз ҳама ба мағз хос осебест, ки мисли сакта ҳамаи танро ва ё чун фалаҷ ва лақваи ковок29 як ними онро фаро бигирад. Гоҳе ин ду, яъне бекоршавию нотавонӣ, аз сабаби гармӣ ва ё хушкии мағз ё худи мағз ва ё бархе аз асабҳои аз он рӯидаро иттифоқ биафтанд, вале ин гуна ҳолат пас аз бемориҳои зиёд, кам-кам ва ба гузаштани рӯзгоре дароз рӯй хоҳад дод. Он [осебе], ки мисли истирхо ва монанди он андар як андом ба амал ояд, гоҳе аз бемориҳои хосси он андом ва гоҳе аз ронда шудани фазлаҳои мағз ба сӯи он падид ояд.
Аммо аз равиши табиӣ берун омадани феълҳои ҳаракатдиҳанда низ далолат бар рутубат кунад ва агар андак-андак бошад, ба хушкӣ, яъне [ба хушкии] андар афзорҳо буда далолат кунад. Мисоли он бахш [беруноӣ аз равиши табиӣ], ки хосси мағз аст, ин аст, ки ҳаракатҳои каси ба саръ гирифтор ба сабаби саръе аз равиши табиӣ бигарданд, ки он ташаннуҷи ҳамагонист ва ҷуз ба иллати рутубат падид наояд, чаро ки он ё якбора ва ё ба анбозии андоми дигаре, чунонки баён карда шуд, ба амал ояд ва аз суддаи ғайри комил гувоҳӣ диҳад. Мисоли (10) [дигар] раъшаи сар бувад. Ҳамаи инҳо ба таҳқиқ агар баъд аз бемориҳои пешомада ва оҳиста-оҳиста ба амал омада бошанд, бар моддаи ситабре далолат кунанд, ки андар ҳамон сӯи мағз ҷой дорад, ё бар сустӣ, нотавонӣ ва ё хушкӣ далолат кунанд.
Аммо гуфтор андар баёни он чи ки андомҳои дуртар аз мағзро рӯй диҳад, айни ҳамон чизест, ки борҳо гуфтем. Ҳамаи инҳо ҳаракатҳоеанд, ки аз равиши табиӣ гардида бошанд. Низ мо бигӯем, ки агар инсон тезҳаракат бошад, [6] мизоҷи мағзаш аслан гарм ва хушк аст ва агар ба танбаливу сустӣ бигарояд, мизоҷи мағзи ӯ сард ва тар бувад. Агар одамро ягон беморие ҷой дошта бошад ва ҳаракатҳояш ба ноҳамворӣ бигарояд, пас, [мизоҷи мағзи] ӯ гарм аст. Агар [ҳаракатҳояш] оҳиста буда, вале қувваташ чандон афтида набошад, пас, мизоҷи мағзи ӯ майл ба сардӣ дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ