Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин огоҳӣ аз мизоҷи хушке диҳад, ки андар ноҳияи миёнгини мағз дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад, ё аз бодҳову бухорҳои андар он ҷой банд гардида ва ё аз бухорҳои бад-он ҷой бароянда ва аз дигар чизҳое гувоҳӣ диҳад, ки мавриди огоҳии ин [далелҳоянд]. Ё ин ки шунавоӣ аслан бекор бигардад. Нотавонӣ ва бекор шудани он ба сабаби зиёдии сардист. Ҳар кӣ овозро чунон шунавад, ки гӯё аз ҷои дур мешунида бошад, ин ба иллати рутубат бувад.
Аммо бӯёиро [газанд] бад-ин тариқа бирасад, ки ӯ ё нест шавад, ё нотавон бигардад ва ё ӯро парешонӣ рӯй дода, бӯйҳои бад ва ғайри бадеро ҳис кунад, ки андар хориҷ вуҷуд надошта бошанд. Агар андар ин миён чизе хос ба устухони бинӣ ҷой надошта бошад, пас, ин ҳолат бештар аз хилте гувоҳӣ диҳад, ки андар пешгоҳи мағз банд гардида, чунин кор бикунад.
Чашоию басовандагӣ гоҳе ба ҳамин минвол буванд, вале аз равиши табиӣ гардидани онҳо аксар вақт аз табоҳии хоссе огоҳӣ бидиҳад, ки андар мавзеҳои наздики онҳо ҷой дошта бошад ва баъзан хусусан агар [газанд] чун беёд шудани тамоми тан ҳамагонӣ бошад, аз анбозии мағз огоҳӣ диҳад.
Гоҳе ҳоссаҳо (8) андар навъе аз нотавонӣ ва ё қуввате, яъне тирагию равшание ба ҳам анбозӣ кунанд, ки далолат бар ҳолати ҳамешагии мағз дорад. На ҳар гуна нотавонӣ тирагӣ ба ҳамроҳ дорад, зеро гоҳе мумкин аст, ки нотавонӣ якҷоя бо равшанӣ бошад. Масалан, одамро чунин мешавад, ки чизи наздик ва камравшанро хубу равшан мебинад ва бахшҳои [чизҳои] хурди онро [ҳам] дидан метавонад ва сипас чун онро дуртар бибаранд ва ё равшанияш зиёдтар гардад, онро дарк кардан натавонад. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки тирагию равшанӣ мумкин аст [5] ҳар ду якҷоя ҳангоми нотавонӣ ҷой дошта бошанд.
Равшанӣ ночор баробари қувват вуҷуд дорад, лекин тирагӣ ҳамеша бар моддаи тар ва равшанӣ бар хушкӣ гувоҳӣ диҳанд. Ин гуна тирагӣ гоҳе якбора устувор гардида, аз он садар ба амал ояд ва ин гувоҳӣ бар моддаи бухорие кунад, ки андар рагҳои мағз ва тӯр падид омада бошад.
Ҳукми далелҷӯиҳо аз ин гуна газандҳо чунин аст: он чи ба равиши парешонҳолист, андар бештари ҳол ба мизоҷи гарми хушк вобастагӣ дорад ва он чи ки ба равиши коҳишу нотавонист, андар бештари ҳол вобаста ба сардист, вале агар якҷоя бо ниҳоят сахт зуҳур кардани фасод ва афтидани қувва ба амал ояд, пас, гоҳе шояд ба изофаи он аз сабаби гармӣ [низ] бошад. Лекин гармӣ ба қиёси сардӣ аз барои қувваҳо созгор аст ва то зиёну фасод овардани он ба мизоҷ ба андозаи бузург нарасад, боиси коҳиши қувваҳо нахоҳад шуд.20 Бинобар ин, набояд [танҳо] ба ин далел такя намуд, балки далелҳои дигари ёдшудаи ҳар як аз ду мизоҷро интизор бояд шуд. Бекор шудани ҳис агар ба сабаби мағзие вобаста бошад, на ба сабаби осебҳои афзорҳо, аз қабили табаҳшавӣ, қатъ гардидан, судда ва умуман аз уҳдаи кор набаромадани он

ҳо ва ё [на] ба сабабе, ки андар худи андоми ҳассос ҷой дорад, пас, он мумкин аст бар устувор гардидани сабабҳои коҳиш гувоҳӣ диҳад. Он андомҳои ҳассосе, ки ба мағз ниҳоят наздиканд, бисёр кам рӯй диҳад, ки осеби онҳо [бо мағз] муштарак набошанд. Масалан, бештари осебҳои шунавоию бӯёӣ, ки аз роҳи пок кардану муътадил сохтани мизоҷ бартараф намешаванд, аз мағз буванд. Инчунин дигар ҳоссаҳо ҳар гоҳ аз ҳисшавандаҳои хеш озор бинанд, далели аз гармӣ ва ё сардие газанд дидани онҳост, ки ҳанӯз ба дараҷаи аз по афтондани қувва нарасидаанд. Шунавоӣ ва бӯёӣ аксар вақт гувоҳӣ бар он диҳанд, ки ин гуна мизоҷ андар мағз бувад.
Феълҳои идоракунӣ: қавӣ будани ваҳм ва ҳадс бар қавӣ будани мизоҷи тамоми мағз далолат кунад ва нотавонии он гувоҳӣ бар газанде дорад, ки андар мағз ҷой дошта, [таҳқиқи] он вобаста ба муайян сохтани он аст, ки [боз] кадом феълҳои дигар халалдор шудаанд. Яке аз инҳо табоҳии қувваи хаёлу тасаввур ва осеби онҳо ба шумор биравад. Зеро агар ин қувва қавӣ бошад, андар гувоҳӣ бар дурустии бахши пешини мағз ёрӣ диҳад. Ин қувва ҳангоме қавӣ хоҳад буд, ки агар одам сурати чизҳои ҳисшавандаи аз қабили шаклҳо, нақшҳо, хӯйҳо,21 чашиданиҳо, овозҳо, нағмаҳо ва ғайра бударо хуб нигоҳ доштан битавонад. Бархе аз мардумонро андар ин бобат қувваи пурра аст [ва он ба ҳаддест, ки] як муҳандиси фарзона метавонад ба шакли навишта як бор нигарад ва сурату ҳарфҳои он андар нафси ӯ нақш бандад ва масъаларо то охир бидуни дубора нигаристан андар шакл ҳал кунад.
Ҳоли мардумоне андар қиёс ба нағмаҳои [мусиқӣ], ҳоли бархе дигар нисбат ба чашиданиҳо ва ғайра низ чунин бувад. Хуб шинохта тавонистани набз ба ҳамин боб тааллуқ дорад, зеро шинохтани набз ба хаёли қавие ниёзманд аст, ки то ба миёнчии он [қувваҳои]22 чизҳои совиданӣ андар нафс нақш бастан битавонад. Агар ин қувваро осебе бирасад, [ин осеб] ё бекор гардидани феъл бувад, он гоҳ сурати хаёли чизи ҳисшаванда баъд аз нест шудани нисбати миёни ӯву ҳосса, ки эҳсос кардан ба тавассути он аст, андар [хаёл] боқӣ нахоҳад монд, ё нотавонӣ бувад, ё нуқсон бувад ва ё тағйир ёфтан аз равиши табиӣ буда, [инсон] чизеро ба хаёл биоварад, ки вуҷуд надорад. Нотавонӣ, дигаргун шудан ва бекор гардидани феъли он аксар вақт бар берун аз андоза будани сардӣ ва ё хушкии бахши пешини мағз ва ё бар рутубати он далолат кунанд.23 Сардӣ сабаби ба зот ва дуи дигар сабаби ба аразанд, зеро ин ду [сардиро] ба амал оваранд.
Тағйири феъл ва парешонҳолии ин [қувва] далолат бар зиёд будани гармӣ доранд. Ҳамаи ин ба ҳасби бештари ҳолатҳо ва бар гунаест, ки андар баёни қувваҳои ҳассос гуфта омад. Гоҳе ин гуна беморӣ солимақлонро рӯй дода, неку бадро шинохтани эшон ба шакли пурра ва сухан гуфтанашон бо мардум дуруст бувад, лекин одамонеро ҳозирбуда хаёл кунанд, ки андар хориҷ вуҷуд надоранд ва садоҳои дуҳул ва ғайраро андар хаёли хеш бишунаванд. Чунонки, (9) Ҷолинус ҳикоят кунад, Ғируфилуси24 пизишкро [чунин ҳол] рӯй додааст.
Гунае [аз газандҳо] табоҳии қувваи андешаву тахайюл аст, ки он ё бекор шудан бошад ва ин ҳолро «рафтани ақл» хонанд ва ё нотавонӣ бошад ва инро «ҳамоқат»

пешина
аз 1215
навбатӣ