Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе бандакҳои пардаҳои мағз аз ҷой бароянд ва ё миёни ҷузвҳои он ҷудоӣ ориз бигардад.
Мағзро низ ба сабаби аз ҳам гусастани ягонагӣ андар худи ӯ, ё андар шараёнҳои ӯ, ё андар рагҳои варидии ӯ, ё андар пардаҳои он ва ё андар косаи сар бемориҳои гусастагии пайвастагӣ ба амал оянд. Инчунин мумкин аст ки андар худи гавҳари мағз, ё андар пардаи тунук, ё андар пардаи ситабр, ё андар «тӯр» ва ё андар пардаи берунӣ омосҳо падид оянд, ки ҳамаи онҳо ба сабаби моддаи яке аз хилтҳои гарм ва ё сард бувад. Аз сабаби хилтҳои сарди гандида [мағз] ба омосҳои гарм гирифтор ояд ва хилтҳои сарди ором омосҳое ба амал оваранд, ки боистӣ онҳоро «омосҳои сард» номид. Чунин ба назар бирасад, ки ту аз бемориҳои мағз ягон чизе пайдо кардан наметавонӣ, ки ба ин [бахшҳои ёдшуда] дохил набошад ва ё аз онҳо ориз нагардида бошад. Бемориҳои мағз хос ва муштарак низ буванд ва бисёр бошад, ки зиёни бемориҳои муштарак бузург гардида, ба бемориҳои хосси марговар табдил ёбанд. Бинобар ин, аксар вақт ҳангоми барсом ва хуноқҳо моддаҳои гулӯгиркунандаи марговар ба сӯи мағз ронда шаванд ва бисёр бошад, ки ба сабаби газанди андар андоми анбоз ҷойдошта мағз ба сактаи марговар гирифтор бигардад.
Фасли чаҳорум андар баёни далелҳое, ки ба миёнчии онҳо бояд ҳолатҳои мағзро шинохт

Мабдаъҳое, ки аз онҳо ба маърифати ҳолатҳои мағз пай баранд, инҳоянд: феълҳои ҳиссӣ; феълҳои идоракунӣ, яъне тафаккур, ба хотироварӣ, тасаввур кардан ва қувваи ваҳму ҳадс задан; феълҳои ҳаракатӣ, яъне феълҳое, ки бо ёрии мушакҳо андомҳоро ҳаракат диҳанд; чигунагии фазлаҳои аз мағз беруншаванда аз ҷиҳати қивом, ранг ва таъми онҳо, яъне шӯрӣ, талхӣ ва бемазагӣ ва камияти онҳо аз ҷиҳати камӣ, бешӣ ва ё тамоман баста шудан; созгорӣ ва носозгорӣ ва зиёнҳои бодҳову таъомҳо ва тадбир кардани онҳо; бузургӣ ва хурдии сар; хубию бадии шакли он, ки андар боби устухонҳо ёд шудааст; гаронию сабукии сар; ҳолати сар ба ҳангоми ламс, ҳоли ранги он, ранги рагҳои он ва он решҳову омосҳое, ки андар пӯсти он падид оянд; ҳолати ранги чашм, рагҳои он, саломатию бемории он ва хусусан ҳолати он ба ҳангоми ламс; ҳоли хобу бедорӣ; ҳолати мӯй аз ҷиҳати камият, яъне камию бешӣ ва ситабрию борикӣ, аз ҷиҳати кайфият, яъне шакли ҷингилагӣ, ҳамворӣ, аз ҷиҳати ранг, яъне сиёҳӣ, сурхӣ ва маллагӣ, зуд ва ё дер сафед шудани он; бар ҳолати дуруст боқӣ мондани мӯй ва ё аз тариқи тор-тор шудан (ташаққуқ), пароканда шудан, афтидан (тамаррут) ва дигар ҳолат аз ҳолати дурустӣ берун омадани он; ҳолати гардан аз ҷиҳати ситабрию борикӣ ва саломатӣ, ё аз ҷиҳати бисёр ва ё кам воқеъ шудани омосҳову ханозир андар он; инчунин ҳолати забонча, бодомакҳо ва дандонҳо; ҳолати қувваҳо ва феълҳои андомҳои асабие, ки анбози мағзанд, яъне мисли заҳдон, меъда ва обгаҳ.
Аз тариқи [андомҳои] анбоз далел ҳосил кардан (7) бар ду рӯй аст: якум аз тариқи ҳолати андоме, ки андар чизи мағзро оризшуда бо он анбозӣ дорад, бар чизе далолат ҳосил кунанд, ки мағзро рӯй дода бошад; дуввум

аз ҳолати андоме, ки бо анбозии худ мағзро ба дард овардааст, бидонанд, ки он кадом андом аст, бо вай чӣ рӯй додааст ва чӣ гуна [дард] ба мағз гузаштааст. Аз тариқи ин далелҷӯиҳо гоҳе бар он ҳолатҳову феълҳое, ки андар ҳоли ҳозир вуҷуд доранд ва гоҳе бар чизе, ки оянда ба амал хоҳад омад, вале ҳоло вуҷуд надорад, огоҳӣ пайдо кунанд. Чунончи, дарозии андӯҳ ва хомӯш истодан далели падид омадани молихулиё ва қутрубе бувад, ки ба наздикӣ воқеъ хоҳад шуд, хашми бесабаб бар саръ, ё молихулиёи гарм ва мониё далолат кунад ва аз хандаи бесабаб бар аблаҳӣ ё бар гӯлӣ пай баранд.
Фасли панҷум андар баёни чигунагии огоҳӣ пайдо кардан аз ин далелҳо бар ҳолатҳои мағз ва тафсили ин ҷиҳатҳои баршумурда, ки то ниҳояти тафсили ин баён рафта ба охир бирасад19 Фасли шашум андар огоҳии ҳамагонӣ пайдо кардан аз ҳолатҳои мағз

Аммо далолате, ки аз ҷинси феълҳо бигиранд, чунин аст:
Агар феълҳо дуруст бошанд, бар саломатии мағз далолат кунанд ва агар осебнок бошанд, бар офате далолат кунанд, ки андар мағз падид омада бошад. Осебҳои феълҳо, чунонки баён намудем, сеанд: нотавонӣ, тағйиру парешонӣ ва сипас бекор шудан. Гуфтори ҳамагонӣ андар огоҳӣ ёфтан аз тариқи феълҳо ин аст, ки камбудӣ ва бекор шудани онҳо ба сабаби сардӣ ва ба иллати аз рутубату судда ситабр гардидани рӯҳ аст, на аз гармӣ. Магар гармӣ аз ҳадд гузашта, ба андозае бирасад, ки қувватро аз по биафтонад. Аммо парешонӣ ва ё он чи ки муносиби ҳаракат аст, гоҳе аз гармӣ ва гоҳе аз хушкӣ бувад.
Фасли ҳафтум андар огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи феълҳои нафсонии ҳиссӣ, идоракунӣ, ҳаракатӣ ва хоббиниҳо, ки аз ҷумлаи феълҳои идоракунианд

Ин феълҳоро, чунонки донистӣ, аз тариқи бекор шудан, ё суст гардидан ва ё парешонӣ падид омадан газанд бирасад ва мисоли ин он чизе бувад, ки андар ҳоссаҳо рӯй диҳад. Мо ҳоло аз ҳоссаи биноӣ оғоз кунем. Биноиро газанд бад-ин тариқ бирасад, ки кораш ё бекор шавад, ё суст бигардад ва ё парешонӣ зоҳир карда, аз равиши табиӣ берун ояд ва саранҷом аз қабили шабаҳҳо, пашшаҳо, забонаи оташ, дуд ва ғайра чизҳое пеши назар оянд, ки аслан вуҷуд надоранд. Агар ин газандҳо хосси чашм набошанд, онҳоро далели газанди мағз бигиранд. Гоҳе шабаҳҳо бо рангҳои хеш далолат кунанд. Шояд касе бигӯяд: «Шабаҳи сафед чӣ гуна ба балғами зиёд гувоҳӣ диҳад, ки он сард аст, вале шумо парешониро ба гармӣ нисбат додед?»
Мо бигӯем, ки ин ба ҳасби мизоҷ аст, на ба ҳасби муоразаи моддаҳо ба қувваи дурусте, қи гармии модарзодии он комил бувад.
Аммо шунавоиро чунин бошад, ки масалан, нотавон гардида, ба ҷуз садои наздику баланд чизе шунидан натавонад ва ё ӯро парешонҳолӣ рӯй дода, аз қабили бонгзанию овозҳои шабеҳ ба шур-шури об, ё садои путк, ё садои дуҳулҳо, ё шир-шири баргҳои дарахтон, ё ғурриши бодҳо ва ғайра чизҳое бишнавад, ки андар хориҷ вуҷуд надоранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ