Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо моварои онро сахтӣ аз пӯшонидани ҳиҷоб бениёз сохтааст.
Аммо печу хаме, ки мағзрост, аз баҳри он бувад, ки то рӯҳи нафсонӣ андар гавҳари мағз баробари ба шикамҳои он андаромадан нуфуз кунад, чунки на ҳамеша шикамҳо фарохи кушодаанд ва ё на ҳамеша рӯҳ ба андозае кам бошад, ки танҳо шикамҳо онро ғунҷонидан битавонанд. (5) Низ аз баҳри он аст, ки аз мизоҷи дил ба мизоҷи мағз гардидани рӯҳ бад-ин гуна пурра ба амал ояд, ки андар мағз пухта, мизоҷи онро гирифта бошад. Вай ҳангоми ба мағз гузаштан нахуст ба шиками якуми10 он бидарояд ва андар он ҷой пухта,11 сипас ба шиками миёнгин бигузарад. Андар ин ҷой пухтатар гардида, баъд андар шиками пасин ба камоли пухтагӣ бирасад. Беҳтарин пухтагӣ мисли ҳоли ғизо андар ҷигар, ки мо онро зимни [гуфторҳои] баъдоянда тавсиф хоҳем кард, аз тариқи омехтан, ҳаммизоҷӣ пайдо кардан ва нуфуз кардани бахшҳое аз пазонанда андар бахшҳое аз чизи пухташаванда ба амал ҳамеояд.12 Лекин шумораи печухамии бахши пешин бештар аз бахши пасин бувад, аз баҳри он ки нисбати як печу хам ба дигари он қариб чун нисбати як андом ба андоми дигар аст ва сабабе, ки бахши пасинро хурдтар аз пешин сохта аст, андар печу хам [низ] мавҷуд аст.
Миёни ин шикам ва шиками пасин ва аз зери ҳар дуи онҳо ҷоест, ки маҳалли ба шохаҳо тақсимшавии ду раги бузурги ба сӯи мағз барояндаи мо ёд карда буда, аз ин шохаҳо машимаи зери мағз бофта шавад.13 Ин шохаҳо ба ҷирме аз ҷинси ғуддаҳо такя доранд, ки миёни онҳоро огандаву устувор сохтааст, чунонки ҳол андар тамоми панҷазаниҳои рагӣ чунин бувад, зеро аз хусусияти халое, ки миёни [рагҳо] биафтад, ин аст ки вай низ бояд бо гӯшти ғуддаӣ пур бошад. Ин ғудда ба шакли шохаҳои тавсифшуда даромада ҳайъати тақсимшавии тавсифшударо ба худ гирифтааст. Чунонки панҷа задану тақсим шудани ёдшуда аз тангӣ оғоз ёфта, ба фарохие ҳамегузарад, ки ба муҷиби густариш аст, ҳамчунин ин ғудда ҳам санавбарӣ гардида,14 сари он аз назди саргаҳи тақсимшавӣ аз боло оғоз ёфтааст ва рӯ ба сӯи охири он ниҳода, то ба ниҳояти ҷудо шудани шохаҳо рафта расидааст. Андар он ҷой ба шакли бофтаи машима бофтаест ва андар он [тақсимшавӣ] ба поён бирасад.
Бахше аз мағз, ки шомили ҳамин шиками миёнгин аст ва хусусан он ҷузвҳои он, ки аз боло воқеанд, кирмшакл буда15 аз печухамиҳое иборатанд, ки ба дарозо ҷой гирифтаанд ва баъзеяшон бо баъзеи дигарашон бастаанд, то ки [шикам] чун кирм худро дарозу андар хеш кашида кардан битавонад. Даруни бахши болоии он бо пардае пӯшидааст, ки мағзро то ҳадди бахши пасини он андар худ бигирад. Ин [бахши кирммонанд] бар ду фузунии мағз, ки чун ду рон гирди дарозрӯя буда, ба якдигар то ба ҳадди совидан наздик гардида, боз аз ҳам дур шуда бошанд, бо бандакҳое барбастааст, ки «ватарҳо» ном доранд ва инҳо аз баҳри он аст, ки то [бахши кирммонанд] аз фузуниҳо дур нагардад. Ҳар гоҳ ин «кирмак» дароз шавад, паҳноияш танг гардида, ин ду фузуниро фишурда ба ҳам зич кунад ва бо ҳамин маҷро баста бигардад. Агар он кашида бигардад, паҳноияш фузунӣ ёфта,

ду [фузуниро] аз ҳам дур созад ва маҷро кушода бигардад. Он қисм аз кирмак, ки аз паси бахши пасини мағз омада, бориктари моил ба кӯжист, чизе бошад, ки андар паси мағз ба таври ба якдигар андаромадан пайваст гардидааст. Бахши пешини он бар ҳайъате, ки мағз бардошт кардан битавонад, фарохтар аз бахши пасин аст. Ду фузунии ёдшударо «ду ангурак» номанд,16 ки онҳоро ҳеҷ печу хаме нест, балки ҳар ду ҳамворанд, то ки бастану пӯшидани онҳо сахттар бианҷомад ва то ки ҳаракати ба сабаби ҳаракати чизи дигар бударо пазируфтани онҳо ҳар чи бештар ба пазироии чизи ягона монанд бошад.
Аз барои рондани фазлаҳои мағз ду маҷрост: яке андар шиками пешин ва ба наздики ҳадди муштараки миёни ду шикам воқеъ аст ва дигарӣ андар шиками миёнгин ҷой дорад. Шиками пасинро маҷрои ҷудогона нест ва аз баҳри он чунин аст, ки ӯ андар як сӯ ҷой гирифтааст ва низ ба қиёс бо шиками пешин хурд буда, тоби сӯрох надорад. Ин ва шиками миёнгинро як маҷрои муштарак басанда аст ва изофа ба он вай баромадгоҳи ҳароммағз буда, бархе аз фазлаҳояш ҳал гардида, аз сӯи он ронда ҳамешаванд. Ин ду маҷро аз сӯи ду шикам оғоз ёфта, ба худи мағз гузар кунад ва ба таври моил пеш рафта, ба наздики даромадгоҳи ягонаи амиқе бо ҳам дучор оянд, ки саргаҳи он пардаи тунук бувад ва охири он, яъне поёнаш ба наздики пардаи сахт расида, танг бигардад. Вай мисли кулоҳак фарохи гирдашакл оғоз ёфта, [ба охир] танг шавад ва бад-ин сабаб онро «кулоҳак» бихонанд.17 Вайро инчунин «обдон» ҳам гуфтаанд.18 Ин [маҷро] чун андар пардаи сахт бигзарад, андар он ҷой бо маҷрои ғуддае дучор ояд, ки он мисли гӯйи аз ду сӯйи ба ҳам муқобил – зеру забар фурӯрафта аст. Ин миёни пардаи сахт ва маҷрои ком бувад. Сипас андар он ҷой гузаргоҳҳоеро дарёбад, ки андар устухони мушошии полояндаи бахши барсӯвини ком ҷой доранд. (6) Фасли севвум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни бемориҳои сар ва сабабҳои онҳо

[4] Бояд бидонӣ, ки ҳамаи бемориҳои [андар поён] баршумурда сарро рӯй бидиҳанд, лекин ғарази мо андар ин ҷой аз «сар» гуфтан мағз ва пардаҳои он бувад ва мо андар ин ҷой ҳоло бемориҳои мӯйро оварданӣ нестем. Пас, бигӯем: мағзро мумкин аст, ки ҳашт навъи бадмизоҷии сода ва [бадмизоҷии] бо моддаи ё бухорӣ ва ё қивомдор таркибёфта ориз бигардад. Андар мағз бемориҳои рутубатӣ бисёр падид оянд, зеро он ба оғози офариниш дорои рутубати зиёдатиест, ки бояд ба ҳангоми андар раҳм будан ва ё сипас аз он пок бигардад. Агар пок нагардад, аз он нохушиҳои бузург падид хоҳад омад. Ҳамаи инҳо ё ҷирми мағз, ё рагҳо ва ё пардаҳои онро рӯй диҳанд.
Низ мағзро бемориҳои таркиб ё аз ҷиҳати миқдор оризшуда, масалан, он аз андозаи зарурӣ хурдтар бигардад ва ё аз ҷиҳати шакл рӯйдода, масалан, шаклаш аз равиши табиӣ берун ояд, ки аз он ба корҳои мағз осеб бирасад. Ё мумкин аст, ки маҷроҳову рагҳои он баста бигарданд.
Судда ба шакли ноқис ва ё пурра андар шиками пешин, ё андар шиками пасин, ё андар ҳар ду шикам, ё андар рагҳои варидӣ, ё андар шараёнҳо ва ё андар растагоҳҳои асабҳо падид ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ