Қонуни тиб

Лекин гавҳари мағз низ андар нармию сахтӣ ҳар гуна аст ва ин аз баҳри он чунин бувад, ки бахши пешини он нармтару бахши пасин сахттар аст ва ба сабаби андаромадани ҳиҷоби то андозае сахт, ки мо онро баъд ёд хоҳем кард, миёни ду бахш фарқе ҳаст. Пешгоҳи мағз аз баҳри он нарм аст, ки бештари асабҳои ҳис ва хусусан асабҳои биноию шунавоӣ аз он ҷой рӯидаанд, чунки ҳис пешоҳанги тан аст ва майли пешоҳанг ба сӯи пеш бартар бувад. Бештари асабҳои ҳаракат аз охири мағз растаанд ва ҳароммағз [низ], ки андар роҳи сахтӣ фиристода ва ҷойнишини мағз буда, аз он рӯидани асабҳои қавӣ мавриди эҳтиёҷ аст, аз он ҷой баромадааст. Асаби ҳаракат ба чунин сахтии бештаре ниёзманд аст, ки асаби ҳис бад-он эҳтиёҷ надорад, балки нармӣ ӯро созгортар бувад. Бинобар он саргаҳи [асаби ҳаракат] сахттар гардонида шудааст ва андар миён ҳиҷобе андаромадааст, то ки ҷудокунанда бошад ва гуфтаанд, ки то нарм аз расидан бо сахт озод ва он чи ки андар вай фурӯ биравад, сахт нарм бошад6.
Ин печидагиро манфаатҳои дигаре низ ҳастанд. Зеро рагҳои варидии андар мағз фурӯрафта ва паҳнгардида ба такягоҳ ва ба чизе эҳтиёҷ доранд, ки бад-он баста буванд.
Бинобар он ин печидагӣ такягоҳе барои онҳост ва андар зери охири ин хамгашт ва андар паси он «афшурагоҳ»
ҷойгир аст, ки он маҳалли рехтани хун ба фазое чун обдон бошад. Аз он ҷой ҷӯйчаҳо панҷа зада, аз тариқи онҳо хун паҳн ҳамегардад ва ба гавҳари мағз ҳамранг ҳамешавад. Сипас рагҳо аз сӯи даҳонаҳои хеш он хунро кашида ҷамъ ҳамесозанд ва ба сӯи ду раге равона ҳамесозанд, ки мо ташреҳи онҳоро баъд ёд хоҳем кард. Суди ин печидагӣ бад-ин гуна аст, ки вай маҳалли растани бандҳое буда, ин бандҳо пардаро андар баробари дарзи косаи сар, ки аз паси парда аст, бо мағз бибандад. Андар пешгоҳи мағз (4) ду фузунии ба сари пистон7 монанд аст, ки бӯёӣ ба ёрии онҳо бувад. Ин ҳар ду [барҷастагӣ] аз нармии мағз андаке дур гардидаанд, вале сахтии асабро дарнаёфтаанд.
Тамоми мағз бо ду қабат парда печидааст: якеи онҳо тунук буда, аз паси мағз омадааст ва дигар ситабр буда, аз паси устухон ояд. Ин ду парда аз баҳри он офарида шудаанд, ки то миёни мағзу устухон деворе бошанд ва то ки мағз ба гавҳари устухон насовад [3] ва аз сӯи устухон ба вай газандҳо нарасад. Инчунин совиш ба ҳангоми афзудани гавҳари мағз ва ба ҳангоми густарише биафтад, ки аз паси фишурда шудан падид ояд. Гоҳе мағз ҳангоми ҳолатҳое мисли бонги сахт ва пӯст баркашидан ба сӯи оҳиёна боло биравад. Бинобар он аз баҳри ин гуна манфаат миёни мағзу устухони оҳиёна деворе гузошта шудааст, ки андар нармию сахтӣ миёни он ду миёнчӣ бувад ва аз баҳри он вай ду қабат сохта шудааст, ки то он чизе, ки ба устухон бемиёнчӣ расиданаш созгор аст, айни он чизе набошад, ки бемиёнчӣ ба мағз расиданаш созгор бувад, балки миёни ҳар ду қабат фарқ ниҳода шудааст: оне, ки ба мағз наздикӣ дорад, тунук ва оне, ки ба устухон наздикӣ дорад, дурушт аст. Онҳо ба якҷоягӣ чун пуштибони ягонаанд. Ин парда ба изофаи он, ки нигаҳбони мағз аст, инчунин банди рагҳои чи ором ва чи ҷаҳандаи мағз бувад. Вай чун машима вазъи рагҳои андар хеш бофтаро ва инчунин [вазъи] он қисм [аз рагҳоеро] муҳофазат ҳамекунад, ки андар бисёре аз ҷойҳои зиреҳбофтшудаи мағз нуфуз карда, то ба шикамҳои он рафта расидаанд. Ин [парда] ба наздики бахши пасин расида якбора бурида гардидааст, аз баҳри он ки бахши пасин ба иллати сахтии хеш аз вай бениёз бувад. Пардаи сахт ба мағз часпида нест ва на низ ба пардаи тунук ба тавре часпидааст, ки ба ҳама ҷой андар якдигар фурӯ рафта бошанд, балки вай аз он ҷудо буда, миёни онҳоро рагҳое ба ҳам бипайванданд, ки андар пардаи сахт фурӯ рафта, ба сӯи пардаи тунук гузаштаанд. Пардаи сахт ба ёрии бандакҳои пардагие ба сӯи устухони оҳиёна бардошта шудааст, ки аз худи он рӯида, онро ба дарзҳо барбастаанд, то ки бар мағз сахт гаронӣ наоварад. Ин бандакҳо аз тариқи дарзҳо ба беруни оҳиёна баромада, андар он ҷой растаанд, то аз онҳо пардае бофта гардад, ки косаи сарро печида бошад ва бад-ин гуна пайвастагии пардаи сахт бо оҳиёна низ мустаҳкам бигардад.
Мағзро ба дарозо се шикам аст8, вале ҳар як шикам ба паҳно дорои ду бахш буда, бахши пешин ба таври ҳисшаванда ба ду ҷузъ – яке аз рост ва яке аз чап ҷудо гардидааст. Ин бахш барои бӯй кашидан, ба ронда шудани фазлаҳо аз тариқи атса, ба тақсим кардани қисми бештари рӯҳи ҳассос ва бар корҳои қувваи мутасаввира, ки яке аз қувваҳои андарёбандаи ботинист, ёрӣ ҳамедиҳад.
Аммо шиками пасин бошад, низ бузург аст, аз баҳри он ки вай тиҳигоҳи андоми бузургеро пур кардааст ва аз баҳри он ки вай сарчашмаи чизи бузурге, яъне ҳароммағз буда, бахши бештари рӯҳи ҳаракатдиҳанда аз он тақсим бигардад ва корҳои қувваи ҳофиза андар он ҷой ба амал оянд. Лекин [бахши пасин] аз бахши пешин, балки дурусттараш аз ҳар кадоми ду шиками бахши пешин хурдтар аст ва изофа ба ин вай тадриҷан хурд гардида, ба ҳароммағз табдил ёбад ва тадриҷан зич шуда, то ба сахтӣ бирасад. Аммо шиками миёнгин чун гузаргоҳест аз бахши пешин ба сӯи бахши пасин ва он мисли даҳлезест, ки миёни ҳар ду бино шуда, ҳар дуро бипайвандад. Бад-ин сабаб вай бузургу тӯлонист, чаро ки он аз як бахши бузург ба бахши бузурги дигаре бибарад, ба миёнчии он рӯҳи пешин ба рӯҳи пасин бипайвандад ва инчунин шабаҳҳои ба хотира (мутазаккира) оварда шавандаро бигузаронад. Саргаҳи ин шиками миёнгин низ бо сақфе, ки аз дарун чун тоқ курашакл аст9 ва бад-он номаш хонанд, пӯшида шудааст, то ки ҳамчун гузаргоҳе буда бошад ва ба изофаи он ба сабаби гирдашаклии хеш аз расидани газандҳо эмин буда, тоби бардоштани он ҳиҷоби пурчинеро дошта бошад, ки бар вай такя дорад. Андар ин ҷой ҳар ду шиками пешини мағз ба тавре ҷамъ омадаанд, ки аз фароғии бахши пасини ин гузаргоҳ бинамояд.
Ин ҷойгоҳро «фароҳамгоҳи ду шикам» номанд ва худи ин гузаргоҳ шикам бувад. Азбаски ин гузаргоҳест, ки аз тасаввур ба ҳифз бирасонад, пас он, чунонки медонӣ, беҳтарин ҷойгоҳи андешаву тахайюл бувад. Далели ҷойгоҳи қувваҳои содиркунандаи ин феълҳо будани ин шикамҳо ин аст, ки ҳар гоҳ онҳоро газанде бирасад, баробари газанд дидани ҳар бахше кори вай низ ботил бигардад ва ё ба газанд гирифтор шавад. Бархе аз пардаи тунук андарун даромада, [сатҳи] шикамҳои мағзро то ба фароғие пӯшидааст, ки ба наздики «айвон» ҷой дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор