Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бояд бидонӣ, ки доруҳои моеъро, чунонки ёд кардем, ба таври чаконидан барои сар ба кор бибаранд ва онҳоро ё андар гирдаи хамирӣ бигиранд ва ё пораи пашмиро андар онҳо тар намуда, бар сар бипечанд. Маҳалли рехтани онҳо бояд бахше бошад, ки ба пешгоҳи тораки сар пайваста аст. Агар бархе аз ин доруҳо шир бошад, [13] (24) бояд олудагии он бар сар боқӣ намонад, балки шуста шавад ва набояд як худи он андар гирдаи тоҷшакл муддати зиёд нигоҳ дошта шавад, балки онро нав бояд кард, зеро зуд ганда хоҳад шуд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки ин гуна доруро баъд аз тарошидани мӯй ба кор бибаранд ва ҳамаи зимодҳо ва чарбҳоро низ чунин кунанд.
Ҳар гоҳ худовандони бемориҳои моддии сарро ғизо бидиҳӣ, дасту пояшонро бимол, сӯи сарро сабукӣ овар, онро бо доруҳои пасгардонандаи [модда] қавӣ соз ва баъд аз он ба ҳасби он камият ва кайфияти модда, ки мушоҳада кардӣ, ӯро ғизои муносибе бидеҳ ва назирҳои ин [ҳолро] бад-ин қиёс бидон.

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ДАРДҲОИ САР, КИ ИН ГУНАҲОИ САРДАРД
БУДА, АЗ СИВУ ЧАҲОР ФАСЛ ИБОРАТ АСТ

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни сардард

Сардард ин дарди андомҳои сар аст ва сабаби ҳар дарде якбора дигаргун шудани мизоҷ ва ихтилофи он, ё гусастани пайвастагӣ ва ё якҷоя ба амал омадани ҳардуст.
Дигаргун шудани мизоҷ яке аз шонздаҳ [бадмизоҷии]51 маъруф аст. Тарии [мизоҷ] боиси падид омадани дард намегардад, магар бо моддае бошад, ки ба ҳаракат омада, пайвастагиро пора кунад. Пора шудани пайвастагӣ маълум аст ва намудҳои он ба ҳасби сабабҳояш буда, [низ] маълуманд. Ба ҳам ҷамъ шудани ду сабаби дард ба ҳангоми омосҳо ба амал ҳамеояд. Намудҳои омосҳо, чунонки медонӣ, башумороянда ва чаҳортоянд. Ҳамаи онҳо гоҳе андар худи гавҳари мағз, гоҳе андар пардаи ӯро печида, гоҳе андар ду пардаи ӯро печида, гоҳе андар рагҳо ва гоҳе андар пардаҳои беруни косаи сар ба сабаби он алоқамандиҳои миёни онҳо, ки зимни илми ташреҳ маъруфу мавсуф аст, падид оянд. Сабаби озордиҳандаи ҳар кадоми ин андомҳо гоҳе андар худи он андом ҷой дорад ва гоҳе ба анбозии андоми дигаре ба вуҷуд ояд. Ин ё андомест, ки миёни ӯву андоми сар бо шохаҳои асаб пайвастагист, чунончи меъда, заҳдон, ҳиҷоб ва андомҳои дигаре, ки агар бошанд, чунинанд, ё андомест, ки миёни ӯву мағзро шохаҳои рагҳои варидӣ ва шараёнӣ пайваст кунанд, чунончи дил, ҷигар ва испурч ҳамин гуна буванд ва ё андомест, ки ба таври дигаре бо [мағз] ҳамсоягӣ дорад, чунончи шуш: азбаски андар зери [мағз] ҷойгир аст, осебҳои он ба мағз бигзаранд. Ё ин андомест, ки аз як сӯ бо як андом ва аз сӯи дигар бо мағз анбозӣ дорад, масалан, анбозии мағз бо гурда андар дардҳои гурда ҳамин тавр аст ва ё мағзро тамоми тан анбозӣ кунад, чунончи ҳангоми табҳо чунин бошад. [Дарде], ки ба анбозии [дигар андомҳо] аст, дорои давраҳо ва навбаҳоест, ки ба ҳасби давраҳову навбаҳои сабаби андар андоми анбоз ҷойдошта буванд. Масалан, рехтани моддаҳои заҳравӣ ва ё ғайри он ба меъда агар даврӣ бошад, сардарде, ки ба анбозии меъда падид ояд, низ чунин аст

ва ё [сардарде], ки ҳамроҳи давраҳои афзоиши намудҳои гуногуни табҳо падид ояд, низ чунин бувад.
Сардардро мумкин аст аз ҷиҳати дигар тақсим намуд.
Як қисм аз он сардардест, ки сабаби падид омадани он синфе аз сабабҳои берунист: масалан, сардарди аз хумор буда то даме, ки сардарди хуморист ва ҳанӯз ба иллати устувор гардидани сабаби бузургтар ва аз хумор падидомада устуворӣ наёфтааст, чунин аст; ва ё масалан, сардарде, ки аз хӯрдани чизи гарме аз қабили сир ва ғайри он падид ояд, [низ чунин аст]. Қисме дигар аз он сардардест, ки сабабаш сабаби гузашта буда, чун [ба андом] пайвастааст, боқӣ мондааст ва [сардард ҳам] аз баҳри он боқист.
Сардард гоҳе мумкин аст араз бошад ва сипас беморӣ бигардад. Агар он баъд аз табҳои гарм ҳамчун беморӣ боқӣ бимонад, огоҳӣ аз иллатҳои мағзӣ диҳад ва далели он бошад, ки табиат аз рондани пурраи модда аз тариқи хуни бинӣ ва ё ғайри он оҷиз мондааст. Аз ҷумлаи он иллатҳое, ки [чунин сардард] аз онҳо огоҳӣ диҳад, ин субот, сакта, девонагӣ ва ё ба ҳасби гавҳари модда ва ҳаракати он истирхо ва карии мутлақ бувад.
Сардард мумкин аст аз ҷиҳати ҷойгоҳи худ [ба навъҳо] тақсим гардад. Вай гоҳе андар яке аз ду нимаи сар падид ояд ва он бахш аз ин сардардро, ки одатӣ ва доимӣ гардидааст, «шақиқа» номанд. Сардард гоҳе андар пешгоҳи сар ва гоҳе андар бахши пасини он падид ояд. Вай гоҳе мумкин аст тамоми сарро фаро бигирад ва ҳар гоҳ ин гуна сардард одатӣ ва доимӣ бигардад, онро ба хӯди ҷангие, ки ҳамаи сарро бипӯшонад, ташбеҳ дода, «байза» ва «хӯд» хонанд.
Сардард мумкин аст аз ҷиҳати сахт, миёна ва суст будан гуногун бошад. Навъе аз сардард чунон сахт бувад, ки агар андар тораки сари кӯдак падид ояд, устухони онро нармтар намуда, пора кунад ва дарзашро биканад.
Бархе аз сардард суст аст, чунонки аксар вақт сардарде, ки ба ҳангоми лисарғус падид ояд, чунин бувад. Бархе аз (25) сардарди суст доимист ва бархе ғайридоимӣ. Сардарде, ки сабабаш нотавонист, баъзеҳоро рӯй диҳад ва баъзеҳоро не, зеро он касеро ба амал ояд, ки ҳисси мағзаш қавист, на касеро, ки ҳисси мағзаш нотавон бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ