Қонуни тиб

Як драхмии онро аз барои дарди ҷигар биошомонанд.
Андомҳои ронанда: Ғориқун хилтҳои ситабри омехтаи аз савдо ва балғам иборатро ба исҳол берун кунад ва як ошомидании он аз як то ду драхмӣ ва хусусан бо молиқиротун бошад. Гоҳе он доруҳои шикаморандаро ёрӣ диҳад ва онҳоро то ба дуртарин ҷойҳои тан бирасонад. Ғориқун пешобу хуни ҳайзро битозонад ва дарди гурдаро фурӯ нишонад. Як ошомидании он аз барои ин ғараз ба миқдори як драхмист. Он аз ихтиноқи заҳдон фоида дорад.
Табҳо: Ғориқун аз табларза ва аз табҳои куҳани ситабр судманд аст. Агар як мисқоли онро бо шароб пеш аз даври [хуруҷи таб] бидиҳанд, табларзаро манъ кунад.
Заҳрҳо: Бо он аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор зимод ниҳанд. Агар аз як мисқол то ду драхмии онро бо шароб бидиҳанд, аз барои ин суди ниҳоят азим бахшад.
Бо он аз газидагии ҷунбандагони зиёнкори сардзаҳр зимод кунанд.
801. ҒОР1 – ДАҲМАСТ, даҳмушт, ғор Laurus nobilis L.
Моҳият: Донаи он ба шакли фундуқҳои хурд аст ва болои онро пӯстҳои сиёҳи тунук пӯшонидаанд. Ба ҳангоми пахш кардан ду пора шуда, аз он тухмҳои сиёҳи моил ба зардӣ берун оянд. Таъми онҳо хуш ва бӯяшон атрист.
Барги даҳмаст чун барги мӯрд, вале бузургтар аст ва самари он сурх бувад. Даҳмаст андар ҷойҳои кӯҳӣ бирӯяд.
Қувваи он андар самар ва барги он бувад.
Табъ: Донаи он гармтар ва пӯстҳояш камтар гарманд ва умуман худи он андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Донаи даҳмаст ковоккунанда аст ва ҳамаи бахшҳои он гармиоварандаанд. Донаи он гармтар аз баргаш аст ва гармифизоию хушкиоварии ҷузвҳои он қавист. Донаи он расотар ва лифи он заифтару камтар гарманд. Равғани он аз равғани бодом гармтар бувад.
Оростагӣ: Даҳмастро бо шароб бар баҳак тило кунанд.
Омосҳо ва табишҳо: Даҳмаст бо нону пист барои омосҳои гарм судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Даҳмаст аз ҳамаи дардҳои асабҳо суд дорад ва равғани он мондагиро бибарад.
Андомҳои сар: Даҳмаст ва инчунин равғани он сардардро ҳал кунад. Онҳо барои дардҳои сарди гӯш низ нофеъ буда, шунавоиро баргардонанд ва аз бонг задан ва назлаҳои гӯш суд бахшанд.
Андомҳои сина: Даҳмастро агар бо ангубин билесанд ва ё тило кунанд, аз зиқи нафас ва нафаси росто судманд бошад ва аз барои сайлони фазлаҳо ба сӯи шуш низ ҳамчунин бувад. Аз он бо ангубин аз барои решҳои шуш ва нафаси росто лесиданӣ омода созанд ва хусусан донаи он судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Равғани онро агар бо шароби райҳонӣ бидиҳанд, аз дарди ҷигар нофеъ бошад ва пӯсти он низ чунин бувад. Лекин донаи он меъдаро суст кунад ва қай биангезад.
Андомҳои ронанда: Равғани он маниши гаштан ва қай оварад ва андар он хосияти ҳайзу пешоб тозондан аст.
Ҷӯшонидаи барги он, ҳатто ба тариқи нишастан андар он, аз бемориҳои обгаҳ ва раҳм суд бахшад. Як ошомидании
он аз барои исҳол овардан ду дирам ва бо оби ангубин ва сикангубин бувад. Агар аз қишри он як драхмӣ биошоманд, ба сабаби бештар аз дигар чизҳо талх будан сангро хурд кунад ва ҷанинро бикушад. Як ошомидании он нуҳ қирот аст. Донаи он низ сангро хурд кунад.
Табҳо: Равғани он ба тариқи андудан аз фарошо судманд бошад.
Заҳрҳо: Даҳмастро аз барои газидагии каждум бо шароб бидиҳанд, Сабзи он аз барои газидани занбӯрҳо ва магаси ангубин зимоди хубест. Умуман, даҳмаст тарёки ҳама гуна заҳри ошомида бувад.
Ҷойнишинҳо: Барги сисанбар ҷои онро бигирад.
802. ҒОФАТ – АЛАФИ ГУЛӮДАРД
Agrimonia Eupatoria L.
Моҳият: Ин яке аз гиёҳҳои хордор буда, баргаш чун барги шаҳдона ва ё чун барги фантофилун1 ва гулаш чун нилуфар буванд. Худи он ва ё бехи онро ба кор баранд.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Ғофат латифи буранда буда, бекашишу гармии намоёне бизудояд. Он андаке гирандагию тундӣ дорад, вале талхияш чун талхии сабр қавӣ бувад.
Оростагӣ: Ҳангоми оғози «бемории рӯбоҳ» ва «бемории мор» аз барои онҳо некӯст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: (469) Онро бо пиҳи куҳан бар решҳои ба душворӣ фароҳамоянда тило кунанд ва фишурдаи онро агар бо оби шоҳтара ва сикангубин биошоманд, аз гар ва хориш суд бахшад. Гули он низ чунин аст, вале фишурдааш қавитар бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гиёҳ ва фишурдаи он аз барои дардҳову суддаҳои ҷигар судманд буда, онро қавӣ созанд ва [низ] аз сахтии испурч, омосҳои ҷигар ва омосҳои меъда суд доранд. Ғофат аз бадгуворӣ ва оризаҳои истисқо нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Онро чун бо шароб бидиҳанд, аз решҳои рӯда суд бахшад.
Табҳо: Ғофат ва хусусан фишурдаи он ва алалхусус бо фишурдаи афсинтин аз табҳои деррав ва куҳан судманд аст.
Ҷойнишинҳо: Ба қадри вазни он асорун ва ними вазни он афсинтин ҷои онро бигиранд.
803. ҒОҒОТӢ1 – ШАБА
Gagates
Моҳият: Ин санги сабукест, ки бӯи мумиё диҳад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз ниқрис судманд аст.
Андомҳои сар: Агар онро ба каси гирифтори саръ дуд андозанд, суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Аз ихтиноқи заҳдон судманд аст.
Заҳрҳо: Дуди он ҷунбандагони зиёнкорро биронад.
804. ҒИРО – СИРЕШУМ
Gluten
Табъ: Сирешуми пӯстҳо андар дараҷаи якум гарми хушк аст ва сирешуми моҳӣ камтар гарм, лекин хушк бувад.
Хосиятҳо: Ҳамаи сирешумҳо дорои қувваи часпонанда ва хушккунандаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор