Қонуни тиб

Бинобар ин, бояд матлабро аз он ҷой ҷуст.
Ин аст поёни гуфтор аз ҳарфи «зод» ва маҷмӯи он аз ҳафт дору иборат аст.
Фасли бистуҳафтум
гуфтор андар баёни ҳарфи «изғӣ» /ظ/
- ЗАЛИМ – ШУТУРМУРҒ
Struthio camelus
Моҳият: Андар баёни ин андар фасли «нун» ҳангоми зикри «наъом» гуфта омад1. - ЗИЛФ – СУНБ
Ungula
Моҳият: Ин маъруф аст.
Оростагӣ: Агар хокистари сунби бузро бо сирко ва ё бо шароб сиришта,бар «бемории рӯбоҳ» тило кунанд, ба таври намоён суд бахшад.
Ин буд поёни гуфтор аз ҳарфи «зо» ва маҷмӯи он чи ки андар ин ҷо ёд кардем, беш аз ду доруст.
Фасли бистуҳаштум
гуфтор андар баёни ҳарфи «ғайн» /غ/
- ҒУБАЙРО – САНҶИД
Pyrus sorbus Gaertn.
Табъ: Андар ибтидои дараҷаи якум сард ва андар охири дараҷаи дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Ҳар гуна сайлонро боз дорад ва он аз дӯлона камтар қабз кунад ва бибандад. Санҷид сафрои ба сӯи андомҳои андарунӣ резандаро пас бигардонад. Агар онро нуқл кунанд, мастӣ дер ояд.
Андомҳои сина: Аз сурфаи гарм суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Қайро манъ кунад.
Андомҳои ронанда: Аз саҳҷи сафровӣ судманд буда, шикам ва қайро бибандад. Дӯлона ҳам чунин бувад. Санҷид аз бисёр пешоб кардан суд дорад. Орди он камтар аз дӯлона шикам бибандад ва ҳар ду шикам бибанданд, вале пешобро не. - ҒОРИҚУН1 – ҒОРИҚУН, ЧАНБУЧИ
ДАРАХТ
Polyporus officinalis Fr.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки он нару мода аст.
Гунае аз ғориқун ба бехи ангудон монандӣ дорад, вале зоҳири он андар сахтӣ ба зоҳири бехи ангудон нахоҳад расид. Гурӯҳе гуфтаанд, ки ғориқун ба тариқи гандидан андар дарахтони кирмхӯрда падид ояд. Андар таъми он тезӣ ва гирандагист ва гавҳари он обӣ, бодӣ ва хокии латиф бувад. Фарқ миёни нар ва модаи [ғориқун] он бошад, ки андар дохили модаи он табақаҳои ростраванда ёфт шавад, вале нари он гирдашакли бетабақа, балки чизи якпорчагӣ бувад. Ҳар ду андар оғози падидоӣ аз ҷиҳати табъ ҳамранганд ва андар таъми онҳо шириние ёфт шавад. Сипас, баъдан таъми онҳо аз ҳолати ширинӣ бигардад ва
андар он андаке талхӣ падид ояд. Бояд аз он ба ҳасби беморӣ, андозаи қувват, синн, одат ва боду ҳавои ҳозир буда ошоманд, зеро ба назар гирифтани ин чизҳо аз ҷумлаи заруриёти ҳолати муолаҷа бувад.
Ихтиёр: Хуби он суфта, сафед, чаҳорсӯ, резонак ва ниҳоят сабуки гӯшаҳояш ҳамвор буда, андар талхии он шириние ёфт шавад ва совидаи он дорои пораҳои хурд бошад. Ин ғориқуни мода бувад. Ғориқуни нар хуб нест. Сахту сиёҳи он ҳар ду ниҳоят баданд.
Табъ: Ғориқун андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Ғориқун ҳалкунанда буда, хилтҳои ситабрро бибуррад, ҳамаи суддаҳоро бакушояд ва латифӣ оварад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки он дорои қувваи гиранда аст ва андар аввали чашидан ширин, сипас талх бинамояд.
Омосҳо: Ғориқун барои ҳамаи омосҳо судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бо сикангубин аз барои қавин бидиҳанд ва он яке аз доруҳоест, ки бо хосияти доштаи хеш фазлаҳои асабҳоро пок кунад. Вай аз сустии мушакҳо ва аз афтидагӣ суд бахшад. Як ошомидании он се қирот бувад. (468) Агар таб бошад, онро бо молиқиротун ва ё гулоб биошоманд.
Андомҳои сар: Худовандони саръро судманд аст ва бо хосияти хеш фазлаҳои мағзро пок кунад.
Андомҳои сина: Агар онро бо тило биошоманд, аз дамкӯтоҳӣ ва реши шуш суд дорад. Як ошомидании он то як драхмист. Агар се убулуси онро бо об бидиҳанд, аз хунпартоие, ки аз сина бошад, судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ғориқун аз ярақон судманд аст ва онро бо сикангубин аз барои варами испурч бидиҳанд.
Агар онро танҳо бихоянд ва ё фурӯ баранд, аз дарди меъ да ва аз оруғи туруш суд бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор