Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ЗУБОБ – МАГАС
    Musca domestica
    Заҳрҳо: Исо гуфтааст: «Ман магасро борҳо санҷидаам, онро судманд дарёфтам». Агар магасро бар маҳалли газидагии каждум бимоланд, суди намоёне бахшад.

  2. ЗИЪБ – ГУРГ
    Canis lupus
    Андомҳои ронанда: Гуфтаанд, ки саргини гург ба ҳангоми қулинҷ бисёр аҷиб аст.
    Ин аст поёни гуфтор аз ҳарфи «зол» ва маҷмӯи он доруҳое, ки ёд кардем, аз шаш адад иборат аст.

Фасли бистушашум

гуфтор андар баёни ҳарфи «зод» /ض/

  1. ЗАРВ – ЗАРВ
    Pistacia lentiscus L. seu P. terebinthus L.
    Моҳият: Зарв маъруф аст ва «рубби зарв» ин самғи он аст, ки ба Макка оваранд ва ба ин исмаш хонанд.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар якум тар аст.
    Хосиятҳо: Зудояндаи ҳалкунанда буда, аз умқи тан [моддаҳоро] бикашад. Самғи он самғест, ки андар дарахти камком ёфт шавад ва он андар қувват чун лозан буда, хушбӯй аст ва ба Ҳалаб андар қатори хушбӯиҳои занон бидарояд.
    Андомҳои сар: Рубби зарв аз оби даҳон рафтан ва решҳои он сахт судманд аст.
    Андомҳои ронанда: Андар он қувваи шикам бастан аст.

  2. ЗАЙМУРОН – ЗАЙМУРОН
    Ocimum basilicum L.; mentha aquatica z.
    Моҳият: Гуфтаанд, ки он «шоҳисфарами ҳамоҳим» аст.
    Табъ: Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки он дорои гармист ва андар дараҷаи дуввум хушк аст. Бисёр касон гӯянд, ки он сард аст, аз баҳри он ки каси гарммизоҷ аз гармии он озор набинад, вале ҳамоҳим андар дараҷаи якум сард аст.
    Аммо дурусттар ин аст, ки қуввати он аз гармию сардӣ мураккаб аст ва мумкин аст, ки андар он сардӣ ғолиб бошад.
    Хосиятҳо: Займурон ва хусусан агар бар он гулоб пошида бошанд, барои гарммизоҷон судманд аст.
    Решҳо: Бо он сӯхтагиро зимод кунанд.
    Андомҳои сар: Займурон аз қулоъ сахт нофеъ аст.
    Ҳамоҳим суддаҳои мағзро бикушояд.
    Андомҳои ронанда: Тухми бирёни онро бо равғани гул ва оби сард аз барои исҳоли деррав бидиҳанд.

  3. ЗАРЪ – ШИРДОН
    Uber
    Табъ: Ширдон ба сабаби асабҳои зиёди андар он буда сарди хушк аст.
    [Андомҳои] ғизокашӣ: Ширдони пуршир агар гуворида гардад, ғизои он ба ғизои гӯшт наздик бувад. Сутудатарини он ширдонест, ки ширдор буда, ба он хушбӯиҳо зада бошанд, зеро хушбӯиҳо фурӯ хамидани онро битезонанд. Ширдони ҳайвони хубгӯшт хубхилт ва ситабру қавист.

  4. ЗИФДАЪ – ҒУК
    Rana ridibunda, R. temporaria
    Хосиятҳо: Агар хокистари ғукро бар маҳалли хунравӣ биниҳанд, хунро манъ кунад.
    Оростагӣ: Чунонки гӯянд, агар ғукро бо намаку равғани зайтун биҷӯшонанд ва бихӯранд, подзаҳри ҷузому ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор бошад.
    Омосҳо: Ҷӯшонидаи онро агар бар омосҳои ватарҳо бирезанд, судманд бошад.
    Андомҳои сар: Гуфтаанд, ки агар бо ҷӯшонидаи ғукҳои рӯдӣ барои дарди дандонҳо мазмаза кунанд, дардро бибарад, лекин андар ин он чи ки рост ҳаст, ҳаст. Ҷирми ғук ва хусусан пиҳи он аз ҷумлаи чизҳое бошад, ки кандани дандонҳоро осон бигардонад. Ба гумонам ин ғуки дарахтии бӯстонист, зеро ба шаҳодати пизишкон ва оммаи таҷрибадорон чаҳорпоён ҳар гоҳ ҳангоми алаф хӯрдану чаро кардан ин гуна аз ғукро бихӯранд, дандонҳояшон биафтанд.
    Заҳрҳо: Ҳар кӣ хун ва ё ҷирми онро бихӯрад, танаш варам кунад, рангаш тира гардад, манӣ афканад ва ҳатто бимирад. Гуфтаанд, ки агар онро бо намак ва равғани зайтун пухта, бихӯранд, подзаҳри ҷунбандагони зиёнкор ва ҷузом бошад.

  5. (467) ЗАЪН – ГӮСПАНД
    Ovis aries z.
    Хосиятҳо: Қувваи заҳраи он чун қувваи заҳраи гов бувад.

  6. ЗАББ – СУСМОР
    Lacerta caudiverbera seu L. Aegyptia
    Моҳият: Сусмор ҳарчанд ба варале, ки андар ватани мо ёфт шавад, шабеҳ аст ва андар ҳолатҳо ва қувваҳо бадон наздикӣ дорад, вале ғайри он бошад. Сусмор камёфт буда, танҳо андар Арабистон вуҷуд дорад.
    Оростагӣ: Саргини онро чун бар доғи кунҷида ва кунҷидаи сурх тило кунанд, суд бахшад.
    Андомҳои чашм: Саргини он аз барои сафедии чашм ва аз фуруд омадани об суд дорад.

  7. ЗАБЪ – КАФТОР
    Нуаеnа hyaena L.
    Хосиятҳо: Мо андар Китоби севвум ғояти андозаи судмандии онро аз барои ниқрис ва дарди бандкушоҳо баён кардем1 ва моро ҳоҷат ба такрори он нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ