Қонуни тиб

Фасли биступанҷум
гуфтор андар баёни ҳарфи «зол» /ذ/
-
ЗАҲАБ – ЗАР, ТИЛЛО
Aurum
Моҳият: Ин гавҳари гиромист.
Табъ: Зар латифи муътадил аст.
Хосиятҳо: Сунеши он андар таркиби доруҳои савдо бидарояд. Беҳтарин доғ мондан ва аз ҳама тезтар сиҳатшавандаи он доғмониест, ки бо доғмони заррин анҷом бидиҳанд.
Оростагӣ: Андар даҳон гирифтани зар ганди онро бибарад. Сунеши он андар таркиби доруҳои андуданӣ ва ошомиданиҳои «бемории рӯбоҳ» ва «бемории мор» бидарояд.
Андомҳои чашм: Зар ба тариқи ба чашм кашидан онро қавӣ созад.
Андомҳои сина: Зар аз дардҳои дил, аз хафақон, аз худ ба худ сухан гуфтан [ва аз хубсу-н-нафс]1 ба ғоят судманд аст. -
ЗАРИРА1 – НАИ БӮЁ
Calamus aromaticus; Acorus calamus L.
Моҳият: Ин андар фасли «қоф» зимни «қасабу-з-зарира» (наи бӯё) гуфта шуд, вале тарафи дигаре аз феълҳои онро андар ин ҷо мо ёд кунем.
Решҳо: Гуфтаанд, ки ҳеҷ чиз аз барои оташсӯхта аз наи бӯё, ки бо равғани гул ва сирко ба кор бурда бошанд, беҳтар нест.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз омосҳои меъда ва рӯдаҳо, аз омосҳои ҷигар ва аз истисқо судманд аст. -
ЗАНБУ-Л-ХАЙЛ – АСПЛУНҶ
Equisetum arvense L.
Моҳият: Ин растаниест, ки андар роҳҳову хандақҳо бирӯяд. Вай шохаҳое дорад, ки дарунтиҳии моил ба сурхӣ буда, чӯбмонанди сахт ва дорои гиреҳҳои дарҳамрафта аст. Ба наздики гиреҳҳо [баргҳое дорад], ки чун барги гӯргиёҳ борики зич ҷойгиршудаанд ва ба дарахтҳои наздики худ бичаспанд. Аз он мӯякҳои зиёде чун дунби асп овезонанд. Асплунҷ дорои бехи сахт аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Асплунҷ гиранда аст ва хусусан фишурдаи он бидуни газанд ниҳоят хушкӣ оварад ва аз барои хунравӣ сахт судманд бошад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳо ва ҷароҳатҳоро ба таври аҷиб фароҳам орад ва агар андар онҳо асаб бошад, ҳам фароҳам оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар онро тило кунанд ва ё бо он зимод биниҳанд, аз даридагии миёнаҳои мушакҳо судманд бошад. Асплунҷ фатқи рӯдагии хояро пажмурда кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз омосҳои меъда ва ҷигар ва аз истисқо судманд аст. -
ЗАРОРИҲ1 – ЗАРРӮҲҲО, КОҒНАҲО
Lytta vesicatoria
Моҳият: Ин ҷонварест шабеҳ ба шабгазҳо, вале сурх бувад. Он навъе, ки андар миёни гандум ёфт шавад ва андар он ҷой падид ояд, [таъсираш] аз ҳама тезтар бувад ва аз барои захира кардан созгор аст. Лекин бояд онро андар ҷогаҳи сафолин гирифта, сари онро бо пораи катони тунуки пок бибаст. Он [ҷогаҳро] сарнагун гирифта, даҳони онро бар бухори сиркои хамрии тези ҷӯшон бидоранд ва то мурдани коғнаҳо ҷогаҳро бад-ин ҳол бидоранд. Сипас, баъд аз мурдан онҳоро андар риштаи катонӣ кашида, захира кунанд.
Ихтиёр: Қавитарини коғнаҳо аз ҷиҳати таъсир онҳоест, ки ба рангҳои гуногун буда, андар болҳояшон бар паҳно рахҳои зард дошта бошанд ва ба бузургӣ чун нонхӯракҳо буванд. Он коғнаҳое, ки ба як ранг ва ғайри мухталифанд, таъсирашон камқувват аст.
Табъ: Баъзеҳо гуфтаанд, ки он ба ифрот гарм аст ва баъзе касони дигар гуфтаанд, ки он андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст. Гуфтаи якум саҳеҳтар аст.
Хосиятҳо: Коғнаҳо гарм, тез, гандонанда ва сӯзандаанд.
Оростагӣ: Агар онро тило кунанд, озахҳоро биканад.
Аз он мумравған сохта, бар сафедии нохунҳо тило кунанд, судманд бошад ва агар бо он зимод кунанд, нохунҳои канданашон лозимро зуд биканад. Коғнаро агар бо сирко тило кунанд, баҳак ва барасро бибарад. Агар совидаи онро бо хардал тило кунанд, мӯйро бирӯёнад. Агар онро бо равғани зайтун то ситабр гардидан биҷӯшонанд, низ чунин бувад.
Омосҳо: Коғнаро чун бар омосҳои саратонӣ тило кунанд, онҳоро ҳал кунад.
Решҳо: Коғнаро бар гар ва парюнҳо тило кунанд.
Андомҳои чашм: Гуфтаанд, ки он нохунаро сахт биканад.
Андомҳои ғизокашӣ2: Андаки он (466) пешобро чунон битозонад, ки ҳатто аз истисқо нафъ кунад.
Андомҳои ронанда: Андаки он низ доруҳои пешобтозонандаро аз ғайри зиёне расондан ёрӣ диҳад. Коғна хуни ҳайз оварад ва бача биафтонад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки додани як донаи он ба касе, ки аз бемории обгаҳ шикоят дошта, андар ин кор ягон илоҷе суд набахшида бошад, судманд аст. Ошомидани се тассуҷ аз он обгаҳро реш кунад. Ҷолинус гуфтааст, ки обгаҳро реш кардани он аз сабаби он аст, ки ба изофаи хосияти худ моддаи тезро ба сӯи обгаҳ бигардонад ва тан аз [чунин моддаҳо] холӣ нест.
Заҳрҳо: Бархе аз мардум чунин ақида доранд, ки агар болу пойҳои онро баъд аз [ошомидани коғна] биошоманд, ба он зид барояд. Гуфтаанд, ки агар ҳар кӣ як мисқоли онро биошомад, танаш варам кунад, пешобаш хун бигардад ва худи ҳамон рӯз бимирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор