Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Афзорҳои пайвандгоҳҳо: «Панҷбарг» аз дардҳои бандкушоҳо ва қавин судманд аст ва ошомидану зимод кардани он аз фатқи хоя суд дорад.
Андомҳои сар: Ҷӯшонидаи бехи онро аз барои дарди дандон ва қулоъ мазмаза кунанд ва барги онро аз барои сардард сӣ рӯз бо шароб биошоманд.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Бо оби ҷӯшонидаи он аз барои дуруштии гулӯ ғарғара кунанд ва фишурдаи бехи он аз барои дарди шуш [хуб аст].
Андомҳои ғизокашӣ: Фишурдаи бехи онро агар бо намак ва ангубин як чанд рӯз биошоманд, аз барои дарди ҷигар ва ярақон [нофеъ бошад]. Як ошомидании он се қавосус аст.
Андомҳои ронанда: Бехи он аз исҳол, решҳои рӯдагон ва бавосир судманд аст ва ҷӯшонидаи бехи он низ чунин бошад.
Табҳо: Барги он бо оби ангубин ва ё бо шароб аз барои табҳои чаҳоррӯзӣ ва навба [судманд аст].
Заҳрҳо: Фишурдаи бехи он доруи марговар аст.
777. ХУНДРУС – ХАНДАРУС, ГАНДУМИ РУМӢ
Triticum spelta Z.
Моҳият: Ин гандуми румист.
Табъ: Ғизои он аз ғизои гандум сардтару камтар аст, вале бо вуҷуди ин хуб, зиёд, қавӣ ва ситабр бувад.
778. ХОМОЛОВАН1 – 1) ХОМОЛОВАНИ СИЁҲ;
2)ХОМОЛОВАНИ САФЕД

  1. Cardopatium corymbosum Pers.; 2) Atractylis gummifera L.
    Хосиятҳо: [Хомоловани сиёҳро] аз барои ягон коре наошоманд, лекин аз берун ба кор баранд. Вай аз ҷумлаи доруҳои зудояндаи берунӣ буда, андар таркиби зимодҳои нармкунандаи ҳалкунанда бидарояд.
    Оростагӣ: Онро бар баҳак тило кунанд.
    Решҳо: Онро бар гар ва парюнҳо тило кунанд ва решҳои хӯрдашударо бо он зимод созанд.
    Андомҳои ғизокашӣ: Аз бехҳои хомоловани сафед ба қадри як уксубофун бо шароб бидиҳанд, худованди истисқоро судманд бошад.
    Андомҳои ронанда: Бехи навъи сафеди он кирмҳоро бикушад.
    Заҳрҳо: Андар таркиби навъи сиёҳи он чизи қаттол аст.
  1. ХУРЪ – БИРОЗ
    Excrementa
    Моҳият: Ин андар фасли «зо» ҳангоми зикри «зибл»
    (саргин) ёд карда шуд1.
    Хосиятҳо: Ҳамаи гунаҳои он хушккунанда, ҳалсозанда ва гармиоваранда буванд.
  2. ХАРОТИН1 – ХАРОТИН, ГИЛХОРА,
    КИРМИ ЛОЙХӮРАК
    Lumbricus terrestris L.
    Табъ: Ба тахмини ман ин бояд гарм бошад.
    Решҳо: Бо кӯфтаи он чун ҷароҳатҳои асабҳоро зимод кунанд ва то се рӯз накушоянд, сахт суд бахшад.
    Андомҳои сар: Ҷӯшонидаи он бо пиҳи ғоз аз дарди гӯш судманд аст ва онро бо равғани зайтун андар тарафи муқобили дандони дардманд бичаконанд.

Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро бо тило биошоманд, ярақонро беҳ кунад.
Андомҳои ронанда: Онро нарм кӯфта, бо тило бидиҳанд, пешобро битозонад ва аз санг низ судманд бошад.
781. ХИРБАВВО – ХИРБӮВО
Amomum mezeguete Rosc.
Моҳият: Ин донаҳои хурдест, ки мисли ҳил бошанд ва аз Суфола оваранд.
Табь: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Қувваи он чун қувваи мехак аст. Он бизудояд, латифӣ оварад ва аз ҳил латифтар бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда ва ҷигари сард некӯст ва хусусан барои меъда беҳтар аз ҳил бувад.
Хирбӯво қайро бибандад.
782. ХИРВАЪ1 – БЕДАНҶИР, КАНАДОНА
Ricinus communis L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки бархе аз мардум инро «қрутин»2, яъне «кана» номанд ва аз баҳри он чунин номанд, ки донаи он ба кана шабоҳат дорад. Ин дарахти хурди ба андозаи дарахти анҷири хурд аст. Он дорои баргҳоест, ки шабеҳ ба барги чинор буда, вале бузургтар, суфтатар ва сиёҳтар [аз он] бувад. Соқ ва шохаҳои он мисли най дарунтиҳианд. Беданҷир дорои самарест, ки ба шакли хӯшаӣ ва дурушт аст. Агар самари он пӯст карда шавад, аз зери он донае ба шакли кана зоҳир гардад. Аз он равғане бикашанд, ки «қиқиюс»3 ном дорад ва он равғани беданҷир бувад. Ин на барои таом, балки аз барои чароғ ва таркиби бархе аз марҳамҳову доруҳо созгор аст. Агар сӣ донаи онро пок кунанд, хурд карда, бисованд ва биошоманд, балғамро ба исҳол оварад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Димашқӣ гуфтааст, ки беданҷир ҳалкунанда ва нармсозанда аст ва равғани он латифтар аз равғани содаи зайтун бувад.
Оростагӣ: Агар онро кӯфта, зимод кунанд, озахҳо ва доғи кунҷидаро биканад.
Омосҳо: Барги онро агар кӯфта, бо орди ҷав бисириштанд, омосҳои балғамиро фурӯ нишонад.
Решҳо: Равғани беданҷир (465) аз барои гар ва решҳои тар созгор аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар сӣ донаи онро бисованд ва биошоманд, қай биангезад, зеро он меъдаро сахт нарм карда, маниши гаштан оварад.
Андомҳои сина: Агар аз он танҳо ва ё бо сирко зимод созанд, омосҳои пистонро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Донаи совида ва ошомидаи он балғам ва заҳраро ба исҳол оварад ва кирмҳоро аз шикам берун кунад.
783. ХАМР – ХАМР
Vinum
Моҳият: Хамр қаҳва аст ва мо онро андар фасли «шин» ёд кардем1.
Ин аст охирин гуфтор аз ҳарфи «хо» ва маҷмӯи он чи ки ёд кардем, аз сиву ҳафт дору иборат аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ