Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ХУБЗ – НОН
    Panis
    Ихтиёр: Бояд нон покиза, бонамак ва хамираш хуб сириштаву расида ва андар танӯр некӯ пухта бошад ва бояд як шаб аз он гузашта бошад. Онро баробари [пухтан] гармогарм нахӯранд. Нони гарм ба наздики табиат мақбул нест. Баъди нони танӯрӣ нони фурнӣ биистад ва дигар гунаҳои нон бад бувад. Нони ситабр беҳтар аз нони тунук аст1. Хамир ҳар қадар покиза бошад, ҳамон кадар бояд онро хамирмоя зананд ва бигузоранд, то ҳар чи бештар бирасад. Хамири онро бештар сиришта ва бештар намак зананд. Нони фурнӣ мисли нони танӯрӣ, ки аз ҳар ду сӯ як хел бипазад, нест. Кумоч дарунхом аст. Нони шуста сардиовари камғизо аст, бар сари меъда бигардад, барои касони гарммизоҷ созгор бувад ва на судда оварад ва на гармӣ. Сифати шустани он ба таври зайл аст: нони шабмондаро гирифта, мағзи онро ҷудо карда, андар оби гарм тар кунанд. Сипас оби аз он ҷудошударо бирезанд ва дубора бар болои он оби нав резанд, то қувваи хамирмояи он биравад, дигаргун шавад (463) ва бағоят дам кунад.
    Хосиятҳо: Нони майда серғизотар аз дигар гунаҳои нон аст ва ғизояш беҳтар бошад, лекин дергузар аст. Нони сафед андар [ҳама] ҳолатҳои худ баъди [нони майда] биистад. Нони хушкори серсабӯс зудгузар аст, лекин камтару бадтар ғизо бидиҳад. Ноне, ки хуб пухта набошад2, серғизост ва каммоя низ чунин бувад, лекин ғизои он часпак буда, судда оварад ва ҷуз касони бисёр варзишгарро созгор нест. Кумоч аз ҳамин қабил бувад, зеро бисёр бошад, ки мағзи он нек напазад.
    Нони шуста камғизои дур аз суддаоварист ва осонгувори сабуксанг аст. Нони гандуми фурӯмоя андар ҳукми нони хушкор бувад. Хубзу-л-қатоиф (нони лавзина) хилти ситабр бизояд. Нони резонак бодангези дергувор аст. Беҳтарини он нонест, ки бо равғани бодом сиришта бошанд ва онро бояд андар соя бихушконанд. Нони ширмол серғизои дергузар ва суддаовар аст. Зимод кардан бо нон ба сабаби намакин буданаш беш аз зимоди гандум гармӣ оварад.
    Оростагӣ: Ноне, ки аз гандуми нав сохта бошанд, зуд фарбеҳ кунад.
    Омосҳо ва табишҳо: Нони гандум бо молиқиротун ва фишурдаҳои созгор аз барои омосҳои гарм хуб аст ва онҳоро нарму сард бисозад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Нонро агар бо обу намак сиришта ва бо он парюнҳоро бимоланд, суд бахшад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Нони гарм ба иллати гармии хеш ташнагӣ оварад, ба иллати рутубати бухории хеш бар сари меъда бигардад ва бад-ин сабаб зуд серӣ оварад. Нони гарм зудгувори дергузар аст.
    Андомҳои ронанда: Нони хушкор табиатро нарм кунад, нони сафед табиат бибандад ва нони бомоя нармкунанда ва нони бемоя бандандаанд. Кумоч табиат бибандад ва нони кӯҳани хушк [низ] агар бо он чизи дигар омехта набошад, банданда аст. Нони лавзина шикамро бибандад ва нони тунук беш аз нони ситабр банданда бувад.

  2. ХАБАС – РИМИ [МАЪДАНӢ]
    Scoria
    Ихтиёр: Қавитарин рим андар хушконидан рими оҳан аст.
    Табъ: Рими оҳан андар дараҷаи севвум хушк аст ва рими мис бад-он наздик буда, дигар римҳо камтар аз он гарм буванд.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи римҳо хушккунандаанд ва қавитарини онҳо андар хушконидан рими оҳан аст.
    [Ҳамаи римҳо рутубатҳоро бихушконанд]1.
    Омосҳо: Рими оҳан омосҳои гармро ҳал кунад.
    Решҳо: Рими сим аз гар ва саъфа судманд аст. Он решҳоро фароҳам оварад ва хунравии носурҳоро боз дорад.
    Андомҳои чашм: Рими оҳан аз дуруштии пилкҳо судманд аст ва рими арзиз аз решҳои чашм судманд буда, ҷои мурдосангро бигирад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Рими оҳан меъдаро нерӯманд созад, оби онро бичинад ва агар онро бо набизи куҳан бидиҳанд ва ё бо тило биошоманд, истирхои меъдаро бибарад.
    Андомҳои ронанда: Рими оҳан хунравии бавосирро бидорад ва хусусан агар андар набизи бо он омехта, ки куҳан бошад, бинишинанд, обистанро боз дорад, рафтани хуни ҳайзро қатъ кунад ва андар ин кор ба ғоят [нофеъ аст]. Ои андар пешоб низ чунин таъсир дорад. Он ба тариқи андудан шарми пасро қавӣ созад.
    [Заҳрҳо]: Рими оҳан бо сикангубин аз зиёни доруе, ки «ақунитун»2 ном дорад, судманд аст.

  3. ХОЛИДУНИЮН1 – ХОЛИДУНИЮН
    Chelidonium majus z.
    Моҳият: Баъзеҳо гуфтаанд, ки ин «бехи [рангрезон]»
    аст2, ки онро «момирон»3 гӯянд, вале дигарон гуфтаанд, ки хурди он «момирон» ва бузурги он «зардчӯба» ном дорад.
    Хосиятҳо: Ҷинсе аз он хурди гарм ва решкунанда аст.
    Омосҳо: Инро бо шароб бар намла бигузоранд, суд бахшад.
    Решҳо: Хурди он гарро бирезонад.
    Андомҳои сар: Бехи онро бихоянд, дарди дандонро фурӯ нишонад.
    Андомҳои чашм: Агар фишурдаи онро то ба ним шудан бар болои ахгар биҷӯшонанд, биноиро тез кунад. Агар чӯҷаи парасту аъмо бигардад, модараш аз ин растанӣ оварда, ба он бидиҳад ва он дубора бино гардад. Бинобар он, ин растаниро «парастуӣ» номанд. Пок аст Офаридгоре, ки ба ҳар як чиз ҳастии [муносиб] бахшиду сипас онро ба роҳи рост ҳидоят кард.

  4. ХАМСАТ АВРОҚ – «ПАНҶБАРГ»
    potentilla reptans L.
    Моҳият: Ин «фантофилун»1 аст.
    Хосиятҳо: Сахт хушкиовар буда, бе тезӣ, сӯзандагӣ ва газанд аст. Бо он чун аз барои хунравӣ зимод ниҳанд, онро қатъ кунад.
    Омосҳо ва табишҳо: Бо он решҳои ғарбелак, ханозир, сахтиҳои балғамӣ ва нохунхораро зимод кунанд. Ҷӯшонидаи бехи он аз барои решҳои хазанда ва бо сирко пухтаи он аз барои намла судманд аст. (464) «Панҷбарг»
    инчунин аз оташак, нохунхора ва гар суд дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ