Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Норасидаи он низ гиранда бувад.
Оростагӣ: Агар бо барги он тило кунанд, бӯи оҳакро бибарад.
Андомҳои сар: Оби барги онро андар гӯш бичаконанд, кирмҳоро бикушад. Равғани он аз дарди нимсара ва аз дардҳои гарму сарди гӯш судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Пухтаи он аз барои меъда хуб аст ва он иштиҳои таом оварад, вале онро набояд аз болои дигар чиз хӯрд, зеро онро табаҳ хоҳад кард, балки бояд пеш аз таом хӯрда шавад. Қоқи он дергувор аст ва бо вуҷуди серғизоӣ хубғизо нест.
Андомҳо ронанда: Бо барги он бар ноф зимод кунанд, кирмҳои шикамро бикушад. Агар фишурдаи шукуфа ва барги онро биошоманд, низ чунин бувад. Шафтолуи расида шикамро нарм кунад ва норасидааш [шикам] бибандад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки шафтолу боҳро биафзояд, вале шояд андар баданҳои хушки гарм чунин бошад.
770. ХУТТОФ – ПАРАСТУ
Hirundo
Моҳият: Ин парандаи маъруф аст.
Андомҳои сар: Дисқуридус гуфтааст: «Агар ба ҳангоми пуррагии моҳ чӯҷаи нахустини парастуро гирифта, ду пора кунанд ва аз сангҳои андар шиками он буда ду сангчаеро бигиранд, ки яке якранг ва дигарӣ дорои рангҳои гуногун аст ва агар онҳоро пеш аз афтидан бар замин ва хоколуд шудан андар пӯсти гӯсола ва ё гавазн ниҳода, бар бозу ва ё гардани каси аз ақл бегона ва ё каси ба саръ гирифтор бибанданд, ӯ тамоман беҳ шавад.
Бисёр касони ба саръ гирифтор аз ин шифои тамом ёфтанд». Ӯ гуфтааст: «Ман инро санҷидаам».
Андомҳои чашм: Хӯрдани парасту чашмро тез кунад ва гоҳе онро хушк кунанд ва биошомонанд. Як ошомидании он як мисқол аст. Хусусан агар сӯхтаи модару чӯҷаи онро, ки андар обгина сӯхта бошанд, бо ангубин бар чашм бикашанд, [судманд бошад]. Гуфтаанд, ки мағзи он бо ангубин аз барои оғози [фуруд омадани] об нофеъ аст. Мағзи шабпара низ чунин бувад.
Андомҳои нафаскашӣ: Хокистари онро аз барои хуноқ бар ком ниҳанд, нафъ кунад. Инчунин агар онро намак карда, (462) хушк кунанд ва аз он як драхмӣ бо об биошоманд, аз сурфа, омоси забонча ва бодомакҳо судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Ба наздики пизишкон чунин машҳур аст, ки агар ошёни парастуро андар об ҳал кунанд ва онро равшан карда, биошоманд, зоишро осон бигардонад.
771. ХАЛЛ1 – СИРКО
Acetum
Табъ: Аз гармию сардӣ таркиб ёфтааст ва ҳар ду гавҳари он латифанд, вале гавҳари сардӣ ғолибтар бувад.
Сиркое, ки тезӣ дорад, гармтар аст ва агар тезӣ надошта бошад, сарди тар бувад. Ҷӯшонидан сардии сиркоро бикоҳад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Сирко сахт хушкиоваранда буда, моддаҳоро ба андарун рехтан нагузорад, латиф ку

над ва бибурад. Гоҳе онро барои хунравӣ биошоманд ва ё агар аз берун бошад, бар (маҳалли хунравӣ) бирезанд, онро манъ кунад. Сирко варамро ба ҳар ҷое, ки падид ояд, бигардонад. Вай гуворишро ёрӣ диҳад, бо балғам зид бошад, барои сафровиён судманд ва барои савдовиён зиёновар бувад.
Оростагӣ: Онро бо ангубин бар пайҳои хунӣ тило кунанд, суд бахшад, лекин бисёр ба кор бурдани он зиён дорад.
Омосҳо ва табишҳо: Сирко чи аз тариқи хӯрдан ва чи тило кардан пеши омосҳо ва хазидани ғанғроноро бигирад ва сурхбодро шифо бахшад. Он пеши хазидани ҳар гуна омосеро бигирад, аз нохунхора нофеъ бошад ва агар онро тило кунанд, ҳарчанд ки аз он варам падид ояд, вале намлаву сурхбодро бигардонад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар бар ҷароҳатҳо пораи пашмии андар сирко оғуштаро биниҳанд, онҳоро аз омосидан боз дорад. Сирко аз хазидани решҳои хазанда, гар ва парюн судманд аст. Он зудтар аз ҳар доруе оташсӯхтаро суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Сирко асабро зиён дорад ва агар онро бо гӯгирд бар ниқрис тило кунанд, суд бахшад.
Андомҳои сар: Агар онро бо равғани зайтун ва равғани гул омехта, бизананд ва агар порае пашмро ношуста андар он оғушта, бар сар бигузоранд, сардарди гармро суд бахшад. Он вораҳоро сахт кунад. Инчунин пухтаковрезӣ ва мазмаза кардани он хусусан бо зог аз ҷунбидани дандонҳо ва хуншории онҳо суд дорад. Бухори сиркои гарм аз гаронии гӯш суд бахшад ва шунавоиро тез кунад, ба таври қавӣ суддаҳои устухони полояндаро бикушояд ва бонг задани гӯшҳоро нест кунад.
Андомҳои чашм: Онро бо ангубин бар хунпечидагии зери чашм бимоланд ва доим истеъмол кардани он биноиро нотавон кунад.
Андомҳои сина: Сирко забончаро судманд аст ва бо он ғарғара кардан хилтро ба сӯи гулӯ сайлон кардан нагузорад ва забончаи афтидаро беҳ кунад. Онро аз барои девча, сурфаи деррав ва аз барои нафаси росто гарм карда, дам кашанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Сирко меъдаи гарми тарро созгор аст, иштиҳоро кушояд ва бар гуворидан ёрӣ диҳад.
Ҳамаи ин ба сабаби меъдаро дибоғат додани он бувад.
Бухори сирко истисқоро ҳал кунад, вале ҳамеша ба кор бурдани он гоҳе боиси падид омадани истисқо бигардад.
Андомҳои ронанда: Сирко раҳмро сард кунад. Бо сиркои тафсон ва намак аз барои решҳои хазандаи рӯдагон пас аз ҳуқнаҳои нарм ҳуқнарезӣ кунанд.
Заҳрҳо: Сиркоро бар [ҷои] газидагиҳо бирезанд. Он аз [зиёни] афюн ва шавкарон судманд аст. Сиркое, ки аз ангури даштӣ сохта бошанд, бо намак аз газидагии саги девона ва ғайри он суд дорад. Гоҳе сиркоро гарм карда, аз болои доруҳои марговар биошоманд, нофеъ бошад.
772. ХАНОФИС – САРГИНГАРДОНҲО,
САРГИНҒЕЛОНҲО
Scarabaeus sacer
Андомҳои сар: Агар равғани зайтунеро, ки андар он саргингардонҳоро ҷӯшонида бошанд, андар гӯш бире занд, аз дарди он суд бахшад ва ҷирмҳои онҳо ба шакли совида низ чунинанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ