Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Онро на аз андарун ва на аз берун ба кор набаранд.
Заҳрҳо: Заҳри қаттол аст. Гуфтаанд, ки агар онро ба каждум наздик оваранд, онро ҷо ба ҷо бикушад.
765. ХОНИҚУ-Л-КАЛБ – САГКУШ
Моҳият: Ин палангкуш аст ва андар баёни он гуфта шуд1.
766. ХИЛОФ – БЕД
Salix z.; S. aegyptiaca L.
Моҳият: Бед маъруф аст. Агар барги онро пора кунанд, аз он самғи қавие берун ояд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Самар ва барги он бидуни газанде қабз кунад ва он дорои хушкиоварии кофист. Хокистари он сахт хушккунанда аст. Агар [баргҳои] тари онро зимод кунанд, хунро аз рафтан нигоҳ дорад. Гоҳе чун барги онро пора кунанд, аз он самғи сахт зудояндаи латифкунанда берун ояд.
Оростагӣ: Хокистари он аз тариқи тило кардан бо сирко озахҳоро биканад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Бед ва хусусан самару барги он зимоди ҷароҳатҳое буванд, ки андар устухонҳо биафтанд. Хокистари онро агар бо сирко бар намла тило кунанд, онро биравонад.
Андомҳои сар: Шукуфа ва оби бед сардардро фурӯ нишонанд. Ҳеҷ чиз аз фишурдаи барги он андар муолаҷаи риме, ки аз гӯш бирезад, доруи расотар нест.
Андомҳои чашм: Самар ва оби онро ҳангоми захм хӯрдани ҳадақа бар он биниҳанд. Самғи он аз барои чашми камқувват сахт судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Оби бед аз суддаҳои ҷигар ва аз ярақон суд дорад.
Андомҳои ронанда: Самари он аз барои худовандони хунравӣ судманд бувад.
767. ХУББОЗО – ПАНИРАК
Malva rotundifolia desf. seu M. sylvestris L.
Моҳият: Ин як навъи малухиёст1 ва гуфтаанд, ки хуббозо даштист ва малухиё бӯстонӣ. Паниракро як навъест, ки онро «малухиёи дарахт» номанд ва он хитмӣ бувад. Аз эҳтимол дур нест, ки тараи яҳудӣ2 яке аз гунаҳои он аст ва он сурх бувад.
Ихтиёр: Панираки даштӣ латифтар ва хушктар аст.
Қавӣ будани бахши обии панираки бӯстонӣ аз қуввати он бикоҳад.
Табъ: Андар дараҷаи якум сарди тар аст. Гуфтаанд, ки панираки бӯстонӣ гарми хушк аст ва гӯяндаи ин гуфта Булус ном дорад. Шояд ӯ тараи яҳудиро дар назар дошта бошад, зеро онро «малухиё» [низ] номанд.
Хосиятҳо: Андар панирак нармсозандагист ва гуфтаанд, ки он латифтар аз сармаҷ ва ситабртар аз чугундар бувад. Панираки даштӣ латифтар ва хушктар аст. Гуфтаанд, ки бӯстонии он андаке гармиоваранда аст ва ба сабаби рутубат ва лағжандагии худ хусусан бо обкома ва равғани зайтун зуд бигузарад. Вай ба иътидол гуворида шавад ва рутубаташ, чунонки гуфтаанд, ситабртар аз рутубати коҳуст. Булус гуфтааст, ки он қабз бикунад,

пӯст биравонад ва бидуни газанд ҳал кунад. Чунин ба назар бирасад, ки муроди ӯ тараи яҳудист.
Омосҳо: Панирак аз барои намла ва сурхбод судманд аст ва барги даштии он бо зайтун (461) аз барои оташсӯхта суд дорад. Ҷӯшонидаи он низ аз тариқи пухтаковрезӣ чунин бувад. Панираки бӯстонӣ ба оғози омоси гарм ва афзоиши он судманд аст.
Решҳо: Агар паниракро бо намак хом бихоянд ва бар носурҳо гузоранд, хусусан носурҳои хурди андар чашм бударо нафъ кунад.
Андомҳои сар: Бо панирак ва пешоб решҳои сарро зимод кунанд, сахт суд бахшад. Онро аз барои қулоъ бихоянд.
Андомҳои чашм: Агар барги онро хоида, онро бо каме аз намак ба кор бибаранд, носурҳои чашмро пок кунад ва гӯшт бирӯёнад.
Андомҳои сина: Барг ва гули он ҳар кадом нармкунандаи сина, афзояндаи шир ва фурӯнишонандаи сурфаест, ки аз гармӣ ва хушкӣ падид омада бошад. Тухми он андар дур сохтани дуруштии сина аз худи он беҳтар бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Панираки бӯстонӣ аз барои меъда бад аст ва он суддаҳои ҷигарро бикушояд.
Андомҳои ронанда: Гули он аз барои решҳои гурда ва обгаҳ аз тариқи ошомидан ва бо равғани зайтун андудан судманд аст. Тухми малухиё аз саҳҷ ва решҳои рӯдагон суд бахшад. Пояҳои панираки бӯстонӣ аз барои рӯдаҳо ва обгаҳ нофеъ буда, шикамро нарм кунад ва дардҳои онро [фурӯ нишонад]. Ин ҳангоме бошад, ки агар оби онро биошоманд ва ё аз он шароб бисозанд. Агар андар оби ҷӯшонидаи он нишинанд ва ё бо он ҳуқна бирезанд, аз барои сахтиҳои раҳм суд бахшад ва андар он қувваи пешобро тозонанда бувад. Гунае аз панираки даштӣ, ки ҳамроҳи офтоб [ба ҳар сӯ] бигардад, чунин хосият дорад, ки [хилти] хом ва заҳраро ба исҳол оварад ва гоҳе ба ҳадди ифрот расида, хунро ба исҳол оварад.
Заҳрҳо: Барги паниракро хусусан агар бо равғани зайтун зимод кунанд, аз газидагии занбӯр судманд бошад.
Аз барои заҳрҳо тухми онро биошоманд ва он пайваста қай оварад. Панирак аз газидагии ғунда суд дорад.
768. ХАМИР – ХАМИРМОЯ
Fermentum
Табъ: Андар он гармист. Аммо хушкию рутубати он ба андозаи бешию камии намак ва бураи он вобастаанд.
Хосиятҳо: Андар он ба иллати шӯрӣ, буранокӣ ва гандумӣ будан қувваи зудояндагист ва ба иллати турушӣ қувваи сардиоваранда дорад. Вай моддаҳои андар умқ бударо ба зоҳири тан бикашад ва ҳал кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо он аз барои дарде зимод ниҳанд, ки андар фурӯсӯви қадам падид ояд.
769. ХАВХ1 – ШАФТОЛУ
Persica vulgaris Mill.
Табъ: Андар охири дараҷаи дуввум сард ва андар дараҷаи якум, на андар охири он, тар аст.
Хосиятҳо: Рутубати он зуд ганда бигардад ва худи он нармкунанда буда ва андаке гирандагӣ дорад. Гиран датарин [намуди] он қоқи он буда, сайлонро боз дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ