Қонуни тиб

Оростагӣ: Сирешуми моҳӣ андар таркиби рӯшӯяҳо ва доруҳои барас бидарояд. Агар сирешуми пӯстӣ ва сирешуми пӯсти говро сӯзонда, бишӯянд, андар муолаҷаи ганди бағал ҷои тӯтиё бигиранд.
Омосҳо ва табишҳо: Сирешуми пӯстҳоро бар саъфа тило кунанд ва он сӯхтагиро аз обила кардан нигоҳ дорад. Сирешуми моҳӣ низ чунин бувад. Агар сирешуми пӯсти говро бо сирко бар парюн ва гари пӯсткандае, ки чандон амиқ набошад, тило кунанд, суд бахшад. Агар онро бо ангубин ва сирко бар ҷароҳатҳо тило кунанд, онҳоро судманд бошад. Сирешуми моҳӣ андар таркиби марҳамҳои гари решшуда бидарояд.
Андомҳои сар: Сирешуми моҳӣ андар таркиби марҳамҳои решҳои сар бидарояд.
Андомҳои сина: Сирешуми моҳиро бо сирко аз барои хунпартоӣ бидиҳанд ва онро андар ошомҳое биафкананд, ки аз барои хунпартоӣ [бидиҳанд].
805. ҒОЛИЮН1 – ҒОЛИЮН, ЧАСПАК,
ШИРПАНИР
Galium verum L.
Моҳият: Ин доруи хушбӯй аст.
Хосиятҳо: Ғолиюн хушккунанда буда, ширро бибандад ва андаке тезӣ дорад. Он хунрезии [рагҳоро] нигоҳ дорад.
Решҳо: Аз оташсӯхта судманд аст.
806. ҒУШНА1 – ҒУШНА
Morchella esculenta Pers.
Моҳият: Ин ҷинсе аз саморуғи зерихокӣ (камаъ) ва ё футр аст. Онро хушк кунанд ва мисли куркурак фишурда шавад. Шакли он чун шакли ҷом ва ба сони шикамбаи хурди турунҷида бувад. Бо он ҷомаҳоро бишӯянд ва онро андар турушиҳо афканда, бихӯранд. Ғушнаро мазае бошад чун мазаи куркуракҳо ва ҳатто бештар аз он бувад.
Табъ: Мисли дигар саморуғҳо сард нест.
Хосиятҳо: Мисли саморуғҳо бадхилт нест ва андар табъи он андаке хусусияти хамирмоягӣ ва қалягист.
807. ҒАРБ1 – ПАДА, МАҶНУНБЕД
Salix babylonica L.
Ихтиёр: Лиф ва самғи онро ба кор баранд. Агар онро бо корд бибуранд, самғаш берун ояд. Бар рӯи он бураи хубе падид ояд ва он аз беҳтарин гунаҳои бураи хӯрокӣ бувад.
Хосиятҳо: Гулу барги он ва фишурдаи ҳар дуи онҳо аз ҷумлаи доруҳои хушккунандаи бегазанданд ва тундӣ доранд. Лифи он андар қувват чун худи он, лекин хушктар аст. Аз барги он фишурдаашро гирифта, нигоҳ доранд ва он бидуни сӯзиш хушкӣ оварад.
Оростагӣ: Хокистари дарахти он бо сирко озахҳоро хушк кунад ва чи овезон ва чи ғайри овезони онҳоро
биафтонад. Лифи бехи пада андар таркиби хизоби мӯй бидарояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар пӯстҳо ва баргҳои онро суда, бар ҷои буридагӣ ва ҷароҳатҳои бади тоза бипошанд, суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Оби ҷӯшонидаи он аз барои ниқрис пухтакови некӯст.
Андомҳои сар: Агар фишурдаи барги онро бо равғани гул, ки андар пӯсти анор ҷӯшонида бошанд, андар гӯш бичаконанд, аз дарди он нафъ кунад. Агар пӯсти тари онро ҳамин гуна ба кор баранд, низ ҳамчунин бувад. Ҷӯшонидаи он доруи шӯяндаи сабӯса аст.
Андомҳои чашм: Самғ ва гули он торикии чашмро бизудоянд.
Андомҳои нафаскашӣ: Самар ва инчунин қишри он аз хунпартоӣ судманданд.
Андомҳои ғизокашӣ: Фишурдаи он девчаро берун орад.
808. (470) ҒОЛИЯ1 – ҒОЛИЯ
Моҳият: Ин маъруф аст.
Омосҳо ва табишҳо: Ғолия омосҳои сахтро нарм кунад.
Андомҳои сар: Ғолияро андар равғани бон ва ё хайрӣ гудохта, андар гӯши дардманд бичаконанд. Бӯидани он касони ба саръ ва сакта гирифторро суд бахшад, эшонро ба ҳуш орад ва сардарди сардро фурӯ нишонад. Агар онро андар шароб афкананд, онро масткунандатар бигардонад.
Андомҳои сина: Бӯидани ғолия дилро хуррамӣ бахшад.
Андомҳои ронанда: Ғолия аз тариқи ба зер баргирифтан аз дардҳои сарди раҳм судманд аст. Он инчунин аз омосҳои сахт ва балғамии раҳм судманд буда, хуни ҳайзро битозонад, раҳми ба андарун кашидаю ба як сӯ моилро фурӯд орад ва онро пок карда, барои обистан нек омода созад.
809. ҒОЛИМУН1 – ҒОЛИЮН, ШИРПАНИР,
ЧАСПАК
Galium verum L.
Моҳият: Ин доруи хушбӯй буда, рангаш мисли ранги биҳист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ғолиюн ширро бибандад ва қувваи он хушккунандаи андаке тез аст. Гули он аз барои кафидани рагҳо судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Чунин пиндоранд, ки ин дору аз сӯхтагӣ шифо бахшад.
Ин буд гуфтор андар баёни ҳарфи «ғайн» ва маҷмӯи он доруҳое, ки андар ин фасл ёд кардем, аз ёздаҳ адад иборат аст.
Ин аст поёни гуфтор аз Китоби дуввум. Чун ба он чи ваъда додем, вафо кардем, акнун бояд ба [навиштани] Китоби севвум оғоз кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор