Қонуни тиб

Аммо оне, ки филҳол забонро бизанад, хафакунанда аст. Корҳои ба тадбироти он вобаста андар боби хосиятҳо ёд шудаанд.
Табъ: То миёнаи дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо (457) ва хосиятҳо: Харбақи сафед сахт талх ва харбақи сиёҳ сахт гарм аст ва агар муш онро бихӯрад, бимирад. Амдан чунин кунанд ва онро андар писту ангубин карда, ба муш бидиҳанд. Агар онро бо гӯшт биҷӯшонанд, гӯштро нарм кунад. Заифтарин [намуди харбақ] таркардаи он аст: панҷ драхмӣ аз поракардаи онро андар нуҳ уқия оби борон се рӯз тар кунанд ва сипас онро полида, нимгарм созанд ва биошоманд. Сипас [андар заифӣ] ҷӯшонидаи он биистад: баъд аз се рӯз тар кардан як ратл аз пораҳои онро андар ду қист оби борон то сеяки он мондан биҷӯшонанд, сипас харбақро аз он бароварда, андар об ду ратл ангубини беҳтарини равшанкарда афкананд ва қивом диҳанд. Ба қадри як кафчаи бузург аз онро, чунонки ҳаст ва ё бо оби гарм истеъмол кунанд. Ин тариқ дурусти беосеб аст. Баъд [андар заифӣ] қишри резакардаи он ояд. Сипас аз он [андар заифӣ] нимкӯфтаи он биистад, ки онро андар якчанди оби ҷав [истеъмол кунанд], то ки чизе аз он андар гулӯ ва меъда боқӣ намонад. Сипас совидаи он бошад, ки бо оби ангубин баста гардидааст. Ин ҳамон намудест, ки аксар вақт ба сабаби андар гузаргоҳҳо боқӣ монданаш одамро бикушад. Бояд каси ошомандаи он чизҳоеро аз қабили шӯрбои мурғ, шароби зуфои бо пудина, судоб ва наск ва равғанҳои хушбӯи аз мушки замин, савсан ва наргис сохта шуда омода созад, то ки бо онҳо пеши он чиро гирифта шавад, ки эҳтимоли аз ташаннуҷ ба вуқӯъ пайвастан дорад. Бояд ба наздики ӯ сиркои тезбӯй, себи биҳӣ, нони гарм, шароби райҳонӣ, доруи атсаоваранда, пар, курсӣ, тахти хоб, ҷои хоби паст ва миҳҷамаҳои гуногун омода бошанд. Агар исҳоли сабук овардан бихоҳанд, оби сард дам кашанд, ё хушбӯиҳо бибӯянд ва он чизе бихӯранд, ки кимусро хуб кунад. Агар ташаннуҷу нотавонӣ падид оянд, пас нони андар шароб ва ё оби ангубин тарид карда бидиҳанд. Гоҳе баъди он такроран [боз ғизо додан] лозим ояд. Пас, бояд нони андар оби сард ғӯтонда бидиҳанд. Агар [беморонро] андар миёни кор ҳукак ояд, ба эшон оби ангубине бидиҳанд, ки андар он турб ҷӯшонида бошанд. Агар дору баъди чанд муддате андар [тани] эшон амал накунад, ба [эшон] як ҷуръа оби ангубинро бо оби гарме, ки андар он судоб пухта бошанд, бидиҳанд, ё ба эшон об ва равған ошомонда, бо пари бо равғани мушки замин ва ё савсан равғанкарда қай оваранд ва ӯро андар ғанова биҷунбонанд. Агар мисли ихтиноқ ҳолате рӯй бидиҳад, [ба бемор] ба миқдори се уқия ҷӯшонидаи харбақ бидиҳанд ва ин доруро кумак карда, оризаро аз миён хоҳад бурд. Агар ин суд набахшад, ҳуқнаҳои гарм бирезанд, се убулус аз харбақ на аз барои қай, балки аз барои дафъи хафагӣ ба эшон бидиҳанд ва бо доруҳои атсаовар атса биоваранд. Агар ҳукак ба ёрии қай нест нашавад, бар муҳраи бузурге, ки миёни шонаҳост ва бар дигар муҳраҳои пушт миҳҷама гузорем, чунки миҳҷама печидагиеро, ки баъди ҳукак ба амал ояд, ҳамвор хоҳад кард. Андомҳои ба ташаннуч гирифторро бо равғани ниҳоят гармиоваранда равған кунанд ва ан
дар оби гармоба ва обзан бигиранд.
Оростагӣ: Андар ин бобат [низ] кори харбақи сиёҳро бикунад.
Решҳо: Андар ин бобат харбақи сафед таъсири харбақи сиёҳро дорад.
Андомҳои сар: Агар совидаи онро бибӯянд, атса биангезад.
Андомҳои чашм: Биноиро тез кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Харбақи сафед ба таври қавӣ қай оварад, вале андар он хатар аст, аз баҳри он ки хуноқ оварад. Гоҳе онро аз барои қай овардан андар офрушта ниҳанд. Ҳар киро бими ихтиноқ бошад, бояд ки онро ба ҳоли тиҳӣ будани меъда наошомад. Ин гуна одамон касонеанд, ки камқувват буванд.
Заҳрҳо: Ба ифрот истеъмол кардани он одамонро бикушад. Он заҳри сагон ва хукон аст ва қаи каси онро ошомидагӣ мурғҳоро бикушад.
755. ХИЁРШАНБАР – ХИЁРШАНБАР
Cassia fistula L.
Моҳият: Гунае аз он кобулӣ ва гунае басрист ва мумкин аст, ки он андар Басра нарӯяд, зеро онро аз Ҳинд ба Басра ва дигар шаҳрҳо оранд.
Ихтиёр: Беҳтарин [бахши хиёршанбар] он чизест, ки аз [дохили] наи он гирифта бошанд ва он дурахшандатару равғанитар бувад1. Беҳтарини наи вай низ онест, ки тобандаву ҳамвор бошад.
Табъ: Андар гармию сардӣ муътадил, вале тар аст.
Хосиятҳо: Ҳалкунандаи нармкунанда аст.
Омосҳо: Агар онро бо оби ангури сагак ғарғара кунанд, аз омосҳои гарми андомҳои андарунӣ, хусусан [омосҳои] гулӯ, судманд аст. Онро бар омосҳои сахт тило кунанд, суд бибаранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо хиёршанбар ниқрис ва бандкушоҳои дардмандро тило кунанд.
Андомҳои сина: Агар онро андар оби кашнизи тоза бо луоби тухми аспғул тар карда, сипас бо он ғарғара кунанд, аз хуноқҳо нафъ кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Он поккунандаи ҷигар буда, аз ярақон ва дарди ҷигар судманд аст.
Андомҳои ронанда: Нармкунандаи шикам буда, заҳраи сӯхта ва балғамро берун кунад. Исҳоли он исҳоли бегазанд буда, ҳатто барои занони обистан созгор аст (458) ва андар эшон исҳол оварад.
Ҷойнишинҳо: Ними вазни он тарангубин, се чанди вазни он дилаи мавиз ва ҳаштяки вазни он турбид ҷои онро бигиранд. Гоҳе ба ҷои мавиз, чунонки гурӯҳе тасдиқ кунанд, рубби ширинбаён ба кор баранд.
756. ХАСС – КОҲУ
Lactuca scariola L.
Моҳият: Коҳуи даштӣ андар қувват баробари кӯкнори сиёҳ аст.
Табъ: Ҷолинус гуфтааст: «Сардии коҳуи бӯстонӣ чандон зиёд нест, балки мисли сардии оби обгирҳост. Рутубати он ситабртар аз рутубати чугундар ва латифтар аз рутубати панирак аст». [Баъзеҳо] гуфтаанд, ки он андар рутубатфизоию хушкиоварӣ миёни каранб, сармаҷ ва дахинаҷ биистад. Ман гӯям: ҳар кӣ гуфтааст, ки он андар дараҷаи севвум сард аст ва ба бадғизову камғизо будани он ҳукм кардааст, нодуруст аст ва чунин бинамояд, ки он андар дараҷаи дуввум [сард аст].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор