Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хосиятҳо: Коҳу ба сабаби аз шӯрӣ, тундӣ ва дигар хусусиятҳо холӣ будан на зудоянда аст, на гиранда ва на кушоянда. Хуни аз он зоидашуда сутудатарини хунҳоест, ки аз тараҳо падид оянд. Аз ҳама серғизои он пухтаи он аст ва он аз обгардиш судманд аст. Коҳуи ношуста аз шуста беҳтар бувад ва шустан бодангезии онро биафзояд ва дигар тараҳои сардро низ чунин кунад. Коҳу зудгувор аст. Агар онро андар миёни ошомидани [шароб] истеъмол кунанд, мастиро ба ифрот расидан нагузорад. Коҳуи даштӣ андар қувват чун хашхоши сиёҳ аст.
Омосҳо: Агар омосҳои гарм ва сурхбод ниҳоят бузург набошанд, тило кардани коҳу бар онҳо судманд бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зимод кардани коҳу аз барои нимбаромадагӣ судманд аст.
Андомҳои сар: Коҳу хобоваранда аст ва чи ҷӯшонида ва чи хоми он бехобиро бибарад ва аз ҳазён гуфтан ва офтоб задани сар нофеъ бошад. Он доруи суддаи сӯрохиҳои бинист.
Андомҳои чашм: Шири коҳуи даштӣ решҳои қарнияро бизудояд. Шири коҳуи бӯстонӣ бад-он наздик аст ва он зимоди рамади гарм бувад. Шири коҳуи даштӣ аз ғарб судманд аст. Ҳамеша истеъмол кардани коҳу чашмро торикӣ оварад.
Андомҳои сина: Коҳу ширро биафзояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Коҳу аз ташнагӣ, гармии меъда ва афрӯхтагии он судманд аст. Коҳуи бӯстонӣ аз барои меъда хуб буда, зудгувор аст. Бо сирко хӯрдани он иштиҳоро кушояд. Хӯрдани он аз ярақон нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Тухми он маниро хушк кунад, шаҳвати ҷимоъро фурӯ нишонад ва аз бисёр рӯй додани иҳтилом суд бахшад. Тараи он андар ин корҳо камтар аз тухми он бувад. Агар ним дирам шири онро бо об биошоманд, кимуси обиро ба исҳол оварад. Шири бӯстонии он, ки агар бузург гардида бошад, низ ба шири даштии он наздикӣ дорад. Худи коҳу шикамро на бибандад ва на кушояд, аз баҳри он ки вай на шӯр аст, на тунд ва на зудоянда. Вале он пешобоваранда бувад. Шири коҳуи даштӣ хуни ҳайзро битозонад.
Заҳрҳо: Шири коҳуи даштиро аз барои газидагии ғунда ва каждум бидиҳанд.
757. ХУНСО – «НАРМОДА»
Asphodelus ramosus z.
Моҳият: Барги он мисли [барги] ганданои шомист ва он дорои пояи ҳамвор буда, бар сари он гуле нишастааст. Он дорои бехҳои1 дарози гирдашакли мисли чилғӯза аст. Таъми «нармода» тез бувад.
Табъ: «Нармода» гарми хушк аст ва баъзеҳо гуфтаанд, ки сарди тар аст, вале ин дур аз ҳақиқат бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: «Нармода» ва хусусан бехи он зудояндаи ҳалкунанда аст. Агар онро бисӯзанд, гармкунанда, хушккунанда ва ҳалкунанда бигардад ва бехи он беш аз ин чунин бувад. Қуввати он чун қуввати филгӯши гесугуна аст.
Оростагӣ: «Нармода» ва хусусан хокистари бехи он

аз «бемории рӯбоҳ» ва «бемории мор» судманд аст.
Агар бо хокистари он баҳаки сафедро тило кунанд ва андар офтоб нишинанд, суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Бехи онро бо дурди шароб бар омосҳои ҳамаи ғуддаҳо ва бар думмалҳо биниҳанд.
Агар онро бо орди ҷав зимод кунанд, омосҳои гармро ҳангоми оғоз ёфтан судманд бошад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар бехи онро бо дурди шароб бар решҳои палид ва чиркнок биниҳанд, онҳоро суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз сустии мушакҳо ва лагжидагӣ судманд аст.
Андомҳои сар: Агар фишурдаи онро танҳо ва ё бо кундур, ангубин, шароб ва мурр [андар гӯш] бичаконанд, аз чирки он суд бахшад. Агар онро андар гӯши муқобили дандони курсии дардманд бичаконанд, аз дарди он судманд бошад.
Андомҳои чашм: Андар фишурдаи бехи он аз барои чашм манфиатҳост.
Андомҳои нафаскашӣ: Агар ба қадри як драхмӣ аз он бо шароб бидиҳанд, аз дарди ҳар ду бар ва сурфа нофеъ бошад. Бехи он бо дурди шароб аз барои омосҳои пистон хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: «Нармода» аз ярақон суд дорад.
Андомҳои ронанда: «Нармода» пешобу хуни ҳайзро битозонад. Агар самару гули онро бо шароб бидиҳанд, исҳол оварад. Бехи он бо дурди шароб аз барои омосҳои хояҳо зимоди хубест.
(459) Заҳрҳо: Се драхмии онро аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор бидиҳанд. Агар самар ва гули онро андар шароб ниҳода, биошомонанд, аз газидагии каждум ва чилпо суди бузурге кунад, вале он исҳол хоҳад овард.
758. ХУЛАНҶОН – ХУЛАНҶОН
Alpinia gaianga Willd. seu A. officinarum Hance.
Моҳият: Ин пораҳои печхӯрдаи сурху сиёҳ буда, мазаи тезӣ ва бӯи хуш дорад, сабуксанг аст ва онро аз кишвари Чин оваранд. [Ибни] Мосарҷувайҳ [гуфтааст], ки он айни хусравдоруст1.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Латиф ва ҳалкунандаи бодҳост.
Оростагӣ: Бӯи даҳонро хуш кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда хуб аст ва гуворандаи таом бувад.
Андомҳои ронанда: Аз қулинҷ ва дарди гурда судманд аст ва боҳро ёрӣ диҳад.
[Ҷойнишинҳо]: Ҷойнишини он ба қадри вазни он қирфаи [дарахти] қаранфул бувад.
759. ХАССУ-Л- ҲИМОР1 – ХАРКОҲУ
Anchusa tinctoria L.
Моҳият: Ин [дорои баргҳоест, ки] мисли баргҳои коҳуи тунукбарг, бешумор, моил ба сиёҳӣ ва мӯякдоранд.
Онҳо бар бех часпида ва устуворанд2. Ранги бехи он моил ба сурхист ва дасту заминро сурх кунад. Харкоҳу андар заминҳои хуб бирӯяд ва аз гавҳари обӣ ва хокӣ таркиб ёфтааст. Он шингор аст ва андар баёни он сухан гуфта шуд3.

пешина
аз 1215
навбатӣ