Қонуни тиб

Ба ҳасби гуногунии мизоҷи инсон гоҳе то як драхмии онро бидиҳанд. Табиб бояд андар ин кор бингарад ва онро ба ҳасби синн, одат, фасли сол, вақти ҳозира ва сабабе, ки мӯҷиби [истеъмоли] он шудааст, ба кор барад.
Табъ: То ба дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Харбақ ҳалкунанда ва латифкунанда буда, ба андозае зудоянда аст, ки ҳатто гӯшти мурдаро бихӯрад. Агар он ба наздики бехи ток рӯида бошад, қувваи шароби [ангури] он ток шикаморанда бигардад.
Яке аз хосиятҳои харбақ ин аст, ки танро аз мизоҷи хеш бигардонад ва ба он мизоҷи нави барноӣ бахшад. Бисёр касоне ёфт шаванд, ки чун харбақи сафедро аз барои қай бихӯранд, на қай оварад ва на исҳол, вале кори он чизеро кунад, ки қаю исҳол оварад. Он бештар бо мардон, занони мардинамизоҷ, касони боқувват, барноён ва бо онҳое созгор аст, ки танашон сергӯшт ва хунашон зиёд бувад, вале ба касони камдили ковоктан мувофиқ нест. Созгории он андар [моҳи] Найсон ва сипас андар моҳи Тишрин аст, вале бояд, пеш аз истеъмоли он се рӯз аз таомҳову ошомиданиҳои ситабр парҳез кард, бояд ба бозию шодӣ машғул шуд ва бояд баъд аз шом ду-се бор қай оварда, сипас онро бихӯрд.
Оростагӣ: Харбақро бо сирко бар баҳак ва инчунин бар вазаҳ тило кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Харбақи сиёҳ ва сафедро бо шир бар гар ва бо сирко бар парюнҳо тило кунанд. Тило кардан ва бо он истифроғ сохтан аз пӯстбозшавӣ [судманд аст] (456) ва ҳангоми носури сахт сахтии онро бибарад. Аз он чизи қолибмонанде бисозанд ва андар носур дароварда, се рӯз бигузоранд. Сипас онро чун берун кунанд, бо кандани хеш чизи худ сӯзондаро биканад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Харбақи сиёҳ аз фалаҷ ва дардҳои пайвандгоҳҳо судманд аст. Бо он истифроғ кардан аз барои онҳо доруи қавие бошад.
Андомҳои сар: Агар онро бо сирко ҷӯшонида, андар гӯш бичаконанд, бонг задани онро фурӯ нишонад. Агар бо чунин сирко мазмаза кунанд, дарди дандонҳоро ором кунад. Агар ҷӯшонидаи онро андар гӯши шунавоияш нотавон бичаконанд, онро қавӣ бигардонад. Вай аз васваса, молихулиё, саръ, дарди нимсара ва аз ҷумлаи бемориҳои сар судманд аст.
Андомҳои чашм: Агар андар таркиби доруҳои чашм бидарояд, биноиро қавӣ созад.
Андомҳои ронанда: Харбақи сиёҳ аз савдо ва ғалабаи он судманд буда, онро аз тамоми тан ва аз ғайри нороҳатие овардан ба исҳол берун кунад. Он инчунин сафро, балғам ва ҳар фазлаеро, ки бо хун омехта бошад, ҳатто аз дуртарин ҷои тан ва аз пӯст берун оварад. Аз барои он ки вай зуд исҳол оварад, бояд онро бо маҳмуда ҳамроҳ кард ва бо он фатросолиюн ва тухми газари даштӣ биомехт. Гоҳе онро бад-ин тариқ бидиҳанд: онро андар сикангубин ва ё шароби ширин тар карда, муддате бигузоранд ва сипас он шаробро бо наск, ё бо оби ҷав ва ё бо мурғ ҷӯшонида, шӯрбои онро дам кашанд. Гоҳе бо ду драхмии он ба андозаи се убулус маҳмуда биомезанд ва бо ангубин4 биҷӯшонанд. Андар лавҳи «Хосиятҳо» аз тадбири он ҳар чи ки воҷиб аст, гуфта шуд ва низ
боистӣ андар он [лавҳ] тааммул кард. Харбақи сиёҳ аз барои омосҳои рӯдагон ва обгаҳ сахт судманд аст ва он хуни ҳайз ва пешобро битозонад.
Ҷойнишинҳо: Ба қадри ними вазни харбақи сиёҳ мозариюн ва ду сеяки он ғориқун ҷои онро бигиранд. [Ибни] Мосавайҳ гуфтааст, ки кундуша ҷойнишини харбақи сиёҳ аст.
753. ХУСРАВДОРУ – ХУСРАВДОРУ
Alpinia officinarum Hance. seu A. galanga Willd.
Моҳият: [Ибни] Мосарҷувайҳ гуфтааст, ки он хуланҷон1 аст, вале каси дигар бар хилофи ин гуфтааст.
Табъ: Гарми хушк аст.
Феълҳо [ва хосиятҳо]: Ҳалкунанда ва гудозанда аст.
Андомҳои ронанда: Аз қулинҷ ва дарди гурда судманд аст ва боҳро биафзояд. Бештари хосияти он аз барои дардҳои гурда бувад.
754. ХАРБАҚ АБЯЗ1 – ХАРБАҚИ САФЕД
Veratrum album L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки он растаниест дорои баргҳои ба «забони барра» ва ё чугундари даштӣ монанд, вале кӯтоҳтар аз он буда, сахти сиёҳанд ва андаке ба сурхӣ бизананд. Ои дорои соқаест, ки ба қадри чаҳор ангушти ба ҳам зич баландӣ дорад, дарунтиҳист ва чун ба хушкидан оғоз кунад, пӯсташ бирезад. Харбақи сафедро решаҳои бисёри борикеанд, ки аз як бехи дарозрӯяи шабеҳ ба пиёзак растаанд. Он андар ҷойҳои кӯҳӣ бирӯяд ва онро бояд ҳангоми гандумдарав биканд.
Беҳтарин харбақи сафед онест, ки сатҳаш ба таври муътадил ҳамвор, сафед, ба осонӣ аз ҳам резанда ва сергӯшт буда, охирҳои он нӯгтез набошанд ва худ шабеҳ ба гӯргиёҳ бувад. Агар онро бисованд, аз он чизе падид ояд, ки аз ҷиҳати тунукӣ гард ва ошёни анкабутро монад ва [чун бичашанд], забонро дарҳол сахт насӯзонад, вале оби даҳонро равон кунад. Ба ҳақиқат ин намуди харбақ бад бувад. Он пизишкони пешине, ки аз ҷумлаи ҳозиқон буданд, қувват ва манфиатҳои харбақи сафедро ба таври бояду шояд тавсиф кардаанд ва ба ақидаи мо аз ҳама хубтару мақбултар онро Филунидуси2 пизишкпеша тавсиф кардааст. Гуфтор андар сифати харбақ тӯлонист, зеро он созгортарини доруҳо андар синоати тибб бувад.
Бархе аз мардум гоҳе як миқдори андаке аз онро андар ошомҳо афканда, бо пист бидиҳанд. Ҳар киро танаш нотавон бошад ва агар харбақро бад-ин сифат истеъмол кунад, ӯро ҳеҷ зиёне нахоҳад расид, зеро он ба танҳоӣ аз ғайри миёнҷигии чизи дигаре ба андомҳои сарвар наздик шудан натавонад. Аҳли Антиқун3 як доруеро харбақ номанд, ки онро ба забони дигар мардумон «сисамуидос»4 хонанд, зеро онро бо харбақи сафед биомезанд ва он низ доруи сутуда буда, андар таркиби он доруҳое бидарояд, ки харбақи сафед андар онҳо бидарояд. Он як растаниест, ки шабеҳ ба пудина буда, дорои баргҳои дароз, гули сафед ва бехи истифода нашаванда ва тухмҳоест, ки аз ҷиҳати таъм кунҷидро монанд ва дорои манфиатҳои бисёр буванд.
Ихтиёр: [Беҳтарини] он рӯяш ба иътидол ҳамвори сафед, зудрезанда, бузургҳаҷми борик буда, забонро дарҳол сахт назанад ва оби даҳонро бирезонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор