Қонуни тиб

Онҳо ковоки нахдоранд. Гоҳе ин бехро чун хӯрдани балбус пухта, бихӯранд. Андар бобати он бех чунин овардаанд, ки агар мард бахши бузургтари онро бихӯрад, писар таваллуд шавад ва агар бахши хурдтари онро зан бихӯрад, духтар бизояд. Ин намуд [аз «хояи рӯбоҳ»] андар ҷойҳои сангзор ва ҷойҳои регзор бирӯяд. Аз ҷумлаи «хояи рӯбоҳ» як намуди дигарест, ки онро бархе аз мардум ба иллати серманфиатӣ «андриёс»2 гӯянд.
Ин растаниест, ки баргаш шабеҳи барги гандано ва ба дарозо гароида бувад, вале паҳнтар аз он бошад. Андар он рутубати часпаки фаровон ҷой дорад. Он дорои соқи баландияш қариб ду ваҷаб, гули рангаш моил ба арғавонӣ ва бехест, ки шабеҳ ба ду хоя бувад. Андар баёни он бех он чизеро гуфтаанд, ки андар баёни навъи пеш ёдшуда гуфта шудааст. Гиёҳи ҳар ду намуд дурушти ширин аст».
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар ҳамин дараҷаи тар аст. Он дорои рутубати зиёдатист.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз ташаннуҷ ва азҳамкашидагие, ки ба сӯи пас бошанд ва аз фалаҷ ба ғоят судманд аст.
Андомҳои ронанда: «Хояи рӯбоҳ» шаҳвати боҳро биҷунбонад ва хусусан бо шароб онро ёрӣ расонад. Он қоиммақоми сақанқур бувад3. Зимоди он носурҳоро бикушояд ва чунонки бархе аз мардум тасдиқ кардаанд, агар онро бо шароб биошоманд, сайлони шикамро бибандад.
750. ХУСОУ-Л-КАЛБ – «ХОЯИ САГ»
Orchis morio L. seu O. papilionacea L.
Моҳият: Ин растаниест, ки шабеҳи растании «хояи рӯбоҳ» буда, ҳатто гурӯҳе андар фарқ ниҳодан миёни ин ду иштибоҳ кардаанд. Яке аз эшон гуфтааст, ки он айни ин аст ва дигарон гуфтаанд, ки ин растанӣ айни онаш аст, зеро беху гиёҳи онҳо ба ҳам монанд буда, феълҳои ҳар ду ба ҳам наздиканд. «Хояи саг» ду навъ аст: яке хурд буда, ду ҷуфт аст - як ҷуфт ба фурӯсӯ ва як ҷуфт ба барсӯ ва яке ковок ва дигарӣ рехта; навъи дуввум бузургтар аз он бувад.
Хосиятҳо: Андар навъи бузургтар рутубати фазлавист.
Омосҳо: Омосҳои балғамиро ҳал кунад.
Решҳо: Решҳоро пок кунад, намларо паҳн шудан нагузорад, носурҳоро бикушояд ва решҳои палид ва [решҳои] хӯрандаро фароҳам оварад.
Андомҳои сар: Аз қулоъ судманд аст.
Андомҳои ронанда: Агар мард бузурги онҳоро бихӯрад, писар бороваранда бигардад ва агар зан хурди онҳоро бихӯрад, духтар бороваранда бигардад. Гуфтаанд, ки тари он ҷимоъро биафзояд ва хушки он ҷимоъро қатъ кунад. Ҳар кадоми онҳо таъсири якдигарро бекор кунанд.
Гуфтаанд, ки ҳамаи ин [хосиятҳо] андар бузургтар ва ҳам хурдтари он вуҷуд доранд.
751. (455) ХУСЯ – ХОЯ
Testiculus
Моҳият: Ин аз ҷинси гӯшти ковок ва аз ҷумлаи ан
домҳои ҳайвон аст.
Ихтиёр: Беҳтарини он хояҳои он ҳайвонҳои ҷавонест, ки хушхояанд. Хояҳои ҳайвонҳои калонсол, мисли нарбузҳо ва он чи ки аз гӯспандону барзаговон бад-онҳо монанданд, гуворида нагарданд ва на чун хояҳои хурӯсҳо, хусусан хурӯсҳои фарбеҳ бошанд, зеро хояҳои хурӯсҳо сахт накӯанд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хояҳо мисли гӯшти пистон хушғизо нестанд ба истиснои хояи хурӯсҳои фарбеҳ, ки онҳо хуб ва серғизоянд. Ҳамаи гунаҳои хояҳо ва хусусан он хояҳое, ки ба душворӣ гуворида бигарданд, агар гуворида гарданд, ғизои бисёре бидиҳанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Аксарияти хояҳо ва хусусан хояи ҳайвони бузурги ситабргӯшт душворгувори серғизоянд.
752. ХАРБАҚ АСВАД – ХАРБАҚИ СИЁҲ
Helleborum niger L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки бархе аз мардум онро «моланбудиюн»1 хонанд ва аз баҳри он чунин номанд, ки як марде бо номи Моланбус2 чун духтарони Фрутусро бо ин растанӣ исҳол оваронда аст, эшон аз девонагӣ шифо ёфтаанд. Ин растаниест, ки дорои барги сабз ва шабеҳи барги чинор, вале аз он хурдтар буда, дандонаҳояш мисли сафандулиюн бузургтаранд. Он назар ба [сафандулиюн] хеле сиёҳтар ва дорои дуруштист. Ин [растанӣ] дорои соқаи кӯтоҳ, гули сафеди мисли гули [садбарг] омехта бо ранги арғавонӣ ва самари хӯшаии шабеҳ ба коҷира буда, ин [самарро] «сисамуидос»3 хонанд. Он дорои решаҳои борики сиёҳ буда, онҳо аз бехе растаанд, ки гӯӣ сари пиёз бувад. Аз харбақи сиёҳ танҳо решаҳояшро ба кор баранд. Он андар ҷойҳои ноҳамвор, ғорҳову пуштаҳо ва ҷойҳои сахти хушк бирӯяд. Бархе аз мардум онро андар об биниҳанд ва сипас он [обро] андар хонаҳо бипошанд, зеро ба пиндори эшон ин [растанӣ] тоҳиркунанда бувад. Бинобар он эшон ҳар гоҳ онро аз замин кандан бихоҳанд, ҳангоми кофтани гирди [бехи] он ба маъбуд намоз хонанд ва ба ҳоли намозхонӣ онро бикананд. Эшон ҳангоми кандани он аз парвоз кардани уқоб аз наздашон эҳтиёт кунанд, зеро ба мазҳаби эшон агар уқоб харбақро ба ҳоли кандашуда бибинад, ин барои шахси канандаи он бими марг доштааст. Ҳар кӣ бехи онро биканад, бояд канданро зуд анҷом бидиҳад, зеро аз бӯи он сарро гаронӣ падид ояд ва бояд пеш аз он аз барои эҳтиёт сир бихӯрад ва шароб биошомад, то зиёни онро биронад. Бо ин [харбақ] чунон муомала кунанд, ки бо харбақи сафед кунанд ва инро ҳам мисли он [ба бемор] бидиҳанд.
Ихтиёр: Беҳтарини он харбақест, ки миёни навию куҳанӣ ва пуррагию пажмурдагӣ буда, хокистарранги зудшикананда ва ғайри сахт бошад, андар тиҳигоҳи он чизе ёфт шавад, ки мисли ошёни тортанак бошад ва таъмаш тези забонро зананда бувад. Беҳтарин чизе, ки аз он ба кор баранд, ин аст, ки шохаҳои хурди ба бех наздикро бигиранд, андар об андаке тар кунанд ва сипас онҳоро пӯст кунанд.
Баъд ин пӯстҳоро гирифта, андар соя бихушконанд ва онҳоро баъди совидану бехтан ба кор бибаранд. Як ошомидании он се карама аст. Аз ҳама беҳтар он аст, ки вайро бо фатросолиюн ва тухми газари даштӣ биошомонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор