Қонуни тиб

Андомҳои ғизокашӣ: Хашхош аа рутубатҳои меъда судманд аст. Агар бехи хашхоши дарёии шохдорро бо об то ним шудани он биҷӯшонанд, аз иллатҳои ҷигар ва барои касе, ки андар шикамаш хилтҳои ситабр аст, суд дорад. Тухми хашхоши кафкӣ қай оварад ва гуфтаанд, ки ин гуна [таъсир] андар тухми хашхоши даштӣ низ ҳаст.
Андомҳои ронанда: Агар хашхоши сафед ва сиёҳро нарм кӯфта, бо шароби сиёҳи тунд биошоманд, исҳоли дерравро қатъ кунад, вале бо вуҷуди он ки андар об ҳал бигардад, табиати он аз қувваи кушояндагӣ холӣ нест.
Агар бо оби ҷӯшонидаи он, ки сахт ҷӯшонида бошанд, аз барои зусанториё ҳуқнарезӣ кунанд, суд бахшад. Агар тухми хашхошро бо молиқиротун биошоманд, табиатро нарм кунад. Агар аз хашхоши кафкӣ ба андозаи як уксубофун бо молиқиротун биошоманд, қай оварад. Тухми хашхоши кафкӣ балғам ва хилти хомро ба исҳол оварад.
Тухми гунаи мисрии он низ чунин бошад ва онро андар шакарина ва оши ришта афканда, бидиҳанд. Тухми хашхоши бӯстонӣ бо ангубин маниро биафзояд.
747. ХИТМӢ1 – ХИТМӢ, ҒАРМАШ
Althaea officinalis L.
Моҳият: [Гунаеро аз он гули сафед ва гунаеро гули сурх аст. Хитмии сурх бештар зудоянда буда]2, номи он аз юнонӣ аз исми «серманфаат»3 иштиқоқ шудааст.
Табъ: Ба иътидол гарм аст.
Хосиятҳо: Андар он нармсозӣ, пазонандагӣ, ковоккунӣ ва ҳал кардан аст. Тухм ва бехи он андар қувват чун худи он буванд, вале қавитар, хушккунандатар ва латифтаранд.
Оростагӣ: Хитмиро бо сирко бар баҳак тило кунанд ва андар зери офтоб нишинанд. Тухми он андар ин кор қавитар бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳоро нарм кунад, пеши онҳоро бигирад, [омосҳои] хуниро ҳал кунад, думмалҳоро бипазонад, аз омосҳои боддамида ва аз ханозир судманд бошад. Онро бо сақизи хинҷак аз барои сахтии раҳм ба зер баргиранд ва бо гӯгирд4 ва самғ бар ханозир ниҳанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Хитмӣ хусусан бо пиҳи ғоз дарди бандкушоҳоро фурӯ нишонад. Вай аз қавин, аз ларзиш, даридагии миёнаҳои мушакҳо ва кашидашавии асабҳо судманд аст.
Андомҳои сар: Агар бо он зимод ниҳанд, аз омосҳое, ки андар ғуддаҳои гӯш ба амал оянд, суд дорад.
Андомҳои чашм: Хитмӣ бодгирифтагӣ ва дамидагиеро, ки андар пилкҳо ба амал омада бошанд, ҳал кунад.
Андомҳои сина: Тухми он аз сурфаи гарм судманд аст, [балғам]партоиро осон ва хунпартоиро ба сабаби қувваи гирандааш мумонаат кунад. Барги он аз омосҳои пистон нофеъ аст. Вай андар таркиби зимодҳои барсом ва омоси шуш бидарояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Самғи он ташнагиро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи бехи онро агар биошоманд, аз сӯзиши пешоб, низ аз сӯзиши рӯдаҳо ва омосҳои мақъад суд бахшад. Барги он низ чунин бувад. Хит
мӣ инчунин аз исҳоли бад судманд аст. Тухми онро бо сақизи хинҷак аз барои сахтии заҳдон ва часпидагии он ба зер баргиранд. Инчунин ҷӯшонидаи як худи хитмӣ нифосро пок кунад. Ҷӯшонидаи бехи онро бо шароб биошоманд, аз душвории пешоб ва аз санг судманд бошад. Хусусан тухм ва самғи он шикамро бибандад.
Заҳрҳо: Агар онро бо сирко ва равғани зайтун тило кунанд, зиёни ҷунбандагони зиёнкорро бигардонад. Ҷӯшонидаи он бо сиркои омехта ва ё шароб аз газидагии магаси ангубин суд дорад ва он ба тахмини ман аз тариқи тило кардан бувад.
748. ХАРДАЛ1 – ХАРДАЛ
Brassica nigra Koch. et B. juncea (L.) Czern.
Моҳият: Ин тараи маъруф аст.
Табъ: Андар дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Феълҳо (454) ва хосиятҳо: Хардал балғамро бибурад. Равғани он гармтар аз равғани турб аст. Аз дуди он ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд. Хардали даштӣ хилти бад бизояд ва андар он зудояндагию ҳал кардан аст.
Мардум барг ва бехи онро пухта бихӯранд.
Оростагӣ: Рӯйро пок кунад ва тирагии рангу асари хуни мурдаро бибарад. Хардали даштӣ аз барои баҳак зимоди хубест. Он забонро хушк кунад ва аз «бемории рӯбоҳ» суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои гарм ва ҳар гуна омоси дерравро ҳал кунад. Онро бо гӯгирд бар ханозир биниҳанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз гар ва парюнҳо суд дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дарди пайвандгоҳҳо ва қавин судманд аст.
Андомҳои сар: Хардал рутубатҳои сарро пок кунад ва бо он сари касеро, ки ба лисорғус гирифтор бошад, зимод кунанд. Оби онро ҳамчун доруи чакониданӣ аз барои дарди гӯш ва дандони курсӣ ба кор баранд. Равғани он, хусусан агар андар он ангужад ҷӯшонида бошанд, низ чунин бувад. Хардал яке аз доруҳоест, ки суддаи устухони полояндаро бикушояд. Баъзеҳо гуфтаанд, ки агар онро ношито биошоманд, ҳушро тез бикунад.
Андомҳои чашм: Хардалро андар таркиби доруҳои пардаи [чашм] ва дуруштии [пилк] ба кор баранд.
Андомҳои сина: Агар онро кӯфта, бо оби ангубин биошоманд, дуруштии деррави андар нои шуш бударо бибарад.
Андомҳои ғизокашӣ: Хардал испурчро пажмурда кунад ва ташнагӣ оварад.
Андомҳои ронанда: Хардал аз ихтиноқи раҳм судманд буда, шаҳвати боҳро биангезад.
Табҳо: Аз табҳои даврӣ ва дерина судманд аст.
749. ХУСОУ-С-САЪЛАБ1 – «ХОЯИ РӮБОҲ»,
«САЪЛАБ»
Orchis umbrosa Kar. et Kir. seu O. latifolia L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки баргаш бар рӯи замин хобида, сабз ва шабеҳи барги нарми зайтун аст, вале тунуктару дарозтар аз он бувад. Он дорои шохаҳоест, ки як ваҷаб дарозӣ дошта, бар сари онҳо гулҳои арғавониранг нишастаанд. Ин [растаниро] бехест, ки шабеҳ ба бехи балбус, вале андаке дарозтар аст ва он дучандию ҷуфт буда, мисли ду зайтуни бар болои якдигар истода бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор