Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо чакидаи кӯкнорро ҳангоми хушкидани шабнами бар растании кӯкнор афтида ва бад-ин гуна бигиранд, ки гирдогирди (452) сараи кӯкнорро бо корд на ба андозаи сӯрох шудани он бибуранд. Атрофи кӯкнорро аз буридани якум сар карда, то охир ба таври рост бибурранд ва бурриш набояд амиқ бошад. Ҳар гоҳ шир ва чакидаи он ҷӯш зада барояд, инро бо ангушт гирифта, андар садаф ҷамъ кунанд. Ба ҳамин тариқ, ҳар сари чанд гоҳ [шираи] аз он беруномадаро пок карда, бигиранд. Ҳар гоҳ маҳалли буридаро пок карда, андаке бигузоранд, чунин дарёбанд, ки тамоми рӯз андак-андак аз он шира берун ояд. Рӯзи дигар бояд ин чакидаро бар зерсанг ниҳода, бисованд ва аз он қурсҳои кӯкнор сохта, захира кунанд. Кӯкнорро як синфи дигарест, ки онро бархе аз мардум «боролиюс»5 номанд ва маънояш «соҳилӣ»
бувад. Ин растаниест, ки дорои баргҳои сафед буда, бар рӯи онҳо мӯякҳо нишастаанд. Онҳо ба барги флумус6 монанданд ва атрофашон чун дандонаҳои арра дандонадори мисли баргҳои кӯкнори даштист. Соқаш [низ] ба соқи он монанд аст. Ин [намуд кӯкнор] дорои гули зард ва самари хурдест, ки ба шакли ғилофаке чун шох хамида бувад. Андар ин [ғилофак] тухмҳои сиёҳи хурде шабеҳ ба тухми кӯкнори сиёҳ ҷой доранд. Бехи он бар рӯи замин раста, ситабри сиёҳ аст. Ин [кӯкнор] андар соҳилҳои дарё ва ҷойҳои ноҳамвор бирӯяд. Бархе аз мардум ба ғалат рафта, чунин пиндоранд, ки момисоро аз ин растанӣ ҳосил кунанд. Эшон ба иллати монандии баргҳо ғалат кардаанд. Кӯкнорро як намуди дигарест, ки онро «кӯкнори кафкӣ»7 хонанд. Инро аз баҳри он чунин ном ниҳодаанд, ки бо сафедии хеш кафкро монад. Бархе аз мардум онро «миқун афрудис»8 номанд. Он дорои соқи қариб як ваҷаб баланд, баргҳои хурди шабеҳ ба барги «иструсиюн»9 ва самар мебошад. Ин растанӣ саросар сафед аст ва соқа, барг ва самари он кафкро монанд. Он дорои бехи борик аст. Самари онро баъди ба ғояти бузургӣ расидан ҷамъоварӣ кунанд ва ин ҳангоми тобистон бувад. Ҳар гоҳ онро ҷамъ карданд, бихушконанд ва захира кунанд.
Ихтиёр: Беҳтарин ва солимтарини он кӯкнори сафед аст. Бояд сараҳои тозаи ҳар синфе аз кӯкнорро гирифта, бикӯбанд, қурсҳо созанд, нигоҳ доранд ва ба кор баранд.
Беҳтарин чакидаи кӯкнор онест, ки зич, гаронсанг, сахтбӯй, тезтаъм, осонгудохташаванда, нарм, ҳамвор ва сафед буда, дурушт ва дона-дона набошад, агар андар об бигудозанд, мисли мум баста нагардад, агар андар офтоб бигузоранд, гудохта шавад ва агар ба забонаи оташи чароғ наздик оранд, он афрӯхтатар гардад ва боиси ториктар шудани он нагардад ва агар оташи онро хомӯш кунанд, аз он бӯи қавӣ зоҳир бигардад. Гоҳе онро аз тариқи омехтан бо момисо, ё бо фишурдаи барги коҳуи даштӣ ва ё бо самғ мағшуш созанд. Онеро, ки бо момисо мағшуш аст, агар бигудозанд, заъфаронигун ва заъфаронибӯй бигардад. Онеро, ки бо фишурдаи коҳуи даштӣ мағшуш аст, агар бигудозанд, бӯяш камқувват буда, ба ҳангоми совидан эҳсоси дуруштӣ бидиҳад. Онеро, ки бо самғ мағшуш созанд, рангаш равшан бигардад ва қувваташ бикоҳад. Бархе аз мардум аз палидӣ ба ҷое бирасанд, ки онро бо пиҳ мағшуш созанд. Як ҳакиме аз ҳукамои Юнон гуфтааст, ки ҳар киро дарди чашм ва ё гӯш аст, бояд аз ин дору ва

амсоли он парҳез кунад, чаро ки он чашмро тирагӣ ва гӯшро гаронӣ оварад. Адриюси ҳаким гуфтааст, ки агар ин дору мағшуш набошад, каси ба чашм кашандаро кӯр хоҳад кард. Дигаре гуфтааст, ки аз он танҳо бӯяш аз барои хоб овардан судманд асту бас, вале дигар бахшҳои он зиёнвар аст. Ба ҷонам қасам, ки ҳамаи эшон ғалат кардаанд ва хилофи он қувваи ин дору сухан гуфтаанд, ки бо таҷриба шинохта шудааст. Ба ростӣ он чи аз амри ин [дору] ба ҳангоми таҷрибаҳо зоҳир бигардад, ба ҳақ будани он феълҳои ин [дору], ки мо хабар додем, гувоҳӣ диҳад.
Табъ: Хашхоши бӯстонӣ андар дараҷаи дуввум ва хашхоши сиёҳ андар дараҷаи севвум ва ба қавле андар чаҳорум сарди хушканд.
Феълҳо ва хосиятҳо: [Ҳамаи] намудҳои кӯкнор сардиоварандаанд ва андар онҳо ба қадре ғизо нест, ки қобили эътибор бошад. Хашхоши сиёҳ ситабркунандаи хушкиоваранда аст. Хашхоши дарёии шохдор, ки самари он чун шохи гов чанбарӣ аст, зудояндаи буранда аст ва ниҳоят сахт бизудояд. Гули хашхоши даштӣ пайҳои решҳои чашми чаҳорпоёнро пок кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Ба ҷуз хашхоши дарёӣ дигар ҳамаи синфҳои хашхошро бар сурхбод тило кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Барги хашхоши шохдори соҳилӣ аз решҳои чиркнок судманд аст ва ба сабаби зудояндагияш гӯшти зиёдатиро бихӯрад ва хушкрешиҳоро биканад.
Гули он низ чунин бувад. Хашхош ба сабаби ниҳоят зудоянда будан барои решҳои зоҳирӣ хуб нест. Аз хашхоши даштӣ бо равғани зайтун бар решҳо зимод гузоранд ва онҳоро биравонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Хашхоши дарёиро бо шир бар ниқрис тило кунанд, нафъ кунад. Агар бехи хашхоши даштиро андар об (453) то ним шудани он биҷӯшонанд ва бидиҳанд, аз қавин суд бахшад.
Андомҳои сар: Хашхош хобоваранда буда, хусусан сиёҳи он карахткунанда аст. Онро чун андар фатила ба зер баргиранд, хоб оварад ва назларо боз дорад. Агар каси бедорхобӣ кашанда бо он бар пешонии худ зимод ниҳад, суд ёбад. Агар бо ҷӯшонидаи он пухтаковрезӣ кунад, низ чунин бошад. Агар бо кӯкнори кафкӣ аз тариқи ошомидани як уксубофуни он бо молиқиротун қай оваранд, касони ба саръ гирифторро судманд бошад, зеро он хоссатан меъдаи эшонро пок кунад. Агар равғани онро бо равғани гул бар сар бимоланд, аз барои сардард созгор бошад, вале ҳар қадар ки мумкин аст, аз он дурӣ ҷустан беҳтар бувад. Гоҳе ҷӯшонидаи онро андар гӯши ниҳоят дарднок бичаконанд, дарди онро фурӯ нишонад.
Андомҳои чашм: [Пухтакови] сарди онро аз барои дардҳои сахти чашм ва ба ҳангоми зарурат ба кор баранд ва чунонки андар боби афюн ёд кардем, андар ин бими хатар аст, вале агар онро бо баъзе доруҳои монеъи зиёни он биошоманд, зиёнаш бикоҳад.
Андомҳои сина: Хашхош аз сурфаи гарм, назлаҳои ба сӯи сина оянда ва аз хунпартоӣ судманд аст. Гоҳе аз он лесиданӣ бисозанд, ки аз барои ин ғараз ниҳоят судманд бувад, хусусан агар онро бо ақокиё ва фишурдаи «риши буз» биомезанд, [боз ҳам хуб бошад]. Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки тухми хашхоши сиёҳ синаро пок кунад. Аммо он чи аз ҳоли қишри он зоҳир гардидааст, ин аст, ки хунпартоиро душвор созад, вале андар тухми ҳамаи онҳо [қувваи] поксозандагист.

пешина
аз 1215
навбатӣ