Қонуни тиб

Андомҳои сар: Оби барф дарди дандонҳоро ором кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Барф асабҳоро зиён дорад, зеро он бухорҳои гарми андар онҳо равонро ҳабс кунад ва онҳоро ҳал шудан нагузорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Барф аз барои меъда ва хусусан меъдае, ки андар он хилтҳои сард падид оянд, зиёнкор аст.
Он гоҳе ба сабаби ҷамъ кардани гармӣ ташнагӣ оварад.
744. (451) САЪЛАБ – РӮБОҲ
Canis vulpes L.
Хосиятҳо: Рӯбоҳ [қувваи] ҳалкунандагӣ дорад ва пӯстини он гармтарини пӯстинҳо буда, касони тармизоҷ ба сабаби ҳалкунандагии он аз он метавонанд суд бибаранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар рӯбоҳро андар об ҷӯшонида, бандкушоҳои дардмандро бо он тило кунанд, сахт судманд бошад. Равғани зайтуне, ки андар он рӯбоҳи зиндаро ҷӯшонида бошанд, ҳамчунин, балки хеле қавитар аст: бояд андар он бисёр нишаст ва беҳтар он аст, ки ин корро баъд аз истифроғ ва пок шудани [тан] бикунанд, то ки он бо қувваи кашанда ва ҳалкунандаи худ хилтро ба сӯи бандкушоҳо накашад. Ҳар гоҳ тан пок карда шавад, баъди он ба сӯи бандкушоҳо чизе кашида нахоҳад шуд ва агар [дард] боз ояд, сабук бошад. Пиҳи рӯбоҳ низ чунин аст ва бисёр бошад, ки [моддаҳоро] беш аз андозаи ҳал кардан бикашад. Рӯбоҳро андар равғани зайтун гоҳе зинда ва гоҳе забҳ карда, биҷӯшонанд. Ҳар кадоме аз онҳоро, ки истеъмол накунанд, [моддаи] андар бандкушойҳо бударо ҳал кунад.
Андомҳои сар: Агар пиҳи рӯбоҳро андар гӯш бичаконанд, дарди онро фурӯ нишонад.
Андомҳои сина: Шуши хушконидаи он худованди дамкӯтоҳиро сахт судманд аст. Як ошомидании он як дирамсанг бувад.
745. СОФСИЁ1 – СОФСИЁ
Thapsia garganica L.
Моҳият: Ин самғи судоби даштист.
Ихтиёр: Ҷуз тозаи он судманд нест ва агар аз он яку
ним сол бигзарад, ба сабаби ҳал шудани рутубатҳои зиёдатие, ки андар он ҷой доранд, аз он ҳеҷ фоида нахоҳад буд.
Табъ: Сахт гарм ва сӯзанда буда, гармифизоӣ ва хушксозии он қавист. Андар он рутубати зиёдатии бегонаест, ки ба сабаби он дарҳол сӯзиш нахоҳад овард.
Феълҳо ва хосиятҳо: Софсиё поккунанда, исҳоловаранда, пазонанда ва кафонанда аст ва ба сабаби рутубати зиёдатияш танҳо баъд аз гузаштани як соат сӯзиш хоҳад овард. Ин яке аз доруҳоест, ки кашиши сахт ба амал
оварда, аз амиқтарин ҷои тан [моддаҳоро] бикашад, вале ин кашиш ба сабаби рутубати зиёдатии он баъд аз муддате ба амал ояд. Андар гардонидани мизоҷ ба сӯи гармӣ софсиё беназир аст.
Оростагӣ: Софсиё мӯйро бирӯёнад ва «бемории рӯбоҳ»-ро сахт судманд бошад ва андар ин кор кам чизе ёфт шавад, ки назири он бошад. Мо истеъмоли инро андар боби худаш ёд кардем. Софсиё аз хунпечидагӣ суд дорад ва онро на камтар аз як соат бар он бигузоранд.
Софсиё инчунин аз пайҳо, кунҷида ва барас нофеъ аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бар истирхо, бар ниқрис ва бар бандкушоҳои сард бимоланд ва бо он аз барои қавин ҳуқнарезӣ кунанд.
Андомҳои нафаскашӣ: Аз хуноба партофтан ва душвории нафас судманд аст. Агар бо он тило, зимод ва истифроғ кунанд, дарди ҳар ду паҳлу ва хусусан он дардҳоеро, ки куҳан буванд, суд бахшад. Тило кардани он ва ба таври латиф андар таркиби доруҳои лесиданӣ ба кор бурдани он бар партофтани фазлаҳо ёрӣ расонад.
Андомҳои ронанда: Андар бех, пӯст ва чакидаи он қувваи шикаморанда аст.
Табҳо: Аз пӯсти он се драхмӣ, аз фишурдаи он се убулус ва аз чакидаи он як драхмӣ бигиранд ва агар беш аз ин андоза ба кор баранд, зиён оварад.
Ҷойнишинҳо: Ба қадри ду сеяки як чанди вазни он касиро ва як чанди он сипандон ҷои он бигиранд.
Ин аст поёни гуфтор аз ҳарфи «со» ва шумораи он аз ҳафт дору иборат аст.
Фасли бистучорум
гуфтор андар баёни ҳарфи «хо» /خ/
- ХАШХОШ1 – КӮКНОР
Papaver somniferum L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки бархе аз мардум онро «миқун»2 номанд. Он гунаҳои зиёде дорад. Бархе аз он бӯстонӣ буда, аз тухми он нон созанд ва ба ҳангоми тандурустӣ бихӯранд. Гоҳе онро бо ангубин ба ҷои кунҷид ва [гоҳе] бо шакарина истеъмол кунанд. Сараҳои ин намуд дарозрӯя ва тухмаш сафед аст. Навъе аз кӯкнор даштист, ки сараҳои андаке паҳншакл дошта, тухмаш сиёҳ аст. Бархе аз мардум онро «рувос»3 хонанд, зеро аз он рутубати ширие битаровад. Кӯкнорро
як намуди севвум аст, ки он даштӣ, хурдтар аз ду намуди [дигар], хеле бадмазатар ва сараҳояш дарозрӯя буванд. Қувваи ҳар се навъ сардиоваранда аст. Бояд сараҳои онро ба ҳоли тозагӣ кӯфта, аз он қурсҳо сохта,
бихушконанд ва захира кунанд. Аммо тарзи ҳосил кардани афюн бад-ин гуна аст, ки бархе аз мардум сараҳои
кӯкнори сиёҳ ва баргҳои онро гирифта, бикӯбанд, ба
ёрии маъсара фишурдаи онро бикашанд, ин фишурдаро
[баъд аз сахт шудан] бар зерсанг ниҳода, бисованд ва аз
он қурсҳо созанд. Ин намуд аз афюнро «миқуниюн»4
номанд. Ин камқувваттар аз он афюнест, ки чакидаи [кӯкнор] бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор