Қонуни тиб

Андомҳои чашм: Сир биноиро нотавон кунад ва андар чашм табишҳо падид оварад.
Андомҳои сина: Сири ҷӯшонида гулӯро равшан кунад.
Он аз сурфаи деррав фоида дорад ва аз дардҳои сина, ки аз сардӣ хоста бошанд, суд бахшад. Сир девчаро аз гулӯ берун орад.
Андомҳои ғизокашӣ: Сир ва хусусан он пухтакове, ки насрониён аз сир, зайтун ва газар сохта, ба кор баранд, аз зардоб гирифтани шикам суд дорад.
Андомҳои ронанда: Агар андар оби ҷӯшонидаи баргу пояи сир бинишинанд, пешобу хуни ҳайзро битозонад ва машимаро берун орад. Агар онро ба зер баргиранд ва ё биошоманд, низ чунин бошад. Таоми мазкури насрониён, ки онро аз сир бисозанд, низ сахт судманд аст. Агар ба микдори ду драхмӣ аз сирро бо оби ангубин бикӯбанд, балғам ва кирмҳоро берун орад. Сир дорои табиаткушоист.
Аммо таъсири он андар боҳ чунин аст, ки он ба сабаби ниҳоят хушкӣ овардан ва ҳал карданаш бошад, ки боҳро зиён бирасонад. Агар онро бо об ба андозае биҷӯшонанд, ки тезияш андар об ҳал шавад, аз эҳтимол дур нест, ки он чи аз вай дар ин ҷӯшонидагӣ боқӣ бимонад, камҳарорат буда, хушкӣ нахоҳад овард, аз он моддаи манӣ падид ояд ва моддаҳои балғамии андар мизоҷҳои балғамӣ бударо ба бодҳо табдил созад, вале онҳоро пароканда кардан натавонад. Ҳар гоҳ инҳо андар рагҳо ба шакли бодҳо бидароянд, шубҳае нест, ки шаҳвати боҳро ёрӣ хоҳанд дод3.
Заҳрҳо: (450) Сирро агар бо шароб биошоманд, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор ва газидагии морҳо нофеъ аст. Инро мо санҷидаем. Инчунин он аз газидагии саги девона суд дорад. Чунонки гуфтаанд, агар бо сир, барги анҷир ва зира бар газидагии муғолӣ зимод ниҳанд, суди намоён бахшад.
740. СУМУН1 – ҲОШО, САЪТАРИ БАРРӢ
Thymus capitatus Lk. et Hoffm.
Табъ: Тухми сумун сахт гарм аст.
Андомҳои ронанда: Пешобро биронад, ҷанини мурдаро берун орад ва хуну хилтҳои заҳравиро ба исҳол оварад. Як ошомидании он ним дирам аст. Он кирмҳоро берун кунад.
741. СИЛ1 – БЕДГИЁҲ, МАРҒ
Agropyrum repens Beauv.
Моҳият: Гуфтаанд, ки ин бедгиё2 аст ва аҳли Табаристон онро «бедвош»3 хонанд. Ин растании маъруф аст. Он дорои шохаҳои гиреҳдорест, ки бар рӯи замин бидаванд ва аз онҳо решаҳое андар замин бираванд. Таъми он ширин аст ва дорои баргҳоест, ки мисли баргҳои наи хурд паҳни атрофашон тези сахт буванд. Онро говон ва дигар чаҳорпоён бихӯранд. Дисқуридус гуфтааст: «Мо як навъи дигар аз бедгиёҳро дидем, ки аз ду намуд иборат аст. Яке аз онҳо назар ба он намуде, ки зикр кардем бештар барг, шоха ва решаҳо дорад ва ин синф андар синоати пизишкӣ судманд аст. Агар ин синф [бедгиёҳ] ва хусусан онеро, ки ба кишвари Бобул 6ар сари роҳҳо бирӯяд, чаҳорпоён бихӯранд, онҳоро бикушад. Синфи дуввум андар кишвари Борносус4 бирӯяд, баргаш чун барги печак бувад, беш аз дигар [намудҳо] шохаҳо дорад,
гулаш сафеди хушбӯй аст ва дорои тухмҳои хурдест, ки аз онҳо истифода баранд. Решаҳояш панҷ, ё шашто ва ба қадри ситабрии ангушт буда, сафед, нарм, ширин ва бадбӯянд. Агар фишурдаи онро гирифта, бо миқдори баробари он аз шароб ва ангубин, бо ними он аз мурр, сеяки он аз мурч ва якчанди он аз кундур биҷӯшонанд, доруи судманде хоҳад буд. Онро бояд андар ҳуққаи мисин гирифта, аз барои бемориҳои гуногун нигоҳ доранд.
Ҷӯшонидаи бехҳои он мисли растании он таъсир дорад ва тухми он растанӣ андар таркиби доруҳо бидарояд. Бедгиёҳро як синфи севвумест, ки ба Қилиқиё5 бирӯяд ва аҳли он инро «набат»6 хонанд. Агар онро чаҳорпоён тар бихӯранд, зуд сер шаванд ва агар онро говон ба миқдори зиёд бихӯранд, дам кунанд.
Табъ: Бедгиёҳ ва хусусан бехи тозаи он андар дараҷаи якум сарди хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Қуввати он гиранда аст ва андар он сӯзандагист. Фишурдаи он моддаҳоро ба сӯи андомҳои андарунӣ бикашад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар бедгиёҳ ва хусусан бехи онро ба тариқи зимод бар ҷароҳатҳои бади тоза ниҳанд, онҳоро суд бахшад ва он дорои фароҳамоварандагист.
Андомҳои сар: Ҳама гуна назларо боз дорад.
Андомҳои чашм: Фишурдаи бедгиёҳ, ки онро бо бахшҳои баробаре аз шароб ва ангубин, нимбахшӣ аз мурр ва кундур ва чаҳоряк бахш аз сабр ҷӯшонида бошанд, доруи хубе барои чашм бувад. Инро ба шакли дигар низ таркиб додаанд: аз фишурдаи он як чанд, аз мурр ним чанд, аз мурч сеяки як чанди он ва аз кундур низ сеяк гирифта, ҳамаро биомезанд ва ин доруи хубе аз барои чашм бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бех ва тухми он қайро қатъ кунад ва ба сӯи меъда кашида шудани [моддаҳоро] боз дорад. Тухми он умуман аз барои меъда хуб аст.
Андомҳои ронанда: Тухми он ба шакли доруи лесиданӣ пешобоваранда ва хурдсозандаи санг аст, чаро ки андар он хушкӣ бо талхӣ ҷой дорад. Бехаш низ ҳамчунин бувад. Ҷӯшонидаи тухм ва бехи он аз решҳои обгаҳ суд дорад ва ошомидани ҷӯшонидаи он аз барои печиши ноф, ба душворӣ омадани пешоб ва решҳои андар обгаҳ рӯйдода созгор аст.
742. СУФЛ – ДУРДИ РАВҒАН
Olei Sedimen
Ихтиёр: Беҳтарини он дурди равғани заъфарони1 гаронсанг аст.
Табъ: Дурди шираи равғани зайтун андар дараҷаи якуми гармист.
Хосиятҳо: Мо ёд кардем, ки дурди равғани заъфарон забон ва дандонҳоро ба андозае ранг кунад, ки соатҳо бимонад.
Решҳо: Дурди шираи равғани зайтун яке аз фароҳамоварандагони решҳоест, ки андар баданҳои хушк падид оянд.
743. САЛҶ – БАРФ
Nix
Хосиятҳо: Барф барои пирон ва касоне, ки андар эшон хилтҳои сард падид оянд, бад аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор