Қонуни тиб

Агар тути норасидаро хушк кунанд, ҷои тутум бигирад.
Табъ: Тути ширин гарми тар аст ва тути туруши шомӣ ба сардию рутубат бигарояд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Тут дорои гирандагӣ ва сардифизоист. Фишурдаи тут ва хусусан агар онро андар деги мисӣ ҷӯшонида бошанд, гиранда аст. Тут ва хусусан норасидаи он моддаҳоро ба сӯи андомҳо ҷорӣ шудан нагузорад. Тути норасида чун тутум бувад.
Оростагӣ: Агар барги тут, барги ток ва барги анҷири сиёҳро бо оби борон биҷӯшонанд, мӯйро сиёҳ кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Тути туруш омосҳои даҳон ва гулӯро боз дорад ва барги он аз зубҳа ва хуноқҳо судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Тути туруш ба шакли хушконида ва фишурдаи [барги] он низ решҳои палидро суд бахшанд.
Андомҳои сар: Рубби тути туруш аз барои табишҳои даҳон судманд аст ва ҷӯшонидаи бехи он дандонҳоро ковок кунад. Бо фишурдаи барги тути туруш мазмаза кардан аз барои дандондард судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Тут аз барои меъда бад аст ва хусусан фирсод андар меъда табаҳ бигардад. Агар тути фирсод андар меъда зуд табаҳ нашавад, зиёне надорад.
Ҳамаи гунаҳои тутро боистӣ пеш аз таом ва бар меъдае хӯрд, ки андар он табоҳие ҷой надошта бошад. Аммо тути шомӣ меъдаи сафровиро зиён надорад, на дорои бадист ва на маниши гаштан оварад, ғизояш кам аст, иштиҳои таом оварад, таомро билагжонад (449) ва зуд берун кунад. Умуман аз меъда фурӯ хамидани тут зуд ба амал
ояд, лекин аз рӯдаҳо ба оҳистагӣ гузарад.
Андомҳои ронанда: Тути тунди намакзадаи хушконида шикамро сахт бибандад ва аз зусанториё нафъ кунад. Чакидаи тут исҳол оварад ва андар лифи он поккунандагӣ ва исҳоловарист, вале исҳолаш бештар бувад.
Сабаби зуд фурӯ хамидани тути ширин ё тарист ва ё тезист, ки бо он омехта бошад. Архиҷонис гуфтааст, ки тут дер беруноянда ва пешобоваранда аст. Ба гумонам ӯ тути турушро дар назар дорад. Тут ба изофаи кушояндагии табиат, ки андар хеш дорад, хусусан хушки он, исҳоли деррав ва решҳои рӯдаро боз дорад. Ҳамаи гунаҳои тут пешобовар аст. Тути шомӣ ҳарчанд ки аз меъда зудгузар аст, вале андар рӯдагон дер бимонад.
Заҳрҳо: Қишри дарахти тут тарёки шавкарон аст. Агар аз фишурдаи барги тут якуним уқия биошоманд, аз газидагии ғунда судманд бошад ва ба сабаби часпакияш табиатро нарм кунад ва бод биангезад.
737. ТИРСӢ – «ТИРСӢ», ЧАШМИ БУЛБУЛ
Alyssum saxatile L.; А. alpestre
Моҳият: Мо аз баёни феълҳои он андар фасли «алиф»
ҳангоми зикри «олусун» фориғ шудем1.
738. ТУБОЛ1 – ТУПОЛ
Squama
Ихтиёр: Қавитарини он туполи оҳан [ва сипас мис]2 бувад. Ин он чизе бошад, ки ҳангоми кӯфтани оҳан бирезад. Ҳамаи туполҳо хушккунандаанд ва андар баёни онҳо сухан ронда шуд.
Ин аст поёни гуфтор аз ҳарфи «то» ва маҷмӯи он нуздаҳ номгӯй [дору] аст.
Фасли бистусеввум
гуфтор андар баёни ҳарфи «со» /ث/
- СУМ – СИР
Allium sativum L.
Моҳият: Гунае аз сир бӯстонӣ ва маъруф аст ва гунае сири ганданоӣ1 ва [гунае] сири даштист. Сири даштӣ дорои талхӣ ва гирандагӣ буда, онро «сири мор»2 хонанд. Сири ганданоиро қувват мураккаб аз сир ва ганданост.
Табъ: Сир миёни дараҷаи севвум ва чаҳорум гармкунандаи хушкифизост ва сири даштӣ бештар аз ин бувад.
Хосиятҳо: Сир нармкунанда буда, дамишро сахт ҳал кунад, решкунандаи пӯст аст ва аз обгардиш судманд бувад.
Оростагӣ: Сирро бо оби ҷӯшонидаи пудинаи кӯҳӣ биошоманд, шупуш ва ришкро бикушад. Сирро аз барои онҳо [низ бар тан] бимоланд. Агар хокистари онро
бо ангубин бар баҳак ва хунпечидагии чашм тило кунанд, нафъ кунад. Он аз «бемории рӯбоҳ», ки аз сабаби моддаҳои гандида ба амал омада бошад, суд дорад.
Табишҳо: Сир решҳои ғарбелаки андаруниро кушояд ва хокистари онро бар табишҳо ниҳанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сир пӯстро реш кунад ва хокистари онро бо ангубин бар парюнҳо ва гари решшуда биниҳанд. Сири даштиро агар ба шакли тоза бар ҷароҳатҳои палид биниҳанд, онҳоро бичаспонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар бо сир ҳуқнарезӣ кунанд, аз қавин суд бахшад, аз баҳри он ки сир хун ва хилтҳои заҳравиро ба исҳол оварад.
Андомҳои сар: Сир сардард оварад. Ҷӯшонида ва бирёни он дарди дандонҳоро фурӯ нишонад. Бо ҷӯшонидаи сир агар мазмаза кунанд ва хусусан агар бо он кундур омехта бошанд, низ аз дарди дандон судманд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор