Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Шири ҷуммайз аз барои омосҳои ба душворӣ ҳалшаванда, ханозир ва намла4 судманд аст. Ҷӯшонидаи ҷуммайз низ чунин аст. Анҷир ва хусусан ҷуммайз тӯтаро суд бахшад. Фишурдаи барги он осори нигорро бибарад ва онро бо мумравған бар кафидагиҳои аз сармо ба амал омада ниҳанд. Шири анҷир низ андар ҳамаи ин корҳо чунин бошад. Анҷир фарбеҳ кунад, вале ин фарбеҳӣ бисёр таҳлилёбанда аст. Вай шупуш падид орад ва гуфтаанд, ки ин ба сабаби фасодии хилти вай аст ва [низ] гуфтаанд, ки он хилтҳои барои қувваи ҳайвонӣ созгорро зуд ба зоҳир биронад.
Омосҳо ва табишҳо: Бо анҷир ва ё ҷуммайзи бо орди ҷав пухта омосҳои сахтро зимод кунанд. «Анҷири норасида»-ро бар баҳак [зимод кунанд]. Вай думмалҳоро бипазонад ва анҷири тоза агар истеъмол карда шавад, хушкгар падид орад. Ҷӯшонидаи онро бо пӯсти анор агар ғар-ғара кунанд, аз омосҳои гулӯ ва омосҳои буни гӯш ва бо пониз аз барои нохунхора судманд бошад. Анҷири хушк бо ширинии худ омосҳои ҷигар ва испурчро зиён дорад, аммо агар омос сахт бошад, на зиён оварад ва на суд, вале агар онро бо чизҳои латифкунандаи ҳалсозанда биомезанд, сахт судбахш бошад. Ҷуммайз омосҳои ба душворӣ [ҳалшавандаро] ниҳоят ҳал кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Фишурдаи барги анҷир решкунанда аст ва ҷӯшонидаи онро бо кафки хардал бар хориш тило кунанд. Барги он аз парюн судманд аст ва онро бар махмалак ва бар решҳои рутубаташон ситабр биниҳанд.
Обе, ки андар он хокистари чӯби анҷирро полида бошанд, решҳои гандидаи куҳанро бихӯрад ва пок кунад. Агар анҷирро бо пӯсти анор ба кор баранд, нохунхора беҳ кунад ва бо қалқанд аз барои решҳои палиди соқ [судманд бошад]. Шири ҷуммайз ҷароҳатҳоро бичаспонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо «анҷири норасида» ва барги он барги хашхош ҳамроҳ кунанд ва онҳоро бар қишрҳои устухонҳо биниҳанд ва оби хокистари полидаи чӯби онро бар асаби дардманд бирезанд. Гоҳе ба қадри якуним уқия аз он [ба бемор] бидиҳанд, биошомад.
Андомҳои сар: Анҷири тар ва хушк аз саръ судманд аст ва ҷӯшонидаи онро бо кафки хардал андар гӯше, ки бонг бизанад, бичаконанд. Шир ва ё фишурдаи шохаҳои онро, ки ҳанӯз барг накарда бошанд, чун андар дандонҳои кирмхӯрда биниҳанд, суд бахшад. Агар онро аз барои омосҳои фурӯсӯви гӯш ба тариқи зимод ба кор бибаранд, судманд бошад. «Анҷири норасида» ба шакли хокаи пошиданӣ решҳои сарро беҳ кунад.
Андомҳои чашм: Шири анҷир бо ангубин аз пардаи тоза, ибтидои фурӯдоии об ва ситабрии табақаҳои [чашм] судманд аст. Бо барги он пилкҳои дурушт ва гари онҳоро бимоланд.
Андомҳои сина: Анҷири тар ва хушк аз дуруштии гулӯ суд дорад ва синаву нои шушро созгор аст. Шароби анҷир ширро фаровон кунад. Инчунин шароби он аз сурфаи деррав ва дардҳои сина судманд аст ва аз омосҳои ной ва шуш суд бахшад.
(448) Андомҳои ғизокашӣ: Анҷир суддаҳои ҷигар ва испурчро бикушояд. Ҷолинус гуфтааст, ки тари он аз барои меъда бад аст ва хушкаш бад нест. Агар анҷирро бо обкома бихӯранд, фазлаҳои меъдаро пок кунад ва он

яке аз он чизҳоест, ки ташнагии аз балғами шӯр ба амал омадаро қатъ созад. Хушки он ташнагӣ биангезад ва хусусан бо афсинтин аз истисқо судманд бошад. Ошомидани шароби анҷир низ аз барои меъда судманд аст, вале иштиҳои таомро қатъ кунад. Анҷир ба миёнҷии зудояндагии хеш зуд фурӯраванда ва зудгузаранда аст. Хушки он фақат ба сабаби зудоиши хеш ҷигар ва испурчи варамкардаро зиён дорад, вале агар варам сахт бошад, на зиён кунад ва на суд. Анҷирро хусусан бо бодом ва гавз ношито истеъмол кардан андар кушодани гузаргоҳҳои ғизо манфаати аҷибе дорад, вале ғизобахшии он бо гавз бештар аз ғизобахшиии он бо бодом бувад. Агар онро бо [ғизоҳои] ситабркунандаи [хилтҳо] бихӯранд, зиёни он бузург бигардад. Ҷуммайз аз барои меъда сахт бад ва камғизо аст, лекин агар онро бо уша ва ё бо шири [худаш] зимод кунанд, аз барои сахтии испурч судманд бошад.
Ҳамаи синфҳои анҷир аз барои сайлони моддаҳо ба сӯи меъда ва рӯдаҳо носозгор аст.
Андомҳои ронанда: Анҷири тар ва хушк гурда ва обгаҳро суд дорад ва бар нигоҳ доштани пешоб тавон бахшад, вале бо рехтани моддаҳо бар сӯи рӯдагон созгор нест. Фишурдаи барги он даҳонаҳои рагҳои мақъадро бикушояд. Анҷири тар, хусусан агар онро бо бодоми кӯфта тановул кунанд, табиат нарм кунад ва андаке исҳол оварад ва аз сахтии раҳм низ чунин бувад. Агар онро бо натрун ва қуртум омехта, пеш аз таом бихӯранд, низ чунин бошад. Шири онро бо зардии хояи мурғ ба зер баргиранд, раҳмро пок кунад ва хуни ҳайз ва пешобро битозонад.
Онро бо шанбалит андар зимоди раҳмҳо ва бо судоб андар ҳуқнаҳои печиши ноф ба кор бибаранд. Анҷир ва хусусан шири онро агар ба кор баранд, рег аз гурда берун орад. Агар оби панирро бо шири анҷире, ки бар шир чаконида шуда ва бо чӯби анҷир андаке омезиш дода шуда бошад, ба кор баранд, андар кушодани табиат ва пок кардани гурдаҳо беш аз ҳама қавӣ бувад. Оби полидаи хокистари чӯби онро ба қадри якуним уқия ба касе бидиҳанд, ки гирифтори исҳол ва зусанториёст ва бо он [низ] ҳуқна бирезанд. Ба ҳар ду ҳол онро бояд бо равғани зайтун биомехт. Шароби анҷир пешобро битозонад ва нармӣ оварад. Он ба сабаби зудояндагии хеш аз шикам зуд фуруд ояд ва зуд бигзарад.
Заҳрҳо: Шири анҷир ба тариқи андудан аз газидагии каждум ва инчунин ғунда судманд аст. «Анҷири норасида» ва ё барги тари онро бар газидагии саги девона биниҳанд, суд бахшад. Онҳоро чун бо говдона бар ҷои газидаи росу зимод кунанд, нофеъ бошад. Оби полидаи хокистари чӯби анҷир ба тариқи молидан ва ошомидан аз газидагии ғунда судманд бошад. Ҷуммайз аз тариқи ошомидан ва тило кардан аз барои газидагии [ҷунбандагони зиёнкор] судманд аст.
736. ТУС – ТУТ
Morus albus L. et Morus nigrus L.
Моҳият: Тут ду гуна аст: яке «фирсод»1, ки он ширин буда, андар пазонандагӣ ба ҷои анҷир бигузарад, вале ғизояш бадтару камтар буда, хуни аз он падидоянда фосидтару камтар аст ва барои меъда бадтар бошад ва [фирсод]-ро низ дигар ҳолатҳои анҷир ҷой доранд, лекин пасттар аз он биистад; аммо [дигар] тути нордонест, ки бо номи «тути шомӣ» маъруф аст, ҳоло гуфтори мо бештар андар баёни он хоҳад омад.

пешина
аз 1215
навбатӣ