Қонуни тиб

Андомҳои сина: Себ ва хусусан себи хушбӯи шомӣ, себи хушбӯи ширин ва себи туруш дилро қавӣ гардонанд. Агар ба сабаби гармӣ андӯҳ падид омада бошад, ниҳоят нафъи азим дорад. Писти себ низ чунин бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Себ меъдаи нотавонро қувват бахшад ва себи гиранда аз [нотавонии] меъдае, ки ба иллати гармӣ ва ё тарӣ падид омада аст, суд дорад. Себи тунд низ ҳамчунин бувад. Агар андар меъда хилти ситабре ҷой дошта бошад, ки ба иллати ситабрӣ начандон сард аст, себи туруш аз нотавонии [ин гуна] меъда судманд аст. Себи андар хамир пухта аз барои камиштиҳоӣ нофеъ аст. Писти себ меъдаро қавӣ созад ва қайро боз дорад.
Андомҳои ронанда: Себи ширин ва себи туруш агар андар меъда бо хилти ситабр дучор оянд, бисёр бошад ки онро бо бироз поин бибаранд ва агар онро тиҳӣ дарёбанд, табиатро бибанданд. Себи андар хамир пухта аз кирмҳо ва аз зусанториё судманд аст ва созгортарини онҳо аз барои зусанториё себи тунд ва писти он бувад, вале ин ба шартест, ки агар нармсозандагии шакар ғолиб наояд.
Табҳо: Бошад ки аз себи хом ба сабаби хомии хилти он табҳои зиёде падид оянд.
Заҳрҳо: Себ аз заҳрҳо судманд аст ва фишурдаи барги он низ чунин бувад.
734. ТУРБИД – ТУРБИД
Ipomoea turpethum R. Br.
Моҳият: Турбид чӯбпораҳои ситабру тунукест, ки аз Ҳинд оваранд.
Ихтиёр: Беҳтарини он турбиди сафед аст, ки ғайри кирмзадаи чун найчаҳои най [бо барг] печида буда, найчаҳояш борик буванд. Турбиди ҳамвори зуд азҳамрезанда ситабр нест ва гоҳе кирмхӯр шуда, камқувват бигардад. Турбид ниҳоят сабуки сӯрох-сӯрох камқувват аст.
Ислоҳ кардани он бад-ин роҳ аст, ки пӯсти ғуборранги онро то пӯсти сафеди он баромадан бисованд ва судашудаи онро бо равғани бодом ҷамъ кунанд.
Хосиятҳо: Истеъмоли он андар тан хушкию беобӣ оварад, аз баҳри он ки турбид рутубатҳои тунукро берун кунад. Бад-ин сабаб онро бо равғани бодом ба кор баранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз бемориҳои асаб судманд аст.
Андомҳои ронанда: Турбид балғами зиёд ва андаке аз хилтҳои сӯхтаро ба исҳол оварад ва ин ҳангоме бошад, ки агар совидаи онро ба кор баранд, вале агар ҷӯшонидаи онро ба кор баранд, баръакс амал кунад. [Ибни] Мосарҷувайҳ [гуфтааст], ки турбид хилтҳои ситабри часпакро ба исҳол оварад ва баъзе дигарон гуфтаанд, ки он хилти хомро аз суринҳо ба исҳол берун кунад, вале дурусташ он аст, ки турбид балғами тунукро ба исҳол оварад ва агар бо занҷабил ва бо ягон чизе, ки сахт тез аст, онро қавӣ бигардонанд, хилти ситабр ва хомро ба исҳол оварад.
Аммо як худи он ба танҳоӣ хилти ситабрро ба исҳол нахоҳад овард, магар ки онро андар меъда ва рӯдаҳо озодона дарёбад. Як ошомидании он то ду дирам ва андар таркиби чизҳои пухта то чаҳор дирам бувад.
- ТИН – АНҶИР
Ficus carica L.
Моҳият: Анҷир ба сари худ дорои як табъ ва баргҳову шири он дорои қувваи ятуъиянд. Агар барги он ёфт нашавад, шохаҳои анҷири даштиро ба шакли шикаста ва резакарда биҷӯшонанд, оби онҳоро бигиранд ва аз он об ба тарзе фишурда омода созанд, ки аз дигар гиёҳҳо омода созанд. Шираи бастаи анҷир андар феълҳои хеш ангубинро монад.
Ихтиёр: Беҳтарини он анҷири сафед, баъд сурх ва сипас сиёҳ аст. Бисёр пухтаи он хуб аст ва қариб ки безиён бошад. Анҷири хушк андар феълҳои худ сутуда аст, вале хуни аз он зода нохуб аст ва бад-ин сабаб он боиси падид омадани шупуш бигардад. Аммо агар онро бо гавз ба кор бибаранд, кимусаш хуб бигардад ва баъди гавз бодом [низ онро хуб кунад]. Сабуктарини гунаҳои он анҷири сафед аст.
Табъ: Анҷири тар андаке гарм аст ва доругии он камтару обнокияш бештар бувад. «Анҷири норасид»1, чунонки ҳаст, ба ҷуз шири он зудояндаи андаке моил ба сардист. Анҷири хушк андар дараҷаи якум гарм ва андар охири он хушк аст2.
Хосиятҳо: [Анҷир латиф аст]3 ва хушки он, хусусан агар тез бошад, ниҳоят зудоянда буда, пазонанда ва ҳалкунанда аст. Анҷири сергӯшт бештар пазонанда буда, (447) дорои часпонандагӣ, бурандагӣ ва латифкунандагист. Анҷири даштӣ тезтар буда, [андар ин корҳо] қавитар аст.
Анҷир серғизотар аз дигар меваҳост ва ниҳоят пухтаи он қариб безиён, вале бодангез аст. Анҷири тез ва хушк бисёр бошад, ки аз зудоиш ба реш кардан бигузарад. Барги хушки онро агар бо бехи мозариюни сиёҳ биҷӯшонанд, ҳатто аз барои гари чаҳорпоён даво бошад. Фишурдаи барги он ниҳоят гармиоварандаи зудоянда аст ва андар он ба андозаи расо нармкунандагӣ буда, [хилтҳои] гандидаро ба сӯи пӯст биронад ва арақ биоварад. Бинобар ин, чунонки ман мепиндорам, хӯрдани он гармиро фурӯ нишонад. Хушки он низ [хилтҳои гандидаро] ба берун ронда, арақ оварад. Шири он хуни гудохта ва ширҳоро бибандад ва бастаи онҳоро бигудозад. Анҷири тар зуд ба умқ рафта, андар меъда ва тан нуфуз кунад. Ғизои анҷир андар гаронсангӣ ҳарчанд беш аз ғизои гӯшт ва ғаллагиҳо нест, вале аз ғизои ҳамаи меваҳо бештар бувад. Қувваи фишурдаи шохаҳои он, ки ҳанӯз барг набароварда бошанд, ба қувваи шири он наздикӣ дорад. Оби полидаи хокистари чӯби онро аз барои бастагии шир андар шикам бидиҳанд ва оби хокистари чӯби булут андар ин маъно бад-он наздик аст. Шароби анҷир латифи бадхилт аст. Шохаҳои анҷир ба андозае латифанд, ки агар гӯштро ҳамроҳи онҳо биҷӯшонанд, сахт нарм гардад. Ҷуммайз қувваи аз умқи [тан] кашидан ва ҳал кардани чизи кашидаро дорад.
Оростагӣ: «Анҷири норасида»-ро бар холҳову озахҳо ва синфҳои онҳо ва бар баҳак тило кунанд ва зимод биниҳанд. Барги он низ чунин бувад. Хӯрдани анҷир ранги ба сабаби бемориҳо ва омосҳои гарму ковок табаҳшударо дуруст кунад ва думмалҳоро бипазонад. Хусусан бо бехи савсани осмонгунӣ, натрун ва ё оҳак ва бо пӯсти анор агар бар нохунхора [биниҳанд, хуб бошад].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор