Қонуни тиб

- ТИМСОҲ – ТИМСОҲ
Crocodilus niloticus
Андомҳои чашм: Саргини он аз сафедии чашм суд дорад. Гуфтаанд, ки агар ба қадри як мисқол аз [андомҳои] атрофи гурдаи онро бо шароб биошоманд, шаҳвати ҷимоъро биангезад ва тухми коҳу шаҳвати ҷимоъи аз он ба ангезиш омадаро ором кунад.
Заҳрҳо: Пиҳи онро бар газидагии худи он зимод кунанд, дарди онро ҳамон соат фурӯ нишонад. - ТАНБУЛ1 – ТАНБУЛ
Piper betle L.
Моҳият: Ин баргҳои дарахтест, ки андар Ҳиндустон андар маҳалле бирӯяд, ки онро Аннағр2 номанд. Барги он ба барги лаймун (лиму) монанд аст ва шохаҳояш низ ҳамчунин буванд. Мардуми Ҳинд онро бо оҳак ва фуфил истеъмол кунанд. Он ба ҳангоми хоидан дандонҳоро сурх кунад ва бӯи хуш дорад. Мардуми Ҳинд хоидани3 онро дӯст доранд ва эшон аксар вақт онро пайваста бихоянд4 ва бо он сарфарозӣ кунанд.
[Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Гирандаи хушкифизост]5.
Оростагӣ: Танбул бӯи даҳон хуш кунад, ганди он бибарад ва дандонҳоро сурх кунад. Гуфтаанд, ки фишурдаи барги он бо шароб баҳакро бизудояд.
Андомҳои сар: Гӯштҳои миёни дандонҳоро қавӣ ва вораҳоро сахт кунад ва бинобар он ҳиндуҳо онро ҳамеша бихоянд.
Андомҳои ғизокашӣ: Танбул даҳони меъдаро қавӣ кунад ва аз барои гувориш нерӯманд бигардонад. Он бодҳоро бишканад, оруғро хушбӯй кунад ва бад-ин сабаб ҳиндуҳо онро пайваста бихоянд. - ТАМР1 – ХУРМО
Fructus Phoenicis (Phoenix dactylifera L.) Моҳият: Хурмо маъруф аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарми тар буда, гармияш беш аз рутубаташ бувад. Хурмо маниро биафзояд ва сардард оварад. Ин [зиёни] онро бодому кӯкнор ва аз паси [хурмо хӯрдани] сикангубини сода ба ислоҳ оваранд. - ТАФСИЁ1 – СОФСИЁ
Thapsia garganica z.
Моҳият: Ии самғи судоби даштист ва гоҳе онро бо ҳарфи «со» ( )ثёд кунанд2.
[Ихитиёр]: Ба ҷуз тозаи онро ба кор набаранд ва агар аз он як3 сол бигзарад, камқувват шавад ва суд набахшад, зеро он рутубатҳои зиёдатие, ки андар он ҷой доранд, ба таҳлил бираванд.
Табъ: Сахт гарми сӯзонанда буда, гарм кардан ва хушконидани он қавӣ буванд. Андар он рутубати зиёдатии бегонаест, ки ба иллати он зуд сӯзиш наоварад.
Хосиятҳо: Софсиё поккунанда, шикаморанда, пазонанда ва кафонандаи [омосҳо] буда, ба сабаби рутубати зиёдатии хеш танҳо баъд аз гузаштани соате бисӯзонад. Ин яке аз он чизҳоест, ки [моддаҳоро] ба таври қавӣ ва амиқ аз умқи тан бикашад, вале ба иллати рутубати зиёдатии
хеш баъд аз гузаштани муддате [чунин кунад]. Софсиё андар гардондани мизоҷ ба сӯи гармӣ беназир аст.
Оростагӣ: Софсиё мӯйро бирӯёнад, аз «бемории рӯбоҳ» сахт суд бахшад ва андар ин бобат назири он кам ёфт шавад. Мо [чӣ гуна] ба кор бурдани онро андар боби худаш ёд кардаем. Софсиё аз кабудии зери чашм судманд аст ва онро на камтар аз як соат бояд гузошт. Он инчунин аз пайҳо, доғи кунҷида ва песӣ суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бар [маҳалли] истирхо, ниқрис ва бар бандкушоҳои сардмизоҷ бимоланд ва бо он аз барои қавин ҳуқнарезӣ кунанд.
Андомҳои сина: Аз барои рим партофтан [аз даҳон] ва душвории нафасгирӣ суд бахшад. Софсиё аз тариқи андудан, зимод кардан ва истифроғ овардан, хусусан аз барои дардҳои куҳани ҳар ду бар судманд аст. Он аз тариқи андудан ва андаке гудохтан андар доруҳои лесиданӣ аз барои партофтани фазлаҳо ёрӣ расонад.
Андомҳои ронанда: Бех, қишрҳо ва чакидаи [растании] он [қувваи] шикаморандагӣ доранд.
Табҳо: Аз қишри он се драхмӣ, аз фишурдаи он се убулус ва аз чакидаи он як драхмӣ бигиранд ва агар беш аз ин бигиранд, зиён кунад.
Ҷойнишинҳо: Ба қадри ду сеяки вазни он касиро ва як чанди он сипандон ҷои онро бигиранд.
733. ТУФФОҲ – СЕБ
Pyrus malus z.
Ихтиёр: Муътадилтарини он себи шомист ва себи бемаза бад буда, камфоида аст ва ҳеҷ таъсире ба ҷуз таъсири хосси худ надорад. Себи норасида низ ҳамчунин бувад.
Табъ: Себи бемаза сардтар ва ба иллати гавҳари обӣ доштан тартар бувад. Себи тунд, гиранда ва туруш сарди ситабр аст ва себи ширин обдор буда, ҳарчанд ки андар он сардӣ ғолиб аст, вале беш аз дигарон моил ба гармист. Себҳо гуногунанд ва баргҳову дарахтҳои онҳо низ гуногун буванд. Умуман андар гавҳари себ тарии зиёдатии сард ғолиб аст, вале себи ниҳоят ширин мумкин аст андар гармӣ муътадил ва ё ба сӯи он гароянда бошад.
Хосиятҳо: Андар себ ва хусусан андар барги он [қувваи] боздоштани фазлаҳост. Себ ва хусусан себе, ки ширин нест, бодангез бувад. Себи тунду туруш серобу хок буда, себи ширин сероб аст. Себи бемаза ниҳоят сероби ба сӯи рутубати зиёдатӣ гароянда аст ва бад-ин сабаб фишурдаи он зуд ба ҷӯш ояд. Ангубин фишурдаи онро [аз ҷӯшидан| нигоҳ дорад. (446) Аз себи тунд ва гиранда хилти хокӣ бирӯяд ва себҳои турушу норасид ба тавассути хомии хилти худ, норасидагӣ ва пазирои уфунат будани он уфунатҳо ва табҳо бизоянд. Хилти себи туруш латифтар аз хилти себи гиранда аст. Шароби куҳани себ ва дигар [меваҳо] беҳтар аз нави он аст, аз баҳри он ки бухорҳои бади он ба таҳлил рафтаанд.
Омосҳо ва табишҳо: Барг ва фишурдаи себ ба ҳангоми оғози омосҳои гарм ва намла судманд аст.
Решҳо: Барг ва лнфи он [решҳоро] фароҳам оваранд ва фишурдаи себи гнранда низ чунин бувад, Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ба таври доимӣ хӯрдани себ ва хусусан себи баҳорӣ боиси падид омадани дарди асаб хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор