Қонуни тиб

Гоҳо иқлимиёро3 бухор кунанд ва бухори аз он бархоста, тӯтиёи хубе бигардад, вале бахши ба зер нишастаи он иқлимиёест, ки онро «сақудиюн»4 номанд. Гунае аз тӯтиё сафед, гунае зард, гунае сабз, гунае тунук, гунае ситабр ва гунае моил ба сурхист. Ҳамаи инро ба шаҳри Кирмон ҳосил кунанд. Тӯтиёи ҳиндӣ шусташудаи тӯтиёест, ки чун дурд андар зери оби шусташудаи он фароҳам ояд ва он сақудиюн бувад. Фарқ миёни сақудиюн ва тӯтиё он аст, ки [ҳангоми гудозиш] тӯтиё барсӯ биравад, вале сақудиюн андар зери кӯраҳои5 мисгудозӣ боқӣ бимонад. Ин [шин] мисро чун иқлимиё бувад ва ҳар гоҳ онро бухор кунанд, аз он тӯтиё бархезад. Гуфтаанд, ки андар дарё як ҷонвари гирдшакли сахтгавҳарест, ки чун андар дарё бимирад, мавҷҳо онро ба соҳил андозанд. (444) Аз он тӯтиё бисозанд ва он сахт латиф бувад.
Ихтиёр: Беҳтарини он сафеди паррон, сипас зард ва баъд аз он пистагуни кирмонист. Тозатарини ҳамаи онҳо беҳтарин [тӯтиё] бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Бидуни сӯзиш овардан бихушконад ва шустаи он беҳтарини доруҳои хушккунанда бошад.
Оростагӣ: Аз бӯи бади зери каш судманд аст.
Решҳо: Шустаи он аз решҳо ва ҳатто аз решҳои саратонӣ судманд аст.
Андомҳои чашм: Тӯтиё ва хусусан шустаи он аз дарди чашм судманд буда, фазлаҳои палиди андар рагҳои чашм банд шударо аз гузаштан андар табақаҳо боз дорад.
Андомҳои ронанда: Аз решҳои мақъад6, андомҳои мардӣ ва решҳои онҳо судманд аст.
725. ТИНКОР1 – TAHKOP
Borax, Natrii letraboras
Моҳият: Гунае аз он конӣ ва гунае сунъист. Гуфтаанд, ки он «сирешуми зар» аст ва заргарон онро ба кор баранд.
Андомҳои сар: Танкор бо хосияти худ аз дарди дандони курсӣ ва кирм хӯрдани дандонҳо суд дорад.
726. ТАШМИЗАҶ1 – ЧАШМЕЗАК
Semen Cassiae (Cassia absus L.) Табъ: Гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Ба таври қавӣ гиранда бувад.
727. ТУРМУС – БОҚИЛИИ МИСРӢ
Lupinus angustifolius z., z. termis Forsk.
Моҳият: Дисқуридус чунин тасдиқ кунад, ки бархе аз турмус бӯстонӣ ва бархе даштист. Даштии он хурдтар аз бӯстонӣ ва шабеҳи он аст ва ба ҳар коре, ки бӯстонӣ созгор аст, он созгор бувад. Ҳар ду намуд донаеанд, ки паҳншакли талхмаза ва миёнфурӯрафта бувад. Ин боқилии мисрист.
Ихтиёр: Даштии он андар ҳамаи он корҳое, ки барояш васф шуда аст, қавитар аст, лекин хурдтар [аз бӯстонӣ] бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Боқилии мисрие, ки андар он талхист, бидуни сӯзонидан бизудояд ва ҳал кунад. Ҷолинус гуфтааст, ки боқилии мисрии аз талхӣ поккарда ситабр аст ва аз эҳтимол дур нест, ки часпонанда буда, андар он зудояндагӣ1 боқӣ намонда бошад. Умуман он бад ва душворгувор аст ва агар нек гуворида нагардад, андар рагҳо [хилти] хом бизояд. Хушбӯизадаи онро агар хуб пухта бошанд, серғизо аст ва агар гуворида гардад, бадхилт набувад. Андар он хушкифизоӣ ва часпакӣ ҷой доранд ва ин навъи таркардаи он аст, ки мазаи талхии онро нест кунонда, сипас орд кардаанд2. Умуман боқилии мисрӣ аз ғизо дида ба доругӣ бештар наздикӣ дорад.
Оростагӣ: Боқилии мисриро, хусусан агар бо оби борон то нарм шудан пухта бошанд, мӯйро борик кунад, кунҷида, баҳак, пайҳо, тирагии ранг ва табишҳоро бизудояд ва рӯйро пок кунад. Ба тариқи пухтаковрезӣ ба кор бурдани ҷӯшонидаи он аз барас судманд аст.
Омосҳо ва табишҳо: Агар боқилии мисриро бо сирко, ё бо сирко ва ангубин ва ё ба ҳар гунае, ки муносиби ҳар як тан бошад, ба кор бибаранд, аз табишҳои рӯй, решҳо, омосҳои гарм, ханозир ва сахтиҳо суд дорад. Ҷӯшонидаи онро агар бар ғанғроно бирезанд, онро табаҳ шудан нагузорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Боқилии мисрӣ аз гар судманд аст ва бо бехи мозариюни сиёҳ ҳатто гари чаҳорпоёнро бибарад, аз хӯра, хушкгар ва решҳои баду палид суд бахшад. Орди он бо орди ҷав дардҳои ҷароҳатҳоро фурӯ нишонад ва аз «оташи форсӣ» нафъ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз он барои қавин зимод омода кунанд, суд бахшад.
Андомҳои сар: Орди он аз решҳои тари сар судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Боқилии мисрӣ, хусусан агар онро бо сирко ва ангубин пухта бошанд ва алалхусус бо ангубин, судоб ва мурч пухтаи он суддаҳои ҷигар ва испурчро бикушояд. Он боқилии мисрие, ки талхӣ надорад, маниши гаштанро фурӯ нишонад ва иштиҳоро бикушояд. Лекин оне, ки талхияшро шуста бошанд, ба гаронӣ бигузарад.
Андомҳои ронанда: Боқилии мисрӣ аз тариқи пухтану бар ноф тило кардан, ё бо ангубин лесидан ва ё бо сиркои омехта ошомидан кирмҳо ва кирми кадудонаро берун кунад. Он аз дардҳои қавин суд бахшида, бо судобу мурч чи ошомидан ва чи ба зер баргирифтани он хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинҳоро берун орад. Гоҳе аз барои ин ғараз онро бо мурр ва ангубин ба зер баргиранд.
Бо ангубин ва сирко ошомидани он кирмҳоро берун кунад ва инчунин пешобро битозонад. Боқилии мисрӣ шикамро бибандад, лекин чунонки баъзеҳо ёд кардаанд, ширин гардонидаи он на кушояндаи табиат аст ва на банданда.
728. ТИННИН БАҲРӢ – «АЖДАҲОИ ДАРЁӢ»
Trachinus draco L.
Заҳрҳо: Ҷолинус гуфтааст, ки онро пора карда, бар ҷои газидагии худаш биниҳанд, судманд бошад. (445) Ҳайвони «триғулун»-ро пора карда, бар ҷои захмзадаи «аждаҳои дарёӣ» биниҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор