Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бистудуввум

гуфтор андар баёни ҳарфи «то» /ت/

  1. ТАМР ҲИНДӢ – ХУРМОИ ҲИНДӢ
    Tamarindus indica L.
    Моҳият: Ин маъруф аст ва онро аз Ҳиндустон оваранд.
    Ихтиёр: Беҳтарин хурмои ҳиндӣ нав ва тозаи он аст, ки ҳанӯз пажмурда нашуда ва обаш напарида бошад ва турушияш ростинӣ бувад.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Хурмои ҳиндӣ шикаморанда буда, аз олу латифтар аст ва аз он камтар рутубат дорад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Аа қай ва ташнагӣ ба ҳангоми табҳо судманд аст ва меъдаи аз бисёрии қай омадан нотавон шударо қабз кунад.
    Андомҳои ронанда: Сафроро ба исҳол оварад. (443) Як ошомиданӣ аз ҷӯшонидаи он қариб ним ратл аст.
    Табҳо: Аз табҳои дорои маниши гаштан ва тоса, хусусан агар ба изофаи он ба нарм сохтани табиат ҳоҷат бошад, суд хоҳад бахшид.
  2. ТУДАРӢ1 – ТУДАРӢ
  1. Sisymbrium polyceratium L.; 2) Salvia horminus L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки он гиёҳест баргаш шабеҳ ба барги ганданои кӯҳӣ, решааш чаҳоркунҷа ва ба дарозии ним зироъ бувад. Он дорои кулоҳакҳоест, ка андар онҳо тухмҳои дарозрӯяи сиёҳ ҷой гирифтаанд. Ин гунаи ба корравандаи тударист. Аммо даштии он дорои тухмҳои гирдашакл аст.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм аст ва андар якум тар.
    Хосиятҳо: Тударӣ мисли сипандон сӯзанда аст ва андар он қувваи решкунанадагист.
    Омосҳо ва табишҳо: Тударӣ аз тариқи тило кардан бо об ва ангубин аз саратонҳое, ки решшуда нестанд, судманд бошад. Он аз ҳамаи омосҳои сахт суд дорад ва онро бар маҳалли бодгирифта зимод кунанд.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо он чун сахтии ниқрисро зимод кунанд, суд бахшад.
    Андомҳои сар: Аз омосҳои буни гӯш судманд аст.
    Андомҳои чашм: Агар онро бо ангубин бар чашм бикашанд, решҳои чашмро пок кунад.
    Андомҳои сина: Агар андар таркиби доруҳои лесиданӣ бидарояд, бар партофтани хилтҳо ёрӣ диҳад ва пеш аз ин онро андар об тар карда, биҷӯшонанд ва андар кисае гирифта, рӯи онро бо хамир бипӯшонанд ва сипас бирён кунанд.
    Андомҳои ронанда: Тударӣ ва хусусан андар шароб ҷӯшонидаи он боҳро суд бахшад2.
  1. ТАННУБ1 – ТАНУБ
    Pinus bruttia Ten.

Моҳият: Ин дарахти маъруф ва «фиюқӣ»2 гунае аз он аст. Қазми Қурайш самари дарахти он бувад. Зифти барриро аз он бигиранд.
Хосиятҳо: Аммо қуввати тухми он, ки қазми Қурайш аст, гиранда ва ба таври латиф гармиоваранда бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Барги ин дарахтро бар омосҳои гарм зимод кунанд.
Решҳо: Барг ва тухми онро агар бо пиҳи ғоз, мурдосанг ва кӯфтаи кундур биомезанд, аз решҳои зоҳирӣ нофеь аст ва агар онро бо мум ва равғани мурд биомезанд, ҳангоми решҳои баданҳои нарм ва ҳамаи решҳои гарм ва тар судманд бошад. Пӯсти он ба тариқи пошиданӣ аз барои ҷароҳатҳо созгор аст. Агар барги онро аз барои ҷароҳатҳои тоза ба кор баранд, онҳоро аз фасод шудан манъ кунад.
Андомҳои сар: Бо он ва ҷӯшонидаи он, хусусан бо сирко, аз барои дарди дандонҳо мазмаза кунанд. Гоҳе аз барои ин [ғараз] чӯби онро пора карда, андар сирко биҷӯшонанд.
Андомҳои чашм: Дудаи он андар таркиби доруҳои чашм бидарояд.
Андомҳои сина: Тухми он бар хунпартоии аз сина оянда ёрӣ расонад. Самғи тануб аз барои сурфаи деррав фоидаи сахт азим дорад ва он гунае аз зифт бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Як мисқоли он бо оби ангубин аз барои ҷигари офатзада судманд аст.
Андомҳои ронанда: Агар онро биошоманд, табиат бибандад ва пешобро нигоҳ дорад.
723 ТАРАНҶУБИН1 – ТАРАНГУБИН,
ШАКАРАКИ уштурхор
Manna Alhagii (Alhagi camelorum
Fisch.seu a. maurorum tournef.)
Моҳият: Ин шабнамест, ки бештар ба Хуросону Мовароуннуҳр биафтад ва аксар вақт андар ватани мо афтидани он бар уштурхор бувад.
Ихтиёр: Беҳтарини он тозаи сафед аст.
Табъ: Тарангубин муътадил аст ва ба гармӣ бигарояд.
Хосиятҳо: Нармкунанда ва аз барои зудудан созгор аст.
Андомҳои сина: Аз сурфа судманд аст ва синаро нарм кунад.
Андомҳои гизокашӣ: Ташнагиро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Сафроро ба нармӣ ба исҳол оварад ва исҳоли он ба тавассути хосияташ аст. Як ошомидании он ба ҳасби мизоҷҳо аз даҳ то бист мисқол бувад.
724. ТУТИЁ1 – ТӮТИЁ
Tutiyo (Zincum oxidatum; Smithsonit)
Моҳият: Асли тӯтиё дудест, ки ба ҳангоми гудохта ну пок кардани мис аз сангу сурбе, ки бо он омехтаанд2, бархезад.

пешина
аз 1215
навбатӣ