Қонуни тиб

Табъ: Андар дараҷаи якум сарди хушк аст.
Хосиятҳо: Гуфтаанд, ки агар онро андар ҷое биовезанд, ҷунбандагони зиёнкорро [аз он ҷой] биронад.
Омосҳо: Бо бехи он омосҳои балғамиро зимод кунанд.
Андомҳои сар: Агар бехи онро пухта, бо оби он мазмаза кунанд, аз барои дарди дандонҳо созгор бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҷӯшонидаи он аз ниқрис судманд аст.
Андомҳои сина: Агар бехи онро биошоманд, аз барои хунпартоӣ созгор бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз истирхои меъда суд дорад.
Андомҳои ронанда: Агар бехи онро биошоманд, исҳоли дерравро суд бахшад ва пешобро битозонад.
Заҳрҳо: Аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
717. ШАВКАТУ-Л-ЯҲУДИЯ – ХОРИ ЯҲУДӢ
Eryngium campestre L.
Табъ: Гарм аст.
Хосиятҳо: Латифи ҳалкунанда аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз кузоз судманд аст.
Андомҳои сар: Бо ҷӯшонидаи он аз барои дарди дандонҳои курсӣ мазмаза кунанд. Он аз ҷамиъи назлаҳо суд бахшад. Таъсири бехи он низ ҳамчунин бувад.
Андомҳои нафаскашӣ: Аз хунпартоие, ки аз сина ояд, суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи он аз қайи думодум судманд аст.
Андомҳои ронанда: Бехи он аз барои рехтани деррави рутубатҳои заҳдон созгор аст.
718. (442) ШАВКАТУ-Л-МИСРИЯ – ХОРИ
МИСРӢ
Acacia arabiсa Willd. seu A. vera Willd.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Хушккунанда буда, назлаҳоро қатъ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Бех ва хусусан тухми он ниҳоят фароҳамоварандаи [ҷароҳатҳост].
Андомҳои сина: Аз омосҳои гулӯ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз омоси меъда суд дорад.
719. ШАРОБ – ШАРОБ
Vinum
Моҳият: Муроди ман аз шароб қаҳва1 аст.
Хосиятҳо: Шароб фазлаҳоеро, ки аз ҷинси заҳраанд, ба иътидол оварад. Набизи тоза ва [шароби] ситабри тира андар рагҳо пурӣ ва ҷамъшавии хилтҳои хомро ба амал оваранд.
Ихтиёр: Беҳтарини он шароби куҳани тунуки равшани ангурист ва хӯрдани он ба ҳасби мизоҷҳо гуногун бувад: барои барноён андаке аз он бо анор, вале аз барои пирон чунонки ҳаст, бидуни омезиш [хуб аст]. Беҳтар он
аст, ки одам шаробро ба қадри муътадил истеъмол кунад, зеро андар бисёри он зиёни бузург аст. Барои барноён беҳтар он аст, ки ба ҳангоми ошомидани шароби куҳан об биошоманд, то қуввати шароб ва зиёни онро бишканад.
Оростагӣ: Шароб рӯйро зебо ва бархе аз одамонро фарбеҳ кунад. Он бо доруҳои ёдшуда баҳак ва барасро бибарад ва башараро бизудояд.
Решҳо: Рехтани шароб бар решҳои палид ва хӯрандае, ки фазлаҳо ба сӯи онҳо битарованд, суд дорад. Агар носур ва ҳамчунин решҳои шириро бо шароб бишӯянд, онҳоро судманд бошад.
Андомҳои сар: Шароб мастию хоболудагӣ оварад, ҳофизаро нест кунад ва қувваҳои нафсониро карахт кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пайваста ошомидани шароб асабҳоро зиён дорад ва раъша ба ҷой гузорад. Ҳар рӯз пайваста маст будан боиси истирхо ва нотавонии асаб бигардад. Аммо шароби ангубинзада аз дарди бандкушоҳо суд дорад.
Андомҳои чашм: Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки шароби сахт куҳан биноиро зиён дорад. Бо шароби куҳан доруҳои нохунаро маъҷун созанд. Бо он шиёферо, ки бо номи «қайсар» маъруф аст, бисованд ва бар нохунаи деррав бикашанд, онро суд бахшад.
Андомҳои сина: Шароб гармии модарзодиро болиш бидиҳад ва дилро хуррамӣ бахшад. Шароби ширин маҷроҳои шушро пок кунад ва нафасро густариш бидиҳад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шароб зудгузари зудгувориш аст ва серғизо буда, кимуси хуб бизояд. Он гоҳе маниши гаштан ва қай оварда, меъдаро аз фазлаҳо пок кунад. Шароб ҳангоми ба иътидол ошомидан иштиҳои таом оварад.
Бисёр [ошомидани] он андар ҷигар ва гурда суддаҳо падид орад. Кам ошомидани шароб ғизоро бигузаронад, гуворишро хуб кунад, ба хун табдил ёфтани [ғизоро] битезонад ва иштиҳои кундшударо болиш бидиҳад.
Андомҳои ронанда: Аммо шароби сафеди тунук пешобро битозонад ва аз барои сӯзиши обгаҳ некӯ бувад.
Шароби куҳан обгаҳро зиён дорад. Шароби ангубинзада нармкунандаи шикам аст. Аммо он шаробе, ки бо оби дарё [омехта бошад], бодангези шикаморанда бувад ва истирхои мақъадро бибарад. Шароби бо ангубин омехта аз дардҳои заҳдон судманд аст. Шароби бо об омехта беш аз шароби холис [пешоб] битозонад. Аммо шароби ширин пешобро натозонад. Шароби омехта аз тариқи истирхо овардану бод ангехтан рӯдагонро зиён дорад, вале шароби холис бо гирандагии хеш онҳоро қавӣ созад, гарм кунад ва дамиши онҳоро ҳал кунад.
Заҳрҳо: Шароби куҳан аз тариқи ошомидан ва ё шустан аз газидани ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор судманд аст. Шароби бо оби дарё омехта аз барои ошомидани заҳрҳои карахткунанда, аз ошомидани мурдосанг, аз барои хӯрдани саморуғи футр ва аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкори сард суд дорад. Мо Худойро сипосгузорем, ки шаробро доруи ёридиҳандаи нерӯҳои модарзодӣ бигардонд.
Ин аст поёни гуфтор аз ҳарфи «шин» ва маҷмӯи он чи ки ёд кардем, аз сиву ду дору иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор