Қонуни тиб

Андомҳои сина: Оби ҷав аз бемориҳои сина судманд аст. Агар онро бо тухми розиёна биошоманд, ширро фаровон кунад. Бо орди он, шоҳафсар ва пӯсти кукнор аз барои дарди паҳлу зимод биниҳанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Оби он аз барои меъда бад аст.
Андомҳои ронанда: Писти он шикамро бибандад ва ҷӯшонидаи писти он низ чунин бувад. Кашки он пешобро битозонад, вале оби кашки гандум бештар тозонанда бувад.
Табҳо: Оби он сардкунанда ва тарифизояндаи табҳост: аз барои табҳои гарм содаи он ва аз барои табҳои сард онро бо карафс ва розиёна [ба кор баранд]. Инчунин бо анҷир ҷӯшонидаи онро омехта бо молиқиротун аз барои табҳои балғамӣ бидиҳанд.
712. ШАҲМ – ПИҲ, ЧАРБУ
Adeps
Моҳият: Пиҳ маъруф аст.
Табъ: Пиҳи ҳайвони хояноканда беш аз ҳама гарм ва хушк аст ва сипас пиҳи ҳайвони хоябарканда биистад.
Пиҳи ҳайвонҳои бузургсин сабуктар аст.
Хосиятҳо: Пиҳи мурғобӣ сахт латиф ва гармтар аз пиҳи мокиён аст ва пиҳи хурӯс миёна бувад. Пиҳи гавазн сахт гарм аст ва пиҳи гов миёни пиҳи шер ва буз биистад.
Пиҳи хирс латиф аст. Пиҳи ҳайвони нар андар ҳама бобат қавитар аст. Пиҳи ҳайвони солхӯрда сабуктар ва пиҳи буз беш аз ҳама гиранда аст. Пиҳи нарбуз ниҳоят ҳалкунанда аст.
Оростагӣ: Пиҳи хирс ва пиҳи ғоз аз «бемории рӯбоҳ» судманданд. Пиҳи хар аз пайҳои пӯст нофеъ аст. Пиҳи ғоз аз кафидагиҳои рӯй ва лаб сахт суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Пиҳи хук аз омосҳо суд дорад ва пиҳи шер омосҳои сахтро ҳал кунад.
Решҳо: Пиҳи харҳо аз оташсӯхта судманд аст.
Андомҳои сар: Пиҳи ғоз дарди гӯшро фурӯ нишонад ва пиҳи рӯбоҳ низ чунин бошад, зеро он аз барои [гӯш] сахт нофеъ аст. Пиҳи мокиён (441) аз барои дуруштии забон суд дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пиҳи шутур аз ташаннуҷ судманд аст.
Андомҳои чашм: Пиҳи моҳӣ аз оби чашм суд дорад ва бо ангубин биноиро тез кунад. Пиҳи тозаи мор аз пардаи [чашм, аз фуруд омадани] об ва аз барои нарӯидани мӯе, ки аз пилк канда бошанд, судманд аст.
Андомҳои ронанда: Пиҳи бузро агар ба кор баранд, аз сӯзиши рӯдагон судманд аст ва аз решҳои онҳо суд бахшад. Пиҳи буз андар муолаҷаи решҳои рӯдагон қавитар аз пиҳи хук аст ва ин ба сабаби зуд ях бастани он бувад. Лекин пиҳи хук аз ҳама бештар сӯзишро фурӯ нишонад. Куҳони шутур аз барои бавосир бахури судмандест. Ҳамаи пиҳҳои нарм, аз қабили пиҳи мурғ ва ғайра, аз дарди раҳм суд доранд. Пиҳи куҳан аз барои ин [кор] бад аст. Пиҳи ғоз низ раҳмро суд бахшад.
Заҳрҳо: Пиҳи хук аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст. Агар пиҳи фил ва гавазнро бар тан бимоланд, ҷондорҳо аз он бигурезанд. Пиҳи буз аз ошомидани коғнаҳо суд дорад.
- ШАЪР – МӮЙ
Capillus
Хосиятҳо: Мӯи сӯхта ба таври қавӣ гармкунанда ва хушконанда аст.
Оростагӣ: Мӯи сӯхта дандонҳоро бизудояд ва оби он мӯйро бирӯёнад.
Решҳо: Мӯи сӯхта ба таври қавӣ решҳои чиркнок ва ковокро хушк кунад.
Андомҳои сар: Мӯи сӯхта дандонҳоро зудоиш бидиҳад.
Заҳрҳо: Аз мӯи инсон бо сирко аз барои газидагии саги девона зимод кунанд. - ШУҚУРДИЮН1 – СУҚУРДИЮН
Teucrium scordium L.
Хосиятҳо: Он дорои қувваи гарм буда, фишурдаи онро аз барои дардҳо биошоманд.
Оростагӣ: Тозаи онро бо шароб бар баҳак тило кунанд.
Решҳо: Решҳои дерравро бичаспонад. [Судаи] онро бар гӯшти зиёдатӣ бипошанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бо сирко бар ниқрис тило кунанд ва аз он барои дарди камар мумравған бисозанд.
Андомҳои сина: Аз он бо шириниҳо барои сурфа доруи лесиданӣ омода кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз он ба қадри ду дирамсанг бо оби ангубин аз барои сӯзиши меъда бидиҳанд.
Андомҳои ронанда: Ду дирам аз онро бо оби ангубин аз барои зусанториё ва ба душворӣ омадани пешоб [ба кор баранд]. Чунонки гуфтаанд, агар занон онро ба зер баргиранд, хуни ҳайзро ба нармӣ битозонад. - ШАҶАРАТУ-Л-БАҚҚ1 – «ДАРАХТИ ПАШША»
Ulmus campestris L.
[Моҳият]: Андар баёни ин андар фасли «дол» ҳангоме, ки «дардор», яъне «дарахти пашша»-po ёд кардем.
гуфта шуд2.
Табъ: Андар дараҷаи якум сарди хушк аст.
Оростагӣ: Онро бо сирко бар пӯстбозшавӣ тило кунанд, онро беҳ кунад.
[Ҷароҳатҳо]: Лифи онро бар ҷароҳатҳо бипечонанд, онҳоро фароҳам оварад. - ШАВКАТУ-Л-БАЙЗО – ХОРИ САФЕД
- Picnomen acarna Coss., Cnicus acarna L.; 2) Silybum marianum Gaertn.
Моҳият: Гуфтаанд, ки ин бодовард аст ва андар кӯҳҳо ва ботлоқҳо бирӯяд. Он дорои баргҳоест, ки шабеҳ ба барги хомоловани сафеданд, вале тунуктару сафедтар аз он буда, бо як чизи заргун пӯшида шудаанд. Ин [растанӣ] хордор буда, дорои соқест, ки беш аз ду зироъ дароз ва ба қадри ангушти бузург ситабр буда, сафеди дарунтиҳист. Андар охири худ сарае дорад, ки дорои хорҳои шабеҳ ба хорҳои хорпушти дарёӣ буда, вале хурдтар аз он ва дарозрӯя буванд. Хори сафед гулҳои арғавониранг, тухмҳои шабеҳи тухми коҷира, вале хеле гирд тар аз он ва бехи сурх дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор