Қонуни тиб

Хосиятҳо: Андар шодана гирандагии сахт аст ва ин ҳангоме зоҳир бигардад, ки агар онро бо об то ҳал шудану обро ситабр гардонданаш бисованд. Қувваи он боздоранда буда, як андоза гармкунандагӣ, латифсозӣ ва хушкиоварии расо дорад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки он андар қувват чун морқашишост, лекин хушктар ва камтар гарм буда, аз ғайри латифиоварандагӣ ва зудоиш бувад.
Решҳо: Шоданаро агар ҳамчун пошиданӣ барои гӯшти зиёдатӣ ба кор баранд, онро сахт пажмурда кунад.
Андомҳои чашм: Агар онро бо сафедии хояи мурғ ба кор баранд, решҳои чашмро зудуда, онҳоро фароҳам оварад. Як худи он ба танҳоӣ аз дуруштии пилкҳо судманд аст ва агар андар он ҷой омосҳои гарм ҷой дошта бошанд, шоданаро нахуст бо об ба шакли тунук ба кор баранд ва сипас онро ба тадриҷ ситабртар кунанд ва ё онро мисли гард бар гӯшти зиёдатӣ бипошанд. Гоҳе як худи он аз пайҳои решҳои чашм суд бахшад. Шодана бо шир аз рамад суд дорад ва аз барои фатқи бархе аз пардаҳо судманд аст.
Пизишкон ба омехтани шодана бо шиёфҳои чашм муваффақ шуданд. Гуфтаанд, ки шоданаро ҳангоми дармони дуруштии пилкҳо танҳо ба кор бурдан беҳтар аст, вале агар дуруштӣ якҷоя бо омоси гарм бошад, гуфтаанд, ки боистӣ онро бо сафедии хояи мурғ ва ё бо оби ҳулбаи ҷӯшонида ҳал кард. Гуфтаанд, ки агар дуруштии пилкҳо холӣ аз омоси гарм бошад, шодонаро бо об ҳал карда, ба шакли тунук андар чашм бичакон. Агар бибинӣ, ки бемор қувваи онро таҳаммул кардан дорад, ситабрии онро пайваста то ба ҳадде афзоиш бидеҳ, ки онро бо мил бардошта, ба зери пилкҳо баъд аз бозгуна кардани онҳо кашидан битавонӣ. Гуфтаанд, ки ҳамаи инро чун санҷидаанд, судманд ёфтанд.
Андомҳои ронанда: Онро бо шароб аз барои ба сахтӣ омадани пешоб ва аз барои давом кардани сайлони хуни ҳайз бидиҳанд. Шодана аз нохост ҷаҳидани манӣ созгор аст.
708. ШАЪРУ-Л-ҒУЛ1 – «МӮИ ҒУЛ»
Asplenium trichomаnes L.
Моҳият: Ин растаниест, ки онро бо решаҳояш бикананд ва рангаш миёни сурхӣ ва сиёҳӣ бизанад. Решаҳо ва бахши барсӯвини он парешон ва хамидаанд.
Табъ: Гарми хушк аст.
Андомҳои сина: Шуш ва синаро пок кунад.
709. ШОБОБАК – ШОБОБАК, ЧОҚЛА
Inula conyzoides D.S.
Моҳият: Гуфтаанд, ки ин андар қувват шабеҳ ба бӯмодарон аст.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Андомҳои сар: Аз саръ судманд аст ва оби даҳони хусусан аз даҳони бачагон равандаро манъ кунад.
Ҷойнишинҳо: Аз ҷиҳати суд доштан аз барои саръ ва ғайра марзангӯш ҷои онро бигирад.
710 ШАРБИН – ШАРБИН
Cedrus Libani Barr.
Моҳият: Ин дарахти қатрон аст ва мо андар баёни қатрон ба қадри кофӣ сухан рондем, вале ҳоло бояд феъ
лҳоеро баён кунем, ки ба дарахти он хоссанд. Ин дарахт аз ҷинси дарахти санавбар аст ва дорои самарест чун самари сарв, (440) лекин аз он хурдтар бувад. Ин дарахт хордор ва ду гуна аст: яке дароз ва дигар кӯтоҳ. Дисқуридус гуфтааст: «Ин дарахти бузургест мисли сарв. Аз ҷумлаи он як навъест, ки аз он қатрон бигиранд ва он дорои самаре чун самари сарв бошад, вале аз он хеле хурдтар бувад. Гоҳе аз ҷумлаи дарахти шарбин як навъе ёфт шавад, ки низ хурд буда, хордор аст ва самаре дорад, ки шабеҳ ба самари аръар буда, мисли мурддона гирд аст.
Аммо қадрино (қадриё)1, яъне қатрон бошад, беҳтарини он ҳамонест, ки ситабр, равшан, қавӣ ва бадбӯй буда, агар қатрае аз он бичакад, бар ҳоли хеш боқӣ бимонад ва паҳн нагардад. Ин дарахтро ба форси «аварс»2 хонанд».
Феълҳо ва хосиятҳо: Андар қишри ин дарахт гирандагист. Дисқуридус гуфтааст: «Қатрон қувваи гирандагии мухолифи гандидан дошта, ҷасадҳои зиндаро қабз кунад ва колбадҳои мурдагонро нигоҳ дорад, бинобар он бархе аз мардумон онро «ҷони мурдагон» номидаанд».
Андомҳои сар: Ҳар кӣ самари ин дарахтро бисёр истеъмол кунад, аз тариқи гармиоварӣ ва ба иллати мушоракати меъда андар газандоварии он сардард падид орад.
Агар бо сиркое, ки андар он барги онро ҷӯшонида бошанд, мазмаза кунанд, дарди дандонҳоро фурӯ нишонад.
Андомҳои сина: Самари он аз сурфа судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Самари он аз барои меъда бад аст ва онро бисӯзонад, лекин ҷигарро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Самари он аз қатра-қатра омадани пешоб судманд аст. Агар онро бо мурч биошоманд, пешобро битозонад. Агар бо пӯсти он бахур кунанд, ҷанин ва машимаро берун орад, вале агар онро биошоманд, шикамро бибандад ва бисёр бошад, ки пешобро ҳам боз дорад.
Заҳрҳо: Самари онро бо шароб аз барои ошомидани [заҳри] харгӯши дарёӣ бидиҳанд. Агар онро бо пиҳи гавазн омехта, бар тан бимоланд, ҷунбандагони зиёнкор наздик наоянд.
711. ШАЪИР ВА СУЛТ – ҶАВ ВА ҶАВИ БАРАҲНА
Hordeum vulgare L. et Triticum spelta L.
Моҳият: Ҷав маъруф аст. Султ1 гунае аз ҷав буда, беқишр аст ва таъсираш ба таъсири он наздикӣ дорад.
Табъ: Андар дараҷаи якум сарди хушк аст.
Хосиятҳо: Андар он зудоиш аст ва ғизояш аз ғизои гандум камтар бувад. Оби ҷав қавитар аз писти он аст ва ҳар ду тезии хилтҳоро бишкананд. Оби ҷави бараҳана тар ва ҳама гуна оби ҷав бодангез аст.
Оростагӣ: Онро аз барои кунҷида ба тариқи тилои гарм ба кор баранд.
Омосҳо ва табишҳо: Аз ҷӯшонидаи он андар об, ки чун ошом шуда бошад, бо зифт ва ротинаҷ бар омосҳои сахт ва аз он танҳо ва ё бо кашк бар омосҳои гарм зимод кунанд.
Решҳо: Агар ҷавро бо сиркои бисёр тез ҷӯшонида, бар гари решшуда зимод кунанд, онро беҳ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бо биҳӣ ва сирко бар ниқрис зимод кунанд ва ин таровидани моддаҳоро ба сӯи бандкушоҳо боз дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор