Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табъ: Ҳунайн [гуфтааст], ки шибрам андар аввали дараҷаи дуввум гарм ва андар охири дараҷаи севвум хушк аст. Аммо шири он андар гармию хушкӣ аз ин дараҷаҳо баландтар буда, балки ба дараҷаи чаҳорум бирасад.
Хосиятҳо: Шибрам дорои гирандагӣ ва тезист. Он даҳонаҳои рагҳоро бикафонад ва яке аз он чизҳоест, ки аз истеъмоли онҳо бигурезанд. Агар онро ислоҳ кунанд, ба сабабе, ки андар ҷои хеш ёд карда шудааст, бефоида бигардад. Умуман, шибрам хусусан аз барои мизоҷҳои гарм зиёнвар аст.
Андомҳои сар: Шири он ба ҳангоми кандани дандонҳо ёрӣ диҳад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шибрам меъда ва ҷигарро зиён дорад ва онро ҳангоми муолаҷаи истисқо бидиҳанд. Нахуст бояд онро андар фишурдаи коснӣ, розиёна ва ангури сагак се рӯз тар карда, сипас онро хушконида, бо миқдоре аз намаки ҳиндӣ, турбид, ҳалила ва сабр қурсҳо сохт.
Он гоҳ вай сахт судманд бигардад.
Андомҳои ронанда: Шибрам савдо, балғам ва обро ба исҳол оварад. Онро андар тибби қадим андар таркиби доруҳои шикаморанда ба кор мебурдаанд ва сипас ба иллати он ки боҳ ва маниро зиён дошта, рагҳои мақъадро бикафонад, тарки он карданд. Агар онро ислоҳ кунанд, аз он фоида бардошта нашавад, аз баҳри он ки ислоҳаш ба тариқи зерин аст: онро нокӯфта андар шири навдӯшида як шабу як рӯз тар кунанд ва ширро чанд бор иваз кунанд. Шир яке аз чизҳоест, ки онро заиф кунад ва хилтҳои бад кандани онро бекор созад. Агар касеро аз истеъмоли он чора набошад, бояд бо он анисун, розиёна ва зира биомезанд. Як ошомидании он аз як донг то чаҳор донг аст ва ин миқдор аз гиёҳи он бошад. Аммо аз шири он ҳеҷ суде нест ва ошомидани онро савоб намедонам. Агар исҳоли он ба ифрот бирасад, яке аз чораҳое, ки онро қатъ кунад, нишастан андар оби сард аст. Агар онро аз барои қулинҷ бидиҳанд, бо уша, муқл, сакбина ва андаке аз саргини гург, ки андар боби қулинҷ тавсиф шудааст, бидиҳанд.
Табҳо: Ба сабаби таб зоиданаш аз истеъмоли он бигрезанд.
Заҳрҳо: Ду дирамсанги он [касро] бикушад.
706. ШАЛҶАМ – ШАЛҒАМ
Brassica rapa L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Гунае аз он даштӣ ва гунае бӯстонист. Даштии он гиёҳи сершоха буда, баландияш ба як зироъ бирасад ва андар вайронаҳо бирӯяд.
Охири он ҳамвор аст ва баргҳояш [низ] ҳамвор буда, паҳнии онҳо ба қадри як ангушти шаҳодат ва ё бештар аз он бувад. Он дорои самарест, ки мисли боқилӣ андар ғилофакҳост. Чун он ғилофакҳо кушода гарданд, ғилофакҳои дигаре андаруни онҳо зоҳир бигарданд, ки андар онҳо тухмҳои хурди сиёҳ ҷой доранд. Агар ин [тухмҳо] шикаста шаванд, дарунашон сафед бошад, гоҳе ин [тухмҳо] андар таркиби рӯшӯяҳо ва доруҳое даромада, аз «жолача» суд бахшанд, ки аз қабили доруҳои аз орди боқилии мисрӣ, орди гандум, боқилӣ, говдона ва ғайра сохта шудаанд ва [рӯйро] пок кунанд.

Шалғамро як намуди дигаре ҳаст, ки аз навъи пеш ёдшуда камтар ғизобахш аст. Агар пеш аз [ошомидани заҳрҳо] тухми онро биошоманд, таъсири доруҳои марговарро бекор кунад».
Табъ: Ҳар ду навъ андар дараҷаи дуввум гарм ва андар якум таранд.
Хосиятҳо: Ҷолинус гуфтааст, ки хӯрдани нек пухтаи он ғизои ситабри бисёр бахшад ва доим хӯрдани он судда ва бодҳо падид орад. Бо обу намак пухтаи он камғизост. Аз ҳама беҳтарин шалғам онест, ки бо гӯшти фарбеҳ пухта бошанд.
Оростагӣ: Агар як бех шалғамро гирифта, андарунашро мағок кунанд ва бар фарози хокистари гарм ниҳода, андар тиҳигоҳи он мумро бо равғани гул бигудозанд, аз барои «бемории рӯбоҳ»-и куҳан судманд бошад.
Решҳо: Ҳамчунин айни ҳамин кор кафидагиҳои решшудаи аз сардӣ падидомадаро нофеъ аст. Шалғами пухта ба тариқи зимод низ ҳамчунин [кор] кунад.
Андомҳои сина: Шалғами бо гӯшти фарбеҳ пухта гулӯ ва синаро нарм кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҳамчунин шалғами бо гӯшт пухта ғизои бисёр бахшад ва гурдаро гарм кунад. Шалғам (439) андар меъда дер бимонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Рехтани ҷӯшонидаи он бар ниқрис серманфаат аст ва шалғами бо гӯшт пухта миёнро гарм кунад.
Андомҳои чашм: Гуфтаанд, ки хӯрдани шалғам чи пухта ва чи хом биноиро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Ҷирми шалғам манӣ бизояд ва обаш пешобро битозонад. Ин ду қувва андар он зоҳир аст.
Шалғами бо гӯшт пухта пешобро битозонад ва боҳро биангезад. Ҳамчунин тухмаш шаҳвати ҷимоъро биҷунбонад ва хӯрдани барги он пешобро битозонад. Шалғами бо обу намак пухта камтар боҳангез аст.
707. ШОЗАНАҶ – ШОДАНА
Haematites (Fe2O3)
Моҳият: Ин гоҳе андар кон ёфт шавад ва гоҳе санги шоданаро аз конҳои Миср бикананд. Гоҳе онро бад-ин гуна мағшуш бисозанд, ки як бахш сангро1 аз тариқи шикастан ва як порча санги гирдро гирифта, ҳар дуро андаруни хум ниҳода, андар хокистари гарм бигӯронанд ва соате бигузоранд. Сипас онҳоро бигиранд ва бар санги фасон бисованд ва бингаранд, ки агар ба ранги шодана монанд шуда бошад, кифоят кунанд, вагарна бори дигар онро андар оташ биниҳанд.
Ихтиёр: Беҳтарини он шоданаест, ки зуд резонак, ба сахтӣ яксон буда, чиркиние бо он омехта набошад ва дорои рахҳо ва рангҳои гуногун набошад. Миёни мағшуш ва ғайри мағшуш бо он фарқ кунанд, ки андар он ҳубобчаҳо дида нашаванд ва агар он шодана набошад, ҳангоми шикастан рахҳои рост [зоҳир кунад], вале шодана бошад, бар хилофи ин бувад. Инчунин аз тариқи ранг бад-он пай баранд, зеро агар сангеро, ки шодана нест, бисованд, ранги сурхияш камтар зоҳир кунад.
Табъ: Ношустаи он андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи севвум хушк аст. Шустаи он то ба дараҷаи дуввум сард ва то ба дараҷаи севвум хушк аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ