Қонуни тиб

ки замин буда, сахт талх аст ва гоҳе онро «сергиреҳ»
хонанд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гирандагии он, хусусан андар пӯст ва бехи он, бештар аз гирандагии бодовард аст ва ҳамчунин пӯст ва бехи он андар ҳама бобат қавитар аз худи он буванд.
Андомҳои сар: Агар бо ҷӯшонидаи он мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо суд бахшад. Чарха ва бехи он аз омоси забонча судманданд.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъда ва ҷигарро суд дорад.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи бехи он аз хунравии занон нофеъ аст ва он чи аз тариқи ба зер баргирифтан ва чи аз тариқи андар он нишастан аз барои омосҳои мақъад суд дорад.
Табҳо: Аз табҳои куҳан ва хусусан агар андар бачагон бошанд, судманд аст.
701. ШИРХУШК – ШИРХУШК, ШИРХИШТ
Manna Salicis (Salix rosmarinifolia L.) [Моҳият]: Ин шабнамест, ки андар Ҳирот бар дарахти бед ва касиро биафтад.
Хосиятҳо: Ширхушк зудоянда аст.
Табъ: Ба иътидол бигарояд.
Андомҳои ронанда: Ширхушк аз ҷиҳати шикам овардан ва феълҳои хеш наздик ба тарангубин ва ҳатто қавитар аз он бувад.
702. ШУНИЗ – СИЁҲДОНА
Nigella sativa L.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Тез, бурандаи балғам ва зудоянда буда, бодҳо ва дамишро ҳал ва [танро] ба ғоят пок кунад.
Оростагӣ: Озахҳои сарнагун, холҳо, баҳак ва хусусан барасро бирезонад.
Омосҳо ва табишҳо: Сиёҳдонаро бо сирко бар табишҳои ширӣ ниҳанд. Он омосҳои балғамӣ ва сахтро ҳал кунад.
Решҳо: Онро бо сирко бар решҳои балғамӣ ва гари решшуда биниҳанд.
Андомҳои сар: Сиёҳдонаро, хусусан агар бирён карда, андар пораи катон бигиранд, аз зуком суд бахшад. Онро бар пешонии касе, ки сардарди сард дошта бошад, тило кунанд. Агар онро шаб андар сирко тар кунанд ва пагоҳӣ совида, андар бинӣ кунанд ва ё ба бемор бидиҳанд, то ба бинӣ бикашад, аз дардҳои деррави сар ва аз лақва суд бахшад. Сиёҳдона яке аз доруҳоест, км суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушоянд. Бо сирко ва хусусан бо чӯби санавбар ҷӯшонидаи онро агар мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо судманд бошад.
Андомҳои чашм: Агар совидаи онро бо равғани бехи савсани осмонгунӣ андар бинӣ кунанд, пеши оғозёбии [фуруд омадани] обро бигирад.
Андомҳои нафаскашӣ: Агар онро бо натрун биошоманд, аз росто нафас гирифтан суд кунад.
Андомҳои ронанда: Сиёҳдонаро ҳатто агар бар ноф тило кунанд, кирмҳо ва кирми кадудонаро бикушад ва агар як чанд рӯз истеъмол кунанд, хуни ҳайзро битозонад. Онро бо ангубин ва оби гарм аз барои санги обгаҳ
ва гурда бидиҳанд.
Табҳо: Табҳои балғамӣ ва хусусан савдовиро ҳал карда, онҳоро нест кунад.
Заҳрҳо: Аз дуди он ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд. Гурӯҳе ба таъкид гуфтаанд, ки бисёр истеъмол кардани он марговар аст. Агар аз он ба қадри як драхмӣ биошоманд, аз газидани ғунда судманд бошад.
703. ШИБИС – ШИБИТ
Anethum graveolens L.
Табъ: Гармифизоии он миёни дараҷаи дуввум ва севвум ва хушкиоварияш миёни дараҷаи якум ва дуввум бувад. Агар онро бисӯзонанд, ҳар дуи ин андар дараҷаи дуввум бигарданд.
Хосиятҳо: Хилтҳои сардро бипазонад, дардҳоро фурӯ нишонад ва бодҳоро пароканда кунад. Равғани он низ чунин бошад. Андар он ба дараҷаи расо нармкунандагист. Мизоҷи он [ба мизоҷи доруи] пазонандаи кушоянда наздик аст, лекин гармтар бошад, Тари он бештар пазонанда ва хушки он бештар ҳалкунанда буванд.
Омосҳо: Шибит пазонандаи омосҳост.
Решҳо: Хокистари он аз решҳои ковок судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани он аз дардҳои асабҳо ва монанди онҳо суд дорад.
Андомҳои сар: Шибит ва хусусан равғани он хобовар аст ва фишурдаи он аз дарди савдовии гӯш нофеъ буда, рутубати савдовии гӯшро бихушконад.
Андомҳои чашм: Ҳамеша хӯрдани он биноиро камқувват кунад.
Андомҳои сина: Шибит ва тухми онро хусусан агар андар ошомҳои фаровонкунандаи шир биафкананд, ширро битозонанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Шибит аз ҳукаки пурии шикам, ки аз гардидани таом [бар сари меъда] падид ояд, судманд аст. Ҷолинус гуфтааст, ки шибит меъдаро зиён дорад ва андар тухми он [қувваи] поккунандагист.
Андомҳои ронанда: Агар бо он ҳуқнарезӣ кунанд ва ё андар оби он бинишинанд, аз печиши ноф суд бахшад ва маниро қатъ кунад. (438) Тухми он бавосири берунояндаро бибурад ва хокистари он аз барои мақъад ва закар хуб бувад.
704. ШАМЪ – МУМ
Cera
Моҳият: Оид ба ин андар фасли «мум» гуфта шуд1.
Андомҳои ронанда: Боҳро биафзояд [ва пешобро битозонад]2.
705. ШУБРУМ – ШИБРАМ
Euphorbia pithyusa z.
Моҳият: Ин андар бӯстонҳо бирӯяд ва дорои наи борики ҳамвор ва мӯякдор аст. Барги он ба тахмини ман мисли барги тархун ва нарм аст.
Ихтиёр: Беҳтарини он шибрамест, ки сабук буда, ба сурхӣ бигарояд ва чун пӯсти печида буда, қишраш (лиҳо) тунук бошад. Шибраме, ки ду най ва пӯсти тунук дорад ва ситабр буда, андаке сурх, сахт ва ришта-ришта аст, бад бувад. Шибрами форсӣ бад аст ва набояд ягон чизе аз он ба кор бурда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор