Қонуни тиб

- ШАВКАРОН – ШАВКАРОН, ТУТАКАЛӢ
Conium maculatum L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Мардуми Ҷурҷон онро «ал-бут» хонанд. Ин растаниест, ки дорои соқи гиреҳдор ва мисли соқи розиёна буда, бузург аст, дорои баргҳоест, ки шабеҳ ба барги «нарсиқус»1, вале тунуктар аз он буванд ва гаронбӯй аст. Бахши барсӯвини он ба шохаҳо тақсим шуда, дорои афсар аст ва андар он гулҳои сафед ва тухмҳое ҷой доранд, ки шабеҳ ба анисун, вале сафедтар аз он буванд. Шавкарон дорои бехҳои дарунтиҳии бе фурӯрафтагист. Ин тезтарин дору ва марговар аст ва аз тариқи сардӣ овардан бикушад. Гоҳе растании онро бо тамомияташ ва ё баргҳои онро пеш аз хушк шудани тухмҳояш гирифта, бикӯбанд, бифишоранд ва фишурдаи онро андар офтоб бихушконанд ва андар ҳолатҳои бисёр аз он истифода баранд». Руфус гӯяд: «Барги он чун барги ябруҳ буда, хурдтар ва бештар зард аст. Бехи он борик буда, бе самар аст ва тухмаш ранги нонхоҳро дошта, бузургтар аст, бе мазаю бӯй ва дорои луоб бувад».
Масеҳ гуфтааст, ки он гунае аз беш аст ва ӯ бо ин гуфта кори хуб накардааст. Ман гӯям: Ин [растанӣ] ба забони юнонӣ ба шакли «қуниюн» омадааст ва сипас онро «шавкарон» тарҷима кардаанд, Гоҳе онро «беш» тарҷима кардаанд ва аразҳои бешро ба қуниюн нисбат додаанд. Бинобар ин, мардум андар [шинохтани] он ба ихтилоф рӯ ба рӯ шуданд.
Табъ: Андар дараҷаи севвум то чаҳорум сарди хушк аст.
Ихтиёр: Беҳтарин шавкарон онест, ки ба Қрит, Атиқӣ2 ва Қилиқиё3 ёфт шавад.
Хосиятҳо: Рехтани хунро манъ кунад. Вай сахткунандаи хун ва карахткунанда аст.
Оростагӣ: Агар онро андар ҷои мӯйҳои чида тило кунанд, бо сардиоварии хеш мӯйро дубора рӯидан нагузорад. Онро чун ба пистони дӯшизагон бимоланд, бузург нагардад.
Омосҳо ва табишҳо: Фишурдаи он оташак4 ва намларо фурӯ нишонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бар ниқриси гарм тило кунанд.
Андомҳои сар: Фишурдаи он, чунонки гуфтаанд, аз барои рутубатҳое хуб аст, ки андар гӯш падид оянд.
Андомҳои чашм: Фишурдаи онро ба ҳангоми дардҳои чашм ба кор бибаранд.
Андомҳои сина: Онро чун бар пистон зимод кунанд, пистон бузург нагардад ва ширро фаровон омадан нагузорад.
Андомҳои ронанда: Шавкарон хунро манъ кунад ва аз дарди раҳм судманд бошад. Онро чун бар хоя зимод кунанд, хоя бузург нагардад ва бар андомҳои манӣ бимоланд, иҳтиломро боз дорад.
Заҳрҳо: Шавкарон заҳри марговар буда, илоҷи он шароби холис ошомидан бувад. - ШАҚОҚУЛ – ГАЗАРИ ДАШТӢ
Pastinaca schekakul Russ.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм буда, андаке ба тарӣ бигарояд.
Хосиятҳо: Андар он нармкунандагист ва қувваи парвардаи он чун қувваи газари парварда бувад.
Андомҳои ронанда: Газари даштӣ шаҳвати боҳро биангезад.
Ҷойнишинҳо: Ҷойнишини он бузайдон аст.
697. ШАҶАРАТ МАРЯМ1 – ГУЛИ НАГУНСОР
Cyclamen europaeum z. seu Anastatica Hierochuntica L.
Моҳият: Ин бахури Марям аст ва андар баёни он андар фасли «мим» ҳангоми зикри «муқломинус» суханронӣ шуд2. Вай се гуна аст: як гунаи он бе самар ва ду дигар бо самаранд.
Андомҳои сар: Зукоми сардро судманд аст.
Андомҳои чашм: Аз фуруд омадани об андар чашм суд дорад.
ШАҲМОНАҶ1 – ШАҲМОНАҶ
Inula conyzoides DC
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Ниҳоят ҳалкунандаи латифкунанда аст ва агар онро андар зери болини бачагон бигузоранд, аз [рафтани] оби даҳони эшон суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Тило кардан, андар бинӣ кашидан ва бо шароб ошомидани он аз фалаҷ судманд аст.
Андомҳои сар: Агар оби онро андар бинӣ кунанд, мағзро пок кунад. Ошомидани он бо шароб инчунин аз лақва ва саръ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз рутубатҳои меъда нофеъ аст ва чунонки гуфтаанд, агар онро ба зери сари бачагон бигузоранд, аз [рафтани] оби даҳони эшон суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Аз бодҳои раҳм судманд аст.
699. ШАББ1 – ЗАМЧ
Alumen (Aluminii et Kalii sulfas) Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки гунаҳои замч зиёданд ва андар зимни дармони пизишкӣ се гунаи он бидарояд:
замчи порашуда, тар ва гирдашакл. Замчи порашуда замчи яманист ва он сафеди моил ба зардӣ буда, гиранда ва дорои мазаи турушист ва гӯӣ шукуфаи замч бувад. Гоҳе як намуди сангии замч ёфт шавад, ки ба ҳангоми чашидан гиранда нест ва ин аз ҷумлаи замчҳо нест.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Замч дорои хусусияти манъкунӣ ва хушкифизоӣ буда, рафтани ҳар гуна хун, ҳама гуна таровиш ва рехтани фазлаҳоро судманд бошад2.
(437) Оростагӣ: Онро бо оби зифт барои сабӯса, шупуш, ганди даҳон ва бӯи зери бағал [тило кунанд].
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Замч бо якчанди хеш аз дурди хамр аз барои решҳои ба душворӣ фароҳамоянда ва хӯранда судманд аст ва бо як чанди худ аз намак аз барои хӯра ва оташсӯхта [суд дорад].
Андомҳои сар: Ҷӯшонидаи онро чун мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо судманд бошад.
700. ШУКОЪО – ЧАРХА, ЛАТТАХОР
Onopordon acanthium z. seu O. arabicum L.
Моҳият: Ин растаниест, ки дорои бехи шабеҳ ба муш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор