Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хосиятҳо: Латиф, зудоянда ва ҳалкунанда аст.
Оростагӣ: Онро бо гӯгирд бар баҳак тило кунанд, суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Шайлам бо тухми катон омосҳо ва ханозирро ҳал кунад ва бо саргини кабӯтар ва тухми катон онҳоро бикафонад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Шайлами андар миёни гандум рӯидаро бар решҳо тило кунанд ва судаи онро бар онҳо бипошанд, суд бахшад. (435) Шайламро бар парюнҳо тило кунанд ва гоҳе онро бо пӯсти турб бар решҳо зимод ниҳанд, нафъ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бо молиқиротун ҷӯшонида, бар қавин зимод кунанд.
Андомҳои сар: Шайлам маст кунад ва садар падид орад.
Андомҳои ронанда: Агар онро хусусан бо писти ҷав бахур кунанд, бар обистан ёрӣ расонад.
692. ШИҲ1 – ДЕРМАНА
Artemisia cina Berg. seu A. judaica L.
Моҳият: Дермана ду ҷинс аст: румӣ ва туркӣ. Яке хордори баргаш чун барги сарв ва чӯбаш дарунтиҳист ва инро барои дуд андохтан ба кор бибаранд. Дигарро баргаш ба барги газ монанд аст. Гоҳе намуди севвуме аз он ёфт шавад, ки онро «сирифуни арманӣ»2 хонанд ва он зард бувад. Ҳакими фарзона Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум [дерманаро] «сирифун»3 номанд, ки ин дермана бувад ва бархе дигар онро «афсинтини дарёӣ» хонанд. Он аксар вақт андар кӯҳи Турис ва ба Миср андар маҳалле, ки он ҷойро «Табусир»4 номанд, бирӯяд. Дермана гиёҳест, ки самараш часпакӣ5 дошта, ба бурсғундаи зард6 монанд аст ва пур аз тухмҳост. Гӯсфандон хусусан ба сарзамини Қабодуқиё агар онро чаро кунанд, фарбеҳ бигарданд». Ӯ низ гуфтааст: «Афсинтинро як навъи севвум аст, ки он андар ҷойҳое аз сарзамини Ғалотия бирӯяд ва мардуми он кишвар аз исми маҳалле, ки [ин навъ афсинтин] андар он бирӯяд ва он маҳал Сандуния бошад, барояш ном иштиқоқ карда, онро «сандуниқун»7 номидаанд. Он шабеҳи афсинтин буда, сертухм нест, вале ба талхӣ бигарояд ва қувваташ чун қуввати сирифун бувад».
Ихтиёр: Беҳтарини он арманист.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар севвум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи гунаҳои он буранда ва ҳалкунандаи бодҳост ва қабз кардани он камтар аз қабз кардани афсинтин ва гармибахшияш беш аз он бувад.
Талхии он бештар буда, низ дорои шӯрист.
Оростагӣ: Хокистари он бо равғани зайтун ва ё равғани бодом тилои судманде аз барои «бемории рӯбоҳ» бувад ва равғани он риши дербарояндаро бирӯёнад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳо ва думмалҳоро фурӯ нишонад.
Ҷароҳатҳо: Дермана хӯра ва савдоро боз дорад.
Андомҳои сар: Сардард оварад.
Андомҳои чашм: Бо оби он чун рамадро гармибандӣ кунанд, онро ҳал кунад. Хокистари он мағокии ба иллати реши андар чашм падидомадаро пур кунад.

Андомҳои нафаскашӣ: Аз душвории нафас кашидан судманд бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Дермана на хусусан [гунаи] севвуми он меъдаро зиён дорад.
Андомҳои ронанда: Кирмҳо ва кирми кадудонаро берун кунад ва бикушад, хуни ҳайз ва пешобро битозонад ва он андар ин кор қавитар аз навъи дигари афсинтин бувад.
Табҳо: Равғани он аз сардии табларза судманд аст.
Заҳрҳо: Дермана аз газидагии каждумҳо ва ғунда ва аз заҳрҳо суд дорад.
693. ШИНҶОР1 – ШИНГОР
Anchusa tinctoria z. seu A. italica Retz. seu Azkanna tinctoria Tausch.
Моҳият: Ин харкоҳуст ва навъҳои зиёд дорад. Барги он чун барги коҳу буда, тез, хордор ва моил ба сиёҳист ва андар тобистон сурх бигардад. Чӯби он мисли хун ба андозае [рангин] аст, ки дастро ранг кунад.
Ихтиёр: Барги он камқувваттарин бахши он бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Шингоре, ки «унуқлиё»2 ном дорад, гиранда ва дорои талхист, оне, ки «луқубсис»3 ном дорад, бештар гиранда аст, оне, ки «алқибиёдис»4 ном дорад, аз ҳар ду [навъи ёдшуда] бештар гиранда ва тезтар бошад ва шингори беном ба [навъи ахир] наздик аст. Андар ҳамаи гунаҳои шингор хосияти гирандагию хушкифизоист.
Агар онро бо равған сиришта, ба тан бимоланд, арақ оварад.
Оростагӣ: Аз барои баҳак ва ярақон тилои хубест.
Омосҳо: Онро бо пиҳ бар ханозир зимод ва ё бар пӯстбозшавӣ тило кунанд. Шингор ва хусусан он навъеро, ки «луқубсис»5 ном дорад, бо равғани саътар бар оташак6 [тило кунанд].
Решҳо: Агар онро андар мумравған ниҳода, ба кор баранд, решҳоро фароҳам оварад.
Андомҳои сар: Судмандтарин чиз аз барои дардҳои гӯш бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шингор ва хусусан навъи «унуқлиё»7 аз ярақон ва хусусан аз дардҳои испурч суд дорад.
Пӯсти он меъдаро дибоғат бидиҳад.
Андомҳои ронанда: Агар аз гунаи «беном» якуним мисқол бо қардамоно, ё бо зуфо ва ё сипандон бидиҳанд, кирмҳо ва кирми кадудонаро берун кунад. Шингоре, ки «унуқлиё» ном дорад, аз барои дарди гурда судманд аст.
Заҳрҳо: Агар шингореро, ки «алқибиёдис»8 ном дорад, ҳамчун зимод ва ё ошомиданӣ ба кор баранд, аз газидагии афъӣ ниҳоят суд бахшад ва оне, ки «беном» аст, ба ин [навъ] наздикӣ дорад.
694. ШУЛЛ1 – ШУЛ, БИҲИИ ҲИНДӢ cydonia indica Spach. seu Cydonia oblonga Mill.
Моҳият: Ин доруи ҳиндӣ буда, ба занҷабил монандӣ дорад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: (436) Шул талх, гиранда, тез, шиканандаи бодҳо ва андар қувват чун ангубин аст. Он ҳалкунандаи аҷиб ва латифкунанда бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз асаб ва даридагиҳои [мушакҳо] судманд аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ