Қонуни тиб

Лекин нишонаи [фарқкунандаи] миёни лола ва ин растании дигар он аст, ки лоларо на чакида аст ва на кӯкнорак ва ё анор, лекин он дорои як чизест, ки шабеҳ ба охирҳои ҳалюн бувад».
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм буда, [низ] тар аст.
Хосиятҳо: Зудояндаи ҳалкунанда аст. Ҷолинус гуфтааст, ки он зудоянда, шӯянда, кашанда ва кушоянда аст.
Оростагӣ: Омехтаи он бо пӯсти гавз мӯйро сиёҳ кунад. Агар баргу пояи он, чунонки ҳастанд ва ё ба шакли ҷӯшонида ба кор бурда шавад, мӯйро хуб кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Онро ҷӯшонида, бар омосҳое тило кунанд, ки сахт набошанд. Аз барои думмалҳо ва омосҳои гарм бо он истифроғ ба амал оваранд.
Решҳо ва ҷароҳатҳо: Хушки он аз решҳои чиркнок судманд буда, онҳоро фароҳам оварад ва аз пӯстрезӣ [низ] суд бахшад. Вай решҳои ба дараҷаи пӯстравӣ расида ва гари решшударо пок кунад. Лола решҳои чиркинро хуб пок кунад.
Андомҳои сар: Фишурдаи онро аз барои пок кардани сар ва мағз андар бинӣ кунанд. Бехи онро аз барои кашидани рутубатҳои сар бихоянд. Он парюнҳоро биканад.
Андомҳои чашм: Фишурдаи он бо ангубин аз барои торикии чашм, сафедии он ва пайҳои решҳои он судманд аст. Агар онро бо тило ҷӯшонида, (434) зимод кунанд, омосҳои сахти атрофи чашмро беҳ кунад.
Андомҳои сина: Агар баргу пояи онро бо гиёҳи саътар пухта, бихӯранд, ширро ба қадри дилхоҳ фаровон кунад.
Андомҳои ронанда: Лоларо агар ба зер баргиранд, хуни ҳайзро битозонад.
688. ШАҲДОНАҶ1 – ШАҲДОНА
Semen Cannabis (Cannabis sativa L.)
Моҳият: Ин тухми растании канаб аст ва мо андар баёни «канаб» сухан рондем2. Бояд фикри андар ҳар ду боб омадаро якҷоя кард. Навъе аз шаҳдона бӯстонии маъруф аст ва навъе даштӣ бувад. Ҳунайн гуфтааст, ки шаҳдонаи даштӣ растаниест, ки андар биёбонҳо рӯида, ба андозаи як зироъ бирасад. Сафедии барги он ғолибтар ва самараш мисли мурч аст. Донаи он ба канабдона монанд буда, аз он равған бикашанд. Мо андар баёни канабдона сухан рондем3.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Бодҳоро ҳал кунад ва ба таври қавӣ хушккунанда бошад. Хилти он ками бад аст.
Омосҳо ва табишҳо: Агар бехи канаби даштиро ҷӯшонида, бар омосҳои гарми ҷойҳои сахт, ки андар онҳо кимусҳои часпак ҷой дошта бошанд, зимод кунанд, гармиро фурӯ нишонда, сахтиро ҳал кунад.
Андомҳои сар: Шаҳдона бо гармии хеш сардард оварад. Фишурдаи онро аз барои дарди суддавии гӯш ва аз барои рутубати он андар гӯш бичаконанд. Равғани он низ чунин бувад. Барги он сабӯсаи сарро бибарад.
Андомҳои чашм: Шаҳдона боиси торикии чашм бигардад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шаҳдона, чунонки гуфтаанд, меъдаро зиён дорад.
Андомҳои ронанда: Маниро бихушконад. Шири шаҳ
донаи даштӣ ба нармӣ исҳол оварад. Ним ратл аз фишурдаи он бастагии шикамро боз кунад, балғам ва сафроро бикушояд ва ба равиши хасакдона амал кунад.
689. ШОҲТАРАҶ – ШОҲТАРА
Fumaria officinalis L.
Ихтиёр: Хуби он сабз, нав ва талх аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Шоҳтара хунро равшан кунад ва суддаҳоро бикушояд. Андар он ба сабаби таъми гиранда доштанаш сардӣ ва ба сабаби таъми талхӣ доштанаш гармист. Сардии он қавитар аст.
Решҳо: Шоҳтараро аз барои хориш ва гар биошоманд.
Андомҳои сар: Шоҳтара вораҳоро сахт кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъдаро нерӯманд гардонад ва суддаҳои ҷигар бикушояд.
Андомҳои ронанда: Табиатро нарм кунад ва пешобро битозонад. Як ошомидании он аз даҳ дирам то ним ратл ва ҳатто то аз се ду ҳиссаи як ратл ва бо шакар бувад. Аз хушки он ҳамроҳи доруҳо андар матбух карда, то даҳ дирам [биошоманд]. Совидаи онро, чунонки ҳаст, ба миқдори аз се то ҳафт [дирам] бидиҳанд.
Ҷойнишинҳо: Ҳангоми гар ва табҳои куҳан ними вазни он санои маккӣ1 ҷои онро бигирад.
690. ШИТАРАҶ – ШИТАРАҶ
Lepidium latifolium L.
Моҳият: Ҳиндии он пораҳои чӯби хурди борик ва қишрҳое чун қишрҳои дорчинӣ буванд ва ранги шикастаи он ба сурхию сиёҳӣ бизанад. Шитараҷ андар деворҳои куҳан ва андар ҷойҳои бе барф бирӯяд. Он дорои баргҳоест, ки чун баргҳои сипандон буванд. Андар тобистон сербарг бигардад, хурд шавад ва хурдияш ба ҷое бирасад, ки қариб дида нашавад. Бӯй надорад ва таъмаш мисли сипандон аст. Бӯяш [бӯи] қардамоноро монад ва қувваташ мисли он бувад.
Табъ: Андар охири дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Зудояндаи решкунанда аст. Таъму бӯй ва инчунин қувваташ қардамоноро монанд.
Оростагӣ: Агар онро бо сирко бар баҳак ва барас тило кунанд, судманд бошад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Онро чун бар пӯсти резанда ва гар бо сирко тило кунанд, онҳоро биканад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро чун аз барои дарди пайвандгоҳҳо биошоманд, ба ғоят суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шитараҷро бар испурч тило кунанд, онро пажмурда созад.
Андомҳои ронанда: Чунонки гуфтаанд, ҳар киро дарди обгаҳ бошад, чун онро бар гӯшаш биовезад, дардро фурӯ нишонад.
Ҷойнишинҳо: Ҷойнишини он ба андозаи як чанди он рӯян аст.
691. ШАЙЛАМ – ШАЙЛАМ
Lolium temulentum z.
Моҳият: Шайлам гиёҳест, ки андар миёни гандум бирӯяд. Ҷолинус гуфтааст: «Равост, ки онро андар аввали дараҷаи якуми гармсозӣ гузошт».
Табъ: Равост, ки онро андар дараҷаи якуми гармсозӣ ва андар ниҳояти дараҷаи дуввуми хушконидан ҳисобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор